Омодагиҳо ба раъйпурсии умумӣ дар робита ба лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни ҷумҳурӣ, ки 30-юми апрели соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд, тибқи фармоиши раёсати ҳавзаи раъйпурсии рақами 13-и вилояти Қашқадарё дар тамоми шаҳру навоҳии қаламрав идома доранд.
Ҳатто дар қитъаҳои раъйдиҳии воқеъ дар деҳоти кӯҳистон, ки аз маркази ноҳияҳо фарсахҳо дуранд, тайёрӣ ба ин маъракаи муҳим оғоз ёфта, ҳайати комиссияи мунтахаб омодагии ҳамаҷониба мебинад.
Бахши раъйпурсии рақами 518-и ноҳияи Китоб яке аз 86 адад участкаи ин қаламрав мебошад, ки аз марказ дар дурии 50 километр ҷой гирифтааст ва дар мактаби рақами 68-и деҳаи Матмон ифтитоҳ ёфтааст. Раиси комиссияи бахши раъйпурсии 518- уми ин мавзеъ директори мактаби рақами 68 Муҳаммадӣ Халилов интихоб шудааст. М. Халилов гуфт, ки дар участкаи мазкур комиссияи махсусе амал мекунад, ки аз 11 нафар фаъолони обрӯманди деҳа таркиб ёфтааст. Дар таркиби ин ҳайат се нафар омӯзгори пешқадами дабистон низ шомиланд. Вай афзуд, пас аз як омӯзиши кӯтоҳмуддат аз ҷониби мутахассисон ва таъмини дастуруламалҳои махсуси раъйдиҳӣ корҳои омодасозӣ ба ин маъракаи муҳимми барои мардуми ҷумҳурӣ чун обу ҳаво зарур оғоз гардид. Муҳаммадӣ Халилов гуфт, намояндагони шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Китоб ва бахши ноҳиявии Вазорати ҳолатҳои фавқулода ба деҳаи Матмон омаданд ва мавқеи баргузории маъракаро аз назар гузарониданд, ки толори варзишии мактаби рақами 68 интихоб шуда буд. Онҳо ҷойи интихобшударо аз ҷиҳати бехатарӣ омӯхтанд ва мақбул донистанд. Пас аз ин се кобина барои раъйдиҳандагон насб гардид, ки яке аз онҳо барои мардуми бо имконоти маҳдуд ё малул пешбинӣ шудааст. Вай таъкид кард, ҳамчунин як сандуқи хурд низ доранд, ки ду нафар узви комиссияи раъйпурсӣ бо мошини махсусе ба хонаҳои он нафароне хоҳанд бурд, ки имкони омадан ба мавзеи раъйпурсиро надоранд – беморанд ё пири барҷомонда ҳастанд.
Дар деҳаи Матмон, ки шомили ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Кӯҳсор»-и ноҳияи Китоб мебошад, 2360 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд ва дар феҳрасти бахши раъйпурсии рақами 518 дар маҷмӯъ 1408 нафар овоздиҳанда ба қайд гирифта шудааст. Аз эҳтимол дур нест, ки бархе аз аҳолӣ барои дарёфти рӯзии аҳли оила аз пайи корҳои мавсимӣ берун аз деҳа рафта бошанд.
– Таъмин намудани ширкати бахши бештари овоздиҳандагон аз вазифаҳои аввалиндараҷаи аъзои комиссияи раъйпурсӣ ва натиҷаи заҳматҳои корҳои таблиғотии онҳо мебошад, – зикр кард роҳбари участка.
Муҳаммадӣ Халилов ҳамчунин таъкид кард, ки участка таҳти роҳбарии ӯ бо ҳама гуна таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла бо дастуруламали махсус, овезаву шиорҳои таблиғотӣ таъмин шудааст ва ҳамакнун бо идома бахшидани корҳои омода сохтани участкаи раъйпурсӣ бо ҳайъати комиссияи 11-нафара барои корҳои тарғиботӣ ба хонаҳои мардум хоҳанд рафт ва ба онҳо аз ҳаётан муҳим будани раъйпурсӣ, бартариҳои иловаю таҳрири нави Сарқонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳарф хоҳанд зад.
Шариф ХАЛИЛ,
хабарнигори
«Овози тоҷик»
дар вилояти Қашқадарё.