Доир ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев «Дар бораи барномаи «Деҳаи обод» дар бисёр ҳудудҳо садҳо маҳаллаҳо обод шудаанд.
Доир ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Шавкат Мирзиёев «Дар бораи барномаи «Деҳаи обод» дар бисёр ҳудудҳо садҳо маҳаллаҳо обод шудаанд.
Дар яке аз деҳаҳои тоҷикнишини Синтоби ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарё низ аз моҳи марти соли ҷорӣ корҳои ободонӣ аз ҷониби гурӯҳи сохтмончиён таҳти назорати прокурори ноҳия А.Мадиев шурӯъ шуданд.
Гурӯҳи мазкур аввал дар деҳа бо ҷавонҳои бекор машғул шуд, дертар ба ҳар як ҷавон фермеронро вобаста намуд. Фермерон ба ҷавононе, ки хоҳиши соҳибкор шудан доранд, замин ҷудо карданд.
Дар доираи барномаи «Деҳаи обод» ба таъмиру тармими бино ва хонаҳои аҳолии деҳа эътибори калон дода, аҳолиро водор намуд, ки ҳавлиҳои худро саранҷом кунанд ва аз ҳар ваҷаб замини наздиҳавлигӣ самарабахш истифода баранд. Дар маркази деҳа бунёди бинои ҷамоати маҳалла ба роҳ монда шуд. Дар деҳа барои таъмин кардани оромиву осоиштагии аҳолӣ нозири минтақа кор мебарад, бинобар ин, барои онҳо барпо кардани қароргоҳҳои нозирон ба роҳ монда шудааст.
Мактаби миёнаи рақами 10-уми деҳа аз нав сохта, дар он майдони футбол ҳам бунёд карда мешавад. Дар баъзе кӯчаҳо дар таъминоти оби нӯшокӣ муаммои ҷиддӣ ҷой доранд, бинобар ин чанд иншооти об сохта, ҳар як хонадон бо об таъмин карда хоҳад шуд. Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар деҳа фақат алоқаи билайн амал мекунад. Пешбинӣ мегардад, ки робитаҳои дигари интернетӣ низ ба роҳ монда шавад. Инчунин, сохтани бинои масҷид ба нақша гирифта шуда, мушкилоти таъмиру тармими роҳи деҳа низ аз эътибор дур намондааст. Албатта, барои кӯдакони деҳа сохтани боғча ва бунгоҳи тиббӣ низ ба нақша дароварда шудааст. Сониян, иваз кардани хати гази табиӣ ва электр ҳам дар назар аст.
Албатта, ҷомаи амал пӯшидани тамоми корҳо барои мардум дар арафаи ҷашни 30-юмин солгарди истиқлолияти Ватанамон тӯҳфаи муносиб хоҳад шуд.
Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».