ДЕВОР

– Мардак, кай дар байни ҳавлӣ девор месозем?

– Мардак, кай дар байни ҳавлӣ девор месозем? Ба хонаи акаатон даробаро бисёр. Ба мо чашми ҳар касу нокас  афтоданаш нағз не, – боз ҳамчун ғиҷҷак гапи ҳаррӯзаашро такрор кард наварӯс. 
– Ман инро бо кадом рӯ ба модарам мегӯям?! Охир модари бечораам бепадар моро бо чӣ  азобу машаққат ба воя расониданд, хононданд, соҳиби маълумот гардонданд. Ҳавлиро ду тақсим кардан маънои «бо шумо якҷоя зиндагонӣ кардан намехоҳам»-ро дорад. Ту тоқат кун, вақташ ояд, ҳамааш нағз мешавад...
Мавлуда аз рӯзҳои аввали арӯсиаш алоҳида зиндагонӣ кардан мехост. Бо модаршӯяш якҷоя зиндагонӣ кардан, хизмати модаршӯву хоҳарарӯс ва додарарӯсашро анҷом додан ҳеҷ маъқул набуд. Модаршӯяш – холаи Шафоат ҳам бо умеди хизмати келинаш шуда наменишаст. «Аз дасту пойи худ намонам» гуфта, ҳамаи корҳои рӯзгорро ба ҷо меовард. Ба духтараш мефармуд: 
– Кор одамро намекушад. Аз кор натарс. Кор аз ту тарсад. То ба мактаб рафтан рӯйи ҳавлиро рӯфта, об зан. Янгаат ҳоло арӯси нав. 
Ин рафтору кирдори Шафоатхола ба Мавлудакелин равғани зард барин маъқул буд. Рӯз аз рӯз камтар кор мекард ва рафта-рафта ягон кори рӯзгорро намекардагӣ шуд. Холаи Шафоат аз ин рафторҳои келинаш низ чашм пӯшид. Писараш, ки дар мактаб муаллим буд, рӯзе маслиҳатомез  гуфт:
– Писарам, чӣ мешавад, ки келинро ҳам соҳибмаълумот гардонем. Имрӯз ё пагоҳ дар ягон ҷой кор карда, пул ёбад, фоидаи худамон. Бори рӯзгорро дукаса мекашед. Моҳонаи ту ба иморатсозӣ равад, моҳонаи келин – ба рӯзгор. Ҳоло дасту поям бутун. Бемалол корҳои рӯзгорро иҷро мекунам. Хоҳарат ҳаст. Худо хоҳад, фарзанддор шавед, худам ба онҳо нигоҳубин мекунам. Ёрии ман ба шумоён ҳамин. Фардо мабодо аз дасту по монам, он гоҳ шумо ёрирасони ман мешавед. 
Писараш – Ҳомидҷон ба гуфтаҳои модар розӣ шуд. Пас аз муддате Мавлуда донишҷӯйи мактаби олӣ  гардид. То хатми донишгоҳ соҳиби ду фарзанд шуд. Холаи Шафоат ҳам ба кӯдакҳо нигоҳубин мекарду ҳам ба корҳои рӯзгор вақт меёфт. Духтараш Соҷидаро лаҳзае бекор намегузошт. Мавлудакелин бошад, мисли маликаҳо аз хондан омада, хӯрокашро хӯрда мехобиду боз саҳарии барвақт баромада, ба  таҳсил мерафт. 
Мавлуда ҳамроҳи шавҳараш дар як мактаб ба кор сар кард. Бештари вақташ дар мактаб мегузашт. Ба замми ин, лисбосҳои нав ба нав пӯшида, дар ғайби модарарӯсаш ҳавобаландӣ мекард, ки ба ҳамаи корҳо вақт меёбад. Фарзандонаш калон мешуданду ҳатто барои нигоҳубини онҳо ба модаршӯяш боре ҳам «ташаккур» нагуфт. 
Бо гузашти солҳо холаи Шафоат духтарашро ба шавҳар бароварда, ба писари дувумаш келин овард. 
Дар дили Мавлуда орзуи алоҳида кардани ҳавлӣ пайдо шуд. Ин хоҳишашро якчанд маротиба ба гӯши шавҳараш расонд. Шавҳар ваъда дод, ки тоқат кунад, ҳамааш нағз мешавад.
– То кай тоқат кунам? – ин додзании келинашро ҳатто Шафоатхола шунид.
Байни ду келин ситезакорӣ авҷ мегирифт. Баъзе рӯзҳо косаву табақҳо ношуста, ҳавлӣ норӯфта мемонд. Холаи Шафоат якчанд маротиба бо мулоимӣ фаҳмонд, ки байни ҳамдигар муросокор бошанд, ситеза кардан оқибати хуб надорад. Нафъе набахшид. Маҷбур ҳавлиро ду тақсим кард: тирезаи хонаи ӯ дар тарафи писари калониву дараш аз тарафи ҳавлии писари кенҷааш шуд. Ба баъзе корҳои келину фарзандон кампир розӣ набошад ҳам, инро ошкор намекард. Сар кафад – зери тоқӣ, гапи хонаро ба кӯча баровардан намехост. Гоҳо духтараш омада, барои ину он бо янгаву акаҳояш ҷангу ҷанҷол бардоштанӣ шавад, ба даҳонаш зада мегуфт, ки «мон, пагоҳ-фардо онҳо ҳам келиндор мешаванду баъд чӣ будани зиндагиро мефаҳманд». 
Рӯз бегоҳу ҳафта ба охир мерасиду моҳу солҳо гузаштанд. Синни холаи Шафоат ҳам ба ҷое расид. Аз қувваи дасту пойҳои пешинааш асар ҳам намонд. Дастонаш меларзидагӣ шуданд. Акнун корҳоро мисли солҳои пеш иҷро карда наметавонист. Агар як-ду нафар ҳамсояҳояш гоҳо омада, чорта якҷоя налаққанд, аз даруни хоначааш намебаромад. Барои ӯ аз кунҷи ҳавлӣ хонаеро ҷудо карданд. Баъзан келину набераҳояш хӯрок меоварданду баъзан будани Шафоаткампирро дар ин хонадон фаромӯш мекарданд. Вай худ баромада, ба дегу табақи онҳо кордор намешуд. 
Рӯзе Мавлудакелин аз тиреза не, аз дар даромада омад. Дар даст як табақча тӯйкабоби сергӯшт дошт. Аз ин ташрифи ногаҳонии келинаш пиразан дар ҳайрат монд. Баъди аҳволпурсиву каме  суҳбат Мавлуда ба мақсад гузашт:
– Бийимуллоҷон, чӣ мешавад, ки ҳамин нисфи хонаатонро ба мо диҳед? Ба шумо хонаи калон чӣ лозим? Дар хона якто ҳамин диванатон, – ба ҷойи хоби Шафоатхола ишора кард, – ғунҷад, бас-дия! Тобистон салқину зимистон  зуд гарм мешавад. Шумо дуруст фаҳмед: фарзандонамон калон шуда истодаанд,  келин оварданамон даркор. Мо баробари дигар иморатҳо дар пешгоҳ барои шумо як хонаи алоҳида месозем. Аз ҳамон ҷо истода, ба ҳама фармон медиҳед... 
Луқмае, ки дар даҳон дошт, ба гулӯи Шафоаткампир дармонд.
Ангуштонашро ба як лаби дастархон пок карда истода, ба сӯйи дар нигариста гуфт:
– Ба дар панҷараи оҳанин ҳам фармоед.
– Ӯҳ, бало-дия шумо, бийимуллоҷон, аз гум шудани тилловориҳоятон метарсед?  Майлаш, инашро ҳам ба писаратон мегӯям.
– Ман розӣ. Ин тарафи хоначаро ҳам ба ҳавлиатон ҳамроҳ карда гиред.
Мавлудакелин аз омади кораш шоду мамнун баромада рафт.
Шаби дароз кампирро хоб набурд.
«Бо чӣ орзуву умедҳо фарзанд калон кардам, хонондам, соҳиби хонаву ҷой кардам. Ана акнун ман ба онҳо даркор нашуда мондаам. Ба онҳо модар не, хонаву ҷой даркор. Як чумча дами гарм-чӣ? Ба саг ҳам медиҳанд. Вале барои келинҳо малол меояд. Байни худ ситеза мекунанд, имрӯз ман додам, пагоҳ авсунам диҳад... Эҳ, Худоҷоне, қувваи дасту поямро гирифтӣ, чашмонамро хира сохтӣ, чаро гӯшҳоямро кар намекунӣ? Ҳамин саҳар писарам даромада, аҳволпурсӣ кард. Дастархонро хабар гирифта, берун баромада занашро ҳақорат дод, ки чаро ба модарам дуруст нигоҳубин намекунӣ? Ҳар рӯз мо кунем, модаратон модари акаатон ҳам мебошанд, онҳо ҳам як чиз-ним чиз дода истанд, ягон ҷояшон кам намешавад».  Шафоаткампир баъди дар зери кӯрпа хун гиристан ба қарори қатъӣ омад.
...Саҳар аз хоб хест. Келинаш ним коса ширчойро оварда, ба рӯйи миз гузошта рафт, ки хунук нашуда хӯрад. Вай ба салому аҳволпурсии рӯякии келинаш эътибор надод. Ба ширчой ҳам даст нарасонд.
Баъде, ки писараш ба кор рафту келин набераҳоро ба боғча бурд, ҳавлӣ хилват гашт. Вай ба гӯшаи ҳавлӣ рафта, ресмони гӯсфанди охиринро, ки поида фурӯхта, пулашро ба тӯйи набераҳо сарф карда буд, ёфт. Ҳатто бардошти онро санҷида дид. Баъд якбора аз раъйаш гашт: «Шармандагӣ!»
Ба рӯйи кати дарвозахона менишаст, ки ҳамсоядугонааш Некбибӣ  даромада омад.
– Э биё, Некбибӣ, кай боз бедарак шудӣ? Ягон ҷо шӯкобӣ рафта будӣ? – Шафоаткампир худро бардаму хушҳол нишон доданӣ шуда, бо дугонааш шӯхӣ кард.
– Ҳа, ба санатория рафта будам. Писари калониам намонда фиристонд, лекин ягонто бобойи дуруст наёфтам. Ба хонаи Анора рафтам. Набудааст. Вай ҳам дайду шудааст. Дар як ҷо намешинад. Ҳар як писараш барои вай яктоӣ хонаи алоҳида карда мондаанду бо навбат мебаранд. Барои вай байни писарон ҷанҷол. Хомталош карда, аз умраш пештар накушанд-ку нағз.
– Аҳволи ман ҳам мисли Анора шуда истодааст. Ин келин аз дар хӯрок дарорад, ваяш аз тиреза медиҳад. Дар байн нозу неъмат ҳайф мешаванд. Писари калонӣ барои ман хонаи алоҳида сохтанашро шунида, инаш меҳмонхонаашро холӣ карда дод...
– Ҳа, дар давраи пирӣ фарзандҳо ба таври шоҳона зиндагонӣ кардани моро мехоҳанд. 
– Дигар чӣ илоҷ? – бо табассуми зӯракӣ ба гап ҷомаи нав пӯшонд Шафоаткампир. – Дар бачагӣ онҳо ба гапи мо гӯш медоданд, акнун вақти гапгӯшкунии мо расид.
– Исто-исто, Шафоат, чаро чашмонат сурх? – баъди ба сару рӯйи дугонааш каме зеҳн мондан якбора пурсид Некбибӣ.
– Шаби дароз хобам набурд. Аз куҷое мушҳои падарлаънат пайдо шуданду бо қитир-қитирашон хобидан намонданд... Гуфтагӣ барин, дар хонаат доруи марги муш надорӣ?
Ин ҳангом дар бадани Некбибӣ якбора вараҷа давиду ларзиданашро нишон надода гуфт:
– Не. Лекин мушдорак ҳаст. Оварда диҳам?
– Майлаш...
Баъди хеле суҳбату ёдоварии давраҳои бачагӣ Некбибӣ рафт.
Ӯ рафту аз байн муддате нагузашта, домодаш омада, Шафоатбибиро ба хонааш бурд...
Баъди якуним сол ҷасади Шафоаткампирро аз хонаи домодаш бароварданд. Рӯзи ҷанозаи кампир гӯё ҳамсояву ҳаммаҳаллаҳо кӯчида ба мурдахона рафта буданд.
Баъди ҳамин ҳамсояҳо ба хонаи он ду бародар нагузаштанд. Ба тӯю маъракаҳо низ ҳеҷ кас онҳоро хабар намекард. 

Маликаи БАХТИЁР,
шаҳри Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: