ДЕҲА ҚИЁФАИ НАВ МЕГИРАД

Маҳалла ҳамчун сохтори иҷтимоӣ ба аҳолӣ барои таҳкими муҳити сулҳу салоҳ, эҳтироми ҳамдигар, урфу одат ва ҳаллу фасли мушкилоти рӯзмарра кумак мерасонад.

Дар шаҳри Самарқанд 208 маҳалла ҳаст, ки яке аз онҳо Кӯл мебошад. Дар ин маҳалла 2215 нафар аҳолӣ дар 365 оила аҳлу тифоқ зиндагӣ ба сар мебаранд.
Чанде пеш дар ин ҷо низ интихоботи раиси маҳалла баргузор гардид ва Ҳикматуллоҳ Ҷумъаев раис интихоб шуд. Таъкид кардан ҷоиз аст, ки бо ташаббуси амини нав аллакай корҳои ибратбахш ба фарҷом мерасанд. Дар ин ҷо растаҳои савдо ва хизматрасонӣ ташкил шудаанд. Сартарошхона, устохонаи ашёи рӯзгор, дукони гӯшт, мағозаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва хӯрокворӣ аз ин ҷумлаанд. Нуқтаҳои тиббӣ, майдони варзиш, корхонаҳои хурд бунёд гардида, хонаҳо бо оби ошомиданӣ, қувваи барқ ва гази табиӣ таъмин мебошанд.
– Фармони Президент «Дар бораи чораҳои куллан баланд бардоштани мақоми идораи маҳалла дар кор бо мушкилоти аҳолӣ» дар назди раисони ҷамоатҳои шаҳрвандӣ вазифаҳои нав гузошт, – мегӯяд раис Ҳикматуллоҳ Ҷумъаев. – Акнун мақсади мо аз он иборат аст, ки бобати беҳтар намудану баланд бардоштани некӯаҳволӣ ва фаровонии халқ, қаноатманд гардидани шаҳрвандон аз ҳаёти худ ва ҳалли муаммоҳои онҳо саҳмгузор бошем. Баробари ин барои беҳтар намудани ҳамкории тарафайни ҷамоатҳои шаҳрвандон бо мақомоти давлатӣ ва секторҳо кӯшиш мекунем. Ба наздикӣ ба муносибати рӯзи маҳалла як гурӯҳ фаъолон, мӯйсафедони рӯзгордида, собиқадорони меҳнат, хонандагони пешқадам, варзишгарон ва соҳибони касбҳои гуногунро дар атрофи як пиёла чой ҷамъ намуда, суҳбати самимӣ оростем ва оид ба нақшаҳои ояндаи маҳалла маслиҳат кардем. Ба пешқадамони соҳаи худ ва дилсӯзони корҳои маҳалла ифтихорномаҳо додем. Ғайр аз ин, аз рӯзгори оилаҳои камбизоат хабар гирифтем.
Дар вохӯрӣ вакилони ҷамоатии вилояту шаҳр Зокирҷон Давронов, Ҷаҳонгир Маматов, Эркин Амонов, сарвари мактаби таълими умумии рақами 73-юми шаҳри Самарқанд Озода Назарова, раиси маҳаллаи ҳамҷавори Навбоғчиён Мурод Остонақулов ва дигарон доир ба бурду бохти маҳалла, вазифаҳои минбаъда ҳарф заданд.
– Синни ман ба 96 расид, – иброз дошт Ҷумъабобо Ҳасанов. – Худ иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳон ҳастам ва аз Президенти мамлакат сипосгузорам, ки ба мо — собиқадорони ҷанг эътибор дода, барои ободу зебо намудани гузару маҳаллаҳо заҳмат мекашад. Дар асоси Барномаи «Маҳаллаи обод» на танҳо дар зодгоҳи ман, балки дар қаламрави ҷумҳурият корҳои ибратбахш ба сомон мерасанд. Рости гап, тавассути оинаи нилгун навидҳоро дидаву шунида, курта-курта гӯшт мегирам ва ифтихор мекунам, ки дар чунин кишвари биҳиштосо зиндагӣ дорам.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: