ДЕҲАИ ВОЧАХ ЧАРОҒОН МЕШАВАД

Дар ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё ҳанӯз ҳам ҳастанд деҳаҳои дурдасте, ки бидуни истифодаи барқ зиндагӣ пеш мебаранд.

Деҳаҳои Кундаи Ҷувоз, Сиро, Источи беоб ва Вочах ба ин мисол шуда метавонанд. Тайи як соли охир  намояндагони ҳокимияти ноҳия ва вилоят ба ин деҳот бисёр дидан намуда, бо ҳаёти мардум аз наздик шинос шуданд.
Инак, бо саъй ва ташаббуси аъзои Сенати Олий Маҷлис Абдуғанӣ Сангинов ба деҳаи Вочах, ки аз маркази ноҳия зиёда аз 70 км роҳ аст, хати қувваи барқ кашида мешавад. Барои кашидани хати қувваи барқ 100 дона сутунҳои махсуси оҳанӣ, 18 км ноқил ва трансфарматори қувваташ 160 кВа ҷудо карда шуд. Барои насб кардани сутунҳову кашидани ноқилҳо ҳоло техникаи махсус бо суръат кор мекунад. Дар назар аст, ки дар миёнаҳои фасли тирамоҳ деҳаи Вочахи то ҳанӯз қувваи барқ надида  чароғон мешавад. 

Олим ПАНҶИЗОДА,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: