«ДЕҲААМОН ОБОД ШУД»

Мувофиқи барномаҳои «Деҳаи обод» ва «Маҳаллаи обод» соли 2018 дар мамлакатамон 416 деҳа ободу зебо гардид.

Аз ҷумла, дар ноҳияи Шофиркони вилояти Бухоро низ деҳаҳои Искогаре ва Чандир қиёфаи нав касб намуданд.
Мо аз раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Чандир Телман Шакаров хоҳиш намудем, ки бобати иҷрои барномаи номбурда дар ҳудуд маълумот диҳад.
– Ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Чандири ноҳияи Шофиркон деҳаҳои Чандир ва Қурбонлиро ба бар гирифтааст, – ба сухан оғоз намуд вай. – Шумораи умумии аҳолии ин деҳот аз 3870 нафар зиёдтар буда, дар ин ҷо ҳаштто маҷмӯи савдо, нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ, тӯйхона, истгоҳи замонавии автомобилӣ, се толори зебоӣ, ду мактаби миёнаи таълимоти умумии рақамҳои 11 ва 44, ду муассисаи таълими томактабии №16, №37, 38-то хоҷагиҳои фермерӣ фаъолият доранд.
Деҳаи Чандир соли гузашта шомили барномаи «Обод қишлоқ» гардида буд. Бояд таъкид намуд, ки дар ин деҳа ҳоло 2346 нафар аҳолӣ умр ба сар мебарад. Дар ҳудуд соли гузашта нақшаҳои солонаи супоридани пилла 114 фоиз, ғалласупорӣ 102 фоиз ба сомон расида, нақшаи супоридани пахта 82 фоизро ташкил намуд.
Мувофиқи барномаи «Обод қишлоқ» дар кӯчаҳои деҳа дар масофаи 8,5 километр шағал хобонда шуда 1,2 километр роҳ асфалтпӯш гардид. Бо ташаббуси соҳибкорон шаш дӯкони савдо, ҳаммом, китобхона, истгоҳи автомобилӣ, дорухона, ошхона ба кор даромад. Рӯди Чандир қисман (1180 метр) бетонфарш гардид. Ба 74-то симчӯбҳои деҳа чароғҳои барқӣ гузошта шуданд. Бо роҳи ҳомигӣ чор хонадон таъмир ёфт. 32  нафар бекорон ба кор таъмин гардиданд. Ба деҳа се трансформатори нав оварда шуд. Дар натиҷа қатъёбиҳои бемавриди барқ маҳдуд ёфт. Бо мақсади таъминкунии аҳолӣ бо оби ошомиданӣ аз сар то пои деҳа қубурҳои об хобонда шуд.
Ду мактаби миёна ва як муассисаи таълими томактабӣ аз таъмири асосӣ баромад ва бо ин мақсад бештар аз 3 миллиард сӯм маблағ харҷ гардид. Дар деҳаи ҳамсоя бошад бо усули шарикии давлатӣ муассисаи нави таълими томактабӣ барои 120 нафар бачагон ба кор даромад.
Роҳҳои деҳа васеътар карда шуд. 8 иморати нодуруст сохташуда ба танзим даромад.
Хулоса, деҳаамон обод шуд, шабона бо чароғҳои фурӯзони худ он ба шаҳраки зебое шабоҳат дорад. Мардум шод, ҷараёнҳои ободгардонии деҳа идома дорад, – изҳори қаноатмандӣ кард раис.

А.АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: