ДЕВОНИ АҲМАДИ ДОНИШ БОЗЁФТИ ПУРАРЗИШИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ

Ба аҳли илму адаб комилан равшан аст, ки Аҳмад Махдуми Дониш аз симоҳои бузургтарини илму адаби тоҷикон ва асосгузори ҳаракати маорифпарварӣ дар Осиёи Миёна мебошад.

Ба аҳли илму адаб комилан равшан аст, ки Аҳмад Махдуми Дониш аз симоҳои бузургтарини илму адаби тоҷикон ва асосгузори ҳаракати маорифпарварӣ дар Осиёи Миёна мебошад. Ӯ ҳамчун сарвари ҳаракати маорифпарварӣ дар танвири зеҳни аҳли илму адаби Аморати Бухоро хидмати бузургро анҷом дода буд. То вақтҳои охир хонандагони тоҷик Аҳмад Махдуми Донишро ҳамчун классики адабиёти тоҷик, адиби мубориз бар зидди сохти аморат ва ислоҳотгаро аз осори бузург ва арзишманди ӯ «Наводир-ул-вақоеъ» ва «Таърихи салотини манғития», инчунин, аз баъзе шеърҳои боқимондааш, ки теъдодашон хеле кам буд, мешинохтанд. Дар бораи мақом ва ҷойгоҳи ӯ дар таърихи афкори сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии халқи тоҷик устод Садриддин Айнӣ ва баъдан академикҳо Зариф Раҷабов, Алоуддин Баҳоваддинов, Абдулғанӣ Мирзоев, профессорон Расул Ҳодизода, Холиқ Мирзозода ва баъзе муҳаққиқони дигар асарҳо таълиф карда буданд.
Бо гузашти замон осору афкори ғании ин нобиғаи беҳамтои тоҷик, ки аз сарзамини Бухоро қад алам карда буд, чун рамзи истиқлолхоҳӣ ва тараққию маърифатпарварӣ аҳамияти бештарро касб кардааст. Устод Айнӣ Аҳмади Донишро «ситорае дар тирашаби Бухоро» номида буд, ки барои шахсиятҳои маърифатпарвар ва тараққихоҳи ин сарзамин самти ҳаракати таҳаввулгароёнаро нишон дода, рӯзгори фараҳбахши ояндаро дар мубориза бар зидди сохти фарсудаи аморат ва рӯҳониёни мутаассиб ва карахтмағзи Бухоро талқин менамуд.
Ба қавли  устод Айнӣ «Аҳмади Калла, чунончи осораш далолат мекунад, дар муҳити Бухоро ба инқилоби илмӣ, адабӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ роҳбар ба шумор меравад». Аҳмади Дониш дорои тафаккури басе дақиқ ва амиқ буда, дар баёни бисёр масъалаҳо аз таҳлилҳои бевоситаи худ ба хулосаҳои илмӣ ва иҷтимоӣ омада буд. Ва чунонки устод Айнӣ таъкид кардааст: «... дар он овон дар Бухоро аз фикрҳои нав ва адабиёти ҷадида асаре набуд. Пас маълум мешавад, ки ин доҳии модарзод ҳамаи афкорашро аз ғайри талқини касе ва китобе, маҳз аз тадаббуру тафаккури худ маишат ва дунёро ҳосил кардааст». (Садриддин Айнӣ. Намунаи адабиёти тоҷик. Душанбе, 2010. Саҳ. 175.)
Девони Аҳмад Махдуми Донишро, ки коршиноси мероси хаттии Китобхона ва Бойгонии миллии Ӯзбекистон, донишманди нусхашинос ва муҳаққиқи дақиқназар Файзхоҷа Маҳмудов, ки аз байни дастхатҳои ганҷинаи Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии ба номи Абӯрайҳони Берунии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, таҳти рақами 36792, маҳфузбуда кашф кардааст, дар воқеъ як падидаи хеле муҳим ва нодир ба ҳисоб меравад. Зеро то ба ҳол асарҳои мансур ва баъзе шеърҳои Аҳмад Махдум дастрас ва ба нашр расида бошанд ҳам, маҷмӯаи ашъораш ба аксари муҳаққиқон, нусхашиносон ва таҳиягарони осори ӯ маълум набуд.
Устод Айнӣ дар «Намунаи адабиёти тоҷик» аз осори назмии Аҳмад Махдум иттилоъ дода, вале «дар миён набудан»-и онро зикр кардааст. Ӯ дар ин бора навиштааст: «Аҳмад Махдум, агарчи ба ҳар муносибат ба тариқи рубоӣ, ғазал, қитъа ва қасида хеле шеър иншо  карда бошад ҳам, бинобар аҳамият надоданаш, нусхаҳояшро ҷамъ накардааст. Ба ҳамин сабаб маҷмӯаи осори манзумаш дар миён нест. Ва чӣ миқдор буданаш ҳам маълум нест, ба ҳар ҳол кам будани осори манзумаш аз мансурааш муҳаққақ аст». (Намуна, с.176).
Ҳамчунин худи Аҳмади Дониш дар «Наводир-ул-вақоеъ» иттилоъ додааст, ки девони ашъори худро тадвин накардааст. Хушнудона, ашхосе будаанд, ки муътақиди афкору андеша ва пайрави ӯ ва аз пайи тадвини маҷмӯаи ашъораш шудаанд. Маҷмӯаи ашъори Аҳмади Дониш, ки бо кӯшиши Файзхоҷа Маҳмудов ба расмулхати имрӯзаи тоҷикӣ, яъне ба кирилӣ, баргардон шудааст, кори наҷиб ва хидмати қобили таваҷҷуҳ дар матншиносии адабиёти тоҷикӣ мебошад.
Ин маҷмӯа, ки «Девони Аҳмади Дониш» унвон дошта, дар 60 варақи дастнавис, яъне 120 саҳифа дарҷ ёфта, мувофиқи ахбори  Файзхоҷа Маҳмудов аз варақи 85а то 145б-и маҷмӯаи нусхаи хаттиеро, ки се асари гуногун дар он ҷойгир шудаанд, дар бар гирифтааст.
Ашъори дар ин «Девон» дарҷшуда, ба қалами Муҳаммад Абдулҳафиз ном шахсе аз гузари Меҳтари Анбари шаҳри Бухоро будааст, ки онро моҳи шавволи соли 1297 ҳ.қ. (1880-и милодӣ) китобат кардааст.
Бояд зикр кард, ки унвони маҷмӯаи ашъори Дониш, ҳарчанд девон ном дорад, принсипҳои девон аз рӯйи алифбо риоя нашудааст ва ҳатто навъҳои шеърӣ низ тасниф нашудаанд: гоҳо ғазал, гоҳо мухаммас ва ғайра пасу пеш омадаанд ва қоидаи классикии тартиби девон риоя нашудааст.
Вақте ашъори Аҳмади Донишро аз ин «Девон» мутолиа мекунем, чанд ҷиҳати ақида ва афкори ӯ равшан мешавад. Аввалан, ӯ дар истифодаи жанрҳои адабӣ побанди қолабҳои мустаъмал қариб, ки нест. Масалан, ҳаҷми ғазалвораҳои ӯ гоҳо хеле дароз ва баробар бо қасида мебошанд. Дуюм, бар хилофи шоирони гузашта, ба шеърҳои худ татаббуъ кардааст, ки як навъ навоварӣ дар услуби ғазалнигорӣ мебошад. Сеюм, ба баъзе бандҳои мухаммасҳо, ҳатто мисраъҳое илова мекунад, он банд ба мусаддас табдил меёбад ва хилофи қоидаи мухаммасбандӣ аст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Аҳмади Дониш дар ҳар ҷое, ки фикреро ифода кардан мехоҳад, қоидаи маъмулро мешиканад.
Аз ашъори девони ҳозир маълум мегардад, ки Аҳмади Дониш бештар ба ғазал ва мухаммас таваҷҷуҳ доштааст. Ба Ҳофиз бештар мухаммас  бастааст, вале ба  Бедил, Абдураҳмони Ҷомӣ, Имло, Нисорӣ низ мухаммас кардааст ва таваҷҷуҳаш аз ин кор ба интиқоди замон зиёдтар ба назар мерасад. Дар баъзе шеърҳои ӯ хулосаи ҷасуронааш, ки дар «Рисола ё таърихчаи амирони манғития» аз наздик омадани хунрезиҳо ва табаддулот хабар додааст, ба назар мерасад. Масалан, дар мақтаи як ғазалаш мегӯяд:
Осудагӣ ба хотири Дониш 
намондааст,
Валлоҳу аълам аст қариб 
инқилобҳо.
Файзхоҷа Маҳмудов муқаддимаи пурмуҳтавое ба девони мазкур навишта, хусусиятҳои онро аз нигоҳи нусхашиносӣ ва матншиносӣ тавсиф кардааст, ки мақолаи таҳқиқии хуб маҳсуб мешавад. Мо таваҷҷуҳи хонандаи муҳтарамро ба ашъори Аҳмад Махдуми Дониш маътуф дошта, таъкид мекунем, ки ин «Девон»-и тозакашф барои ошноии бештар ва беҳтар бо афкору осори ин бузургмарди таърихи адабиёт ва афкори сиёсию иҷтимоии халқи тоҷик боз як манбаи хуб хоҳад гашт ва иқтидори шоирии Аҳмади Донишро равшантар менамояд.
Мушаххасоти нусхаи дастнависи ашъори ба тозагӣ кашфшудаи  Аҳмад Махдуми Донишро, ки дар ганҷурхонаи Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии ба номи Абӯрайҳон Берунӣ бо шумораи 3679/2 маҳфуз аст, таҳиягари матн Ф. Маҳмудов чунин тавзеҳ додааст, ки дар ин дастнавис се асари манзум ғунҷонида  шудааст; девони нахустин ба Зуҳурӣ тааллуқ дошта баргҳои 1б - 79а-ро дар бар дорад; андозаи муқова: 15Х26см., андозаи матн: 9Х17см., хат- настаълиқи зебои Бухоро. Дар ҷузъи саввуми ин дастнавис, ки... бо намунаҳое аз ашъори  Аттор (152 б,) Ҷалолуддини Балхӣ (154а), Мавлавӣ Ҷомӣ (161а – 162а), Исмати Бухороӣ (156а) ва як ғазали бо жанри ширу шакар навиштаи Аҳмад Махдум низ нигошта  шудааст:   
Оғози мо ҳам аз туву  анҷоми 
мо зи ту,
Минка-л-бидояту ва илайка- 
н- ниҳоято!
Сад бор тавба карда шикастӣ, 
чӣ гӯямат...
Мин “Тавбати-н-Насӯҳ” 
лака-л-истиҳолато.
Дониш кунузи  фазл  чӣ сон рӯ 
диҳад туро?
Анта-л-баъид... мо лака 
минҳо–л-аломато, (164 б).
Файзхоҷа Маҳмудов бар ин ақида аст, ки “Аҳмад Махдум бегумон ашъори зиёде навиштааст; шояд девону манзумаҳои дигаре низ дорад,  ки онҳо  дар байни баёзу мунтахабу маҷмӯаҳо,  сафинаву  ҷунгу амсоли  ин гуна дастнависҳо дар  ганҷурҳои Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои ҳамсоя маҳфузанд. Дастнорасӣ ба ин қабил нусхаҳо, садду мавонеи мутааддиди дигар роҳи  таҳқиқро бастаанд ва ин  гуна манобеи пояи илму адаби тоҷикро  аз назари  муҳаққиқин ба дур афканда”.Ӯ ҳамчунин таъкид мекунад, ки яке аз роҳҳои кашф кардани ашъору осори дигари Аҳмади Дониш ҷустуҷӯйи мӯшикофона, дақиқ ва  пайваста  дар баёзу сафина ва мунтахаботи қаламии қарнҳои 19 ва 20 аст. Теъдоди   баёзу даснависҳое, ки дар  онҳо  намунаи осори беш аз сад (ва аз он ҳам бештар) муаллиф нақл мегардад,  дар ганҷинахонаҳои Ӯзбекистон ҳадду канор надорад.
Бинобар ин имрӯз, ки муносибатҳои дерини ҳамсоягӣ ва дӯстона боз ҳам бештар равнақ пайдо кардааст ва бовар дорем, ки дар оянда боз ҳам эътимод ба ҳамдигар бештар гардида, ҳамкориҳо дар соҳаҳои илму фарҳанг густариш хоҳанд ёфт, осори пурарзиши мардуми ҳамдигарро аз ганҷинаҳои дастхатҳои институтҳо ва марказҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон пайдо намуда, онҳоро таҳқиқ ва дастраси аҳли илм ва ҷомеа кардан кори хайр ва вазифаи таъхирнопазири олимони ҳар ду кишвар мебошад.
Девони Аҳмади Дониш, ки акнун аз тарафи нашриёти “Дониш” ба теъдоди 200 нусха ба табъ расидааст, оғози шиносоӣ бо ашъори тозакашфшудаи бузургмарди халқи мо мебошад ва дар оянда умедворем, ки ба теъдоди бештар нашр гардида, дастраси аҳли ҷомеаи кишвар хоҳад шуд.
Бояд гуфт, ки мавзӯи ислоҳи ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии Мовароуннаҳр ҳамеша мавриди таҳқиқ ва орзуи Аҳмади Дониш будааст. Бинобар ин, дар ашъораш низ ин самти фаъолияти абармарди таърихи миллати тоҷик инъикос ёфтааст. Чунончи, дар Девони мазкур шеъре ба унвони “Ғазалвораи ислоҳот”, ки иборат аз 45 байт аст, ҷой дорад. Дар ин ғазалвора Дониш бо шикоят ва таассуф аз ислоҳот дур мондани халқи худро зикр мекунад ва он даъвати мутафаккир аст барои донистани ҳаққу ҳуқуқи миллати худ. Шоир ошкоро мегӯяд, ки ҳамин бетафовутӣ ва беғайратиҳо миллатро пора ва минтақаҳоро ҷудо кардааст:
Ҳеҷ касро қуввати ҳамсанги мо 
рафтан намонд,
Мушкил афтодаст шарҳи ояти 
тайсири мо.
Аз ҷаҳонободи маънӣ нусхае 
овардаем,
Бартараф шуд Қандаҳору Кобулу 
Кашмири мо.
Дар матлаи ин ғазаллора ва идомаи он манзури худро равшан менигорад:
Сурати ислоҳ дур афтода аз 
таҳрири мо,
Хомаи Монӣ надорад тоқати 
тасвири мо.
Мо гуноҳи худ ниҳон то кай 
кунем аз чашми халқ,
Муҳтасиб то кай кашад ташвир аз 
 тазвири мо?...
Мо ситампарвардагон бо маҳди 
роҳат кай расем,
Ояд аз пистони гардун хун ба ҷойи 
шири мо?
Ҷаҳд дар инкори мо созед, 
эй вомондагон,
Дилнишин афтода аз таърифи мо 
танкири мо....
Ғазалҳо ва мухаммасоти Дониш ҳам хеле дилнишин ва пурмазмунанд. Дар онҳо ба ғайр аз саноеи маъмули лафзию маънавӣ, кинояву истиора вобаста ба мавзӯи матраҳшуда бештар корбаст шудаанд. Аз мухаммасот маълум мешавад, ки Дониш дилбохтагии бештар ба Ҳофизи Шерозӣ дорад, бинобар ин дар сарлавҳаи мухаммасҳояш танҳо ба ӯ калимаи “ҳазрат”-ро кор мефармояд. Дар ашъори Дониш, ки дар Девон омадаанд, дар баробари ашъори лирикӣ мавзӯи иҷтимоӣ бештар ба назар мерасад, ки гувоҳӣ аз тафаккури тааммули доимии ӯ дар бораи беҳбуди ҳаёти халқ ва шарики ғаму дарди мардуми кишвар буданаш мебошад.
Боиси  қаноатмандӣ ва хушнудист, ки кашфи Девони Аҳмади Дониш ва барои нашр дар Тоҷикистон пешниҳод шудани он самараи муносибатҳои неку ҳамсоягии ду мардуми ҳамҷавор ва бародари ҷумҳуриҳои  Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошад, ки  ба туфайли кӯшишҳои ҷавонмардона ва хирадмандонаи (Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат), Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев таҷдид гардида, ҳар чи бештар таҳким хоҳад ёфт.
Нашри Девони Аҳмади Донишро, ки Файзхоҷа Маҳмудов омода кардааст ва аз тарафи мо то ҳадде тасҳеҳ ва таҳрир ёфтааст, як қадами умедбахш дар рушди ҳамкориҳои олимони тоҷик ва ӯзбек ҳисоб мекунем, ки туҳфаи арзишманди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати ҷашни шукӯҳманди Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азиз хоҳад буд.

Фарҳод РАҲИМӢ, 
президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик.
Кароматулло ОЛИМОВ,
академик.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: