ДЕҲАИ САЙРОБ САЙРГОҲ МЕШАВАД

Барномаи «Деҳоти обод» дар амал

Чанд рӯз қабл Президенти кишварамон Шавкат Мирзиёев дар муҳокимаи барномаи «Деҳоти обод» дар миқёси кишвар ҷамъомади видеоселектор гузаронида баҳри зудтар амалӣ гаштани ин дастури ҳукуматӣ ба сарвари ҳукумат ва вазорату идораҳои дахлдор супоришҳои аниқ дод. 
Роҳбари давлатамон аз ҷумла як қатор камбудиҳоеро, ки дар ин роҳ ба амал омадааст, сахт танқид намуд. Воқеан танқиди роҳбари давлатамон дар ин бобат ҳаққонӣ буд. Ҳоло дар ин самт камбудиҳо хеле зиёд аст. 
Чуноне ки ҳамагон  гувоҳӣ  доранд, деҳаҳои Сайроб ва Чилонзор аз рӯи ин дастур то охири сол пурра обод мегардад. Дар ин манзилҳо бунёди як қатор иншоотҳои иҷтимоӣ ва маърифатӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар роҳи пиёда кардани ин  дастур корҳои ободонӣ дар деҳаҳо кайҳо оғоз гаштааст, вале он, ба гуфтаи роҳбари давлатамон, таъби дил нест. Кор хеле суст пеш меравад. Вақт моро интизор намешавад. Бесабаб нест, ки гузаштагони мо дар ин бобат дуруст қайд кардаанд: «Вақт рафт, нақд рафт».
Аз қадим мардуми мо  мӯъҷизаофаранд. Канали калони Фарғона 270 километрро ташкил медиҳад, дар муддати 45 рӯз бунёд карда шудааст. Шояд баъзеҳо пеши худ суол диҳанд, ки ин иншооти бузург бо кадом қуввае бунёд гаштааст. Ин иншооти бузург фақат бо белу каланд, ароба ва ғалтак бунёд гаштааст.
Ба қарибӣ дар таърихи  ҷумҳуриамон боз як воқеа  ба вуқӯъ пайваст, ки одамон агарчи оғози бунёди ин иншоотро дар оинаи нилгун дида бошанд ҳам, вале ба чашми хеш бовар намекарданд. Дар вилояти Ҷиззах деҳае бо номи Манас ба барномаи «Деҳоти обод» дохил гашта буд. Ин деҳа дар муддати 45 рӯз чунон аз нав сохта шуд, ки онро одамон дар оинаи тасвир дида, шакку шубҳа мекарданд. Ба ҷои деҳаи кӯҳнаи Манас деҳаи нави Манас арзи вуҷуд намуд.
Деҳаи Сайроб яке аз деҳаҳои қадимтарини вилоят ба ҳисоб меравад. Сокинони он  аз қадимулайём дар ин маскан сукунат доранд. Мардум аз як чашма об мехӯранд. Обаш шифобахш аст. Махсусан, ба бемории диабети қанд. Деҳа ба таърихи бой молик аст. Он дар сари роҳи «Абрешим» ҷойгир шудааст. Дар ин мавзеъ чашмаҳои мусаффо, чанорҳои ҳазорсола диққати ҳар раҳгузарро ба худ мекашад. Бостоншиносон каме дуртар аз ин деҳа дар мавзеи Узундара бозёфтаҳои қадимиро пайдо карданд, ки он ба давраи давлатдории Кушониён рафта мерасад. Каме болотар аз он нақши деворҳои «Дарвозаи Оҳанин», дидбонҳо то ҳанӯз мавҷуданд. Аз рӯи ин дастур бояд аҳолии деҳа бо оби нӯшокӣ, роҳ, газ ва дигар муаммоҳое, ки аз ин пеш сокинонро ба ташвиш меовард, бартараф сохта ба аҳолӣ шароитҳои замонавӣ муҳайё карда мешавад. Дар деҳа боғчаи кӯдакон набуд ва дар ин бобат аҳолӣ душворӣ мекашид. Кунун дар ин мавзеъ боғчаи замонавӣ сохта мешавад.
Мо аз матонату бунёдкориҳои одамон бовар дорем, чанде пас ин деҳаи таърихӣ боз ҳам ободу зебо гашта, он ба сайргоҳи доимии мардум мубаддал мегардад.

Нуралӣ РАҶАБ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти СУРХОНДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: