ДЕҲОТИИ ШАҲРӢ

Дар саргаҳи мактаби эҷоди бадеии мардуми деҳаи Эҷ Бекназар Тӯйназаров қарор дорад.

Дар саргаҳи мактаби эҷоди бадеии мардуми деҳаи Эҷ Бекназар Тӯйназаров қарор дорад. Ҳар як эҷодкорро кӯмаки маънавӣ расонида, маслиҳати муфид додааст. Ҷавононро орзуву ҳавасе пайдо шуда, ки чун Бекназар рӯзноманигор ва нависанда шаванд. Аз ин рӯ, ба аксар эҷодкорони эҷӣ ҳаққи устодӣ дорад. Хушбахтона сафи эҷодкорони ҷавон сол ба сол меафзояд. Қаламиҳои онҳо дар саҳифаҳои «Овози тоҷик», ”Овози Самарқанд”, нашрияи “Ховар”, расонаҳои ахбори оммавии Тоҷикистони ҳамсоя ва дар маҷмӯаву китобҳои алоҳида рӯйи чопро дидаанд. Юнуси Имомназар, Ҳикмати Ҳикмат, Фаридуни Фарҳодзод, Саодати Рӯзӣ, Зайнаб Шодмонова, Шакари Деҳқон (равонаш шод бод), Шакари Сайфӣ, Раҳмони Содиқ ва ҷавонону наврасони дигар дар ин ҷабҳа заҳмати бедорхобӣ мекашанд. 
Дар синфи 10-ум мехондем. Соли 1975 буд. Садои занги даромад баланд шуд. Ҳама хонандагон ҷойи худро ишғол намуда, интизори омадани омӯзгор будем. Устоди сахтгиру ҳалим Ӯзбекбой Рӯзиев ҳамроҳи Бекназар Тӯйназаров вориди синфхона шуданд. Дарс басе хотирмон гузашт. Фаромӯш накардаам, мавзӯъ “Фаъолияти шоирии Садриддин Айнӣ” буд...
Пас аз як ҳафта рӯзномаи “Ҳақиқати Ӯзбекистон”-ро дастрас кардам. Он солҳо тақрибан ҳар як хонадони мардуми кӯҳпояи Нурато ба ин рӯзнома обуна буд. Дар рӯзнома очерки Бекназар Тӯйназаров дар бораи фаъолияти устод Ӯзбекбой Рӯзиев (охираташон обод бод) нашр гардида буд. Дар очерк ному фомили худро бо каме таъриф хонда шод гардидам...
28 марти соли 1998 дар “Овози тоҷик” “Аҳли дард” ном мақолаи Бекназар Тӯйназаров доири фаъолияти камина нашр гардид ва он ҷо хондаам: “Ӯзбакбой Раҳмонов рӯзҳо, ҳафтаҳо ва ҳатто моҳҳо андеша ронда, баъд ягон мақола ва ё мақолаи баҳсталаб менависад. Кам менависад, вале бадард менависад. Аз ҳамин сабаб дар аксари ҳолатҳо тираш ба ҳадаф мерасад”.
Ин нигошта масъулияти маро бештар намуд. Хушбахтона навиштаҳоям дар рӯзномаҳои «Овози тоҷик», “Садои мардум”, “Омӯзгор”, “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Овози Самарқанд”, “Ховар, “Дӯст-лик байроғи” ва “Нурнома” нашр гардида, баъзе аз онҳо дар беш аз бист рисолаю монографияҳо бо забонҳои тоҷикиву ӯзбекӣ ва русӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар ин ҳама дастовардҳо таъсири  Бекназар Тӯйназаров беқиёс аст ва ӯро устоди худ меҳисобам. 
Чанде пеш китоби ҳикоя, эссе ва мусоҳибаю андешаҳои устодро бо номи “Дар кӯчаҳои шаҳр” такрор мутолиа намудам. Номи китоб рамзӣ аст, матнҳо фалсафаи зиндагиро дар бар доранд. Нависанда беш аз 40 соли умри азизашро дар шаҳр гузаронидааст. Чун рӯзноманигор ва дӯсти беғараз бо ашхоси гуногунпешаву гуногунандеш иртибот дошт, ба ин маънӣ зиндагӣ дар шаҳр ӯро мактаби эҷод буд. Навиштаҳои Бекназар Тӯйназаров аз ҳаёт маншаъ гирифтаанд.
Маҷмӯа аз ҳафт боб иборат: ҳикояҳо, аз дафтари ҳаҷв, ҳиссае аз қиссаҳои Баҳодури Ҷаббор, аз силсилаи “Резасуханҳо”, тарҷума, ҳамкасбу ҳамкорон, эссе ва андешаҳо. 
Забони нависанда соддаву равон аст ва ҳар ҷумла бори маъниро мекашад. Дарки он  марбут ба ҷаҳонбинӣ ва маърифати хонанда бувад. 
Нахустҳикояи маҷмӯа «Роман» ном дорад. Ҳикоятест кӯтоҳу сермазмун. Ҷумлаҳо содда, равон, диалогҳо зиёд. Ҳикояро то ба охир мутолиа нанамоем, дарки ғоя ва моҳияти ҳикоя душвор аст. Зиёданд дар ҳар гуна ҷомеа ашхосе чун Қосимбой. Дар тиннати ин гуна ашхос ҳисси молу мулкпарастӣ, шуҳрат ва ҳисси ман-манӣ боло гирифта, қалби онҳоро  нобинамӣ, паст задани арзишҳо (Ҳакими муаллим), нодидагирии дигарон хос аст. Нависанда бо як ҷумлаи мӯъҷаз ҳаёти иҷтимоии омӯзгорро ба риштаи тасвир кашидааст. «Бар падари муҳтоҷӣ лаънат» – аз дил гузаронд ӯ» (Хуршед – Ӯ. Р.)  ё худ:
«– Сабр накун, – миёни гапи Хуршедро Қосимбой бурид.
– Романа тез навис».
Дар ҳақиқат, чанд сол пеш омӯзгор вазъияти ногувори иҷтимоӣ дошт дар ҷомеа. Аз бисёр ҳаққу ҳуқуқҳои худ маҳрум гардида буд. Назди мулкдорон қадр надошт. Бештар машғули кирмакпарвариву пахтачинӣ, мурғпарвариву чорводорӣ ва иштирокдори ҳашару “бунёдкориҳо” буд. Маоши ночиз мегирифт, мӯҳтоҷӣ мекашид... Аз ин лиҳоз ҳикояҳои Бекназар Тӯйназаров асоси воқеӣ доранд. Тасвири бадеии ҳар як воқеа хонандаро бо ҷаҳонбинӣ ва рӯҳияти қаҳрамон шинос мегардонад.
Воқеа дар доираи вақт содир мегардад. Инсон бояд аз вақт самаранок истифода кунад. Зиндагии инсон дар вақт идома дошта, истифодаи самаранок аз вақт мушкилкушои мардум бувад. Ҳикояи “Дар кӯчаҳои шаҳр” истифодаи вақтро дар худ таҷассум намуда, хонандаро ба истифодаи самаранок аз вақт даъват менамояд. Нокомиҳои ин ҳодисаи иҷтимоӣ дар фаъолияти илмии Даврон хеле хуб ва назаррас аст.
Нависанда бо маҳорати ба худ хос зиндагии деҳотиёни шаҳришударо ба тасвир додааст, ки гӯё дар назари ҳамдеҳагон кору бори онҳо аз қабули шиносу ҳамдеҳагон иборат буда, тамошо додани шаҳр, ҳаллу фасли мушкилоти марбут ба онҳо низ ба зиммаи ҳамдеҳаи шаҳришудаашон  мебошад. Ин раванди воқеотро муаллиф ба риштаи тасвир кашидааст.
 “Чойнӯшӣ сар шуд. Хаёли Даврон ба мавзӯи илмие давид, ки як бобашро бояд ҳамин шаб менавишт. Агар ҳамин шаб чанд саҳифаро сиёҳ накунад, фардо дар гумон аст. Кори идора пур. Ба болои ин дар омӯзишгоҳ ду-се соат дарс дорад. Сониян, шояд фардо, аз рӯи одат, чанд корафтодаи шиносу ношинос банавбат сим зананд ё ба идорааш як сари қадам даромада, баъди аз дидори якдигар сер шудан, дар омади гап ягон илтимос кунанд. Сипас, ӯ, Даврон хоҳу нохоҳ ба чор тараф сим мезанад. Агар ҳамон “илтимос”-и сабилмонда бо телефон буд нашавад, маҷбур аст ба ҳузури сардор дарояду ягон баҳонаи обнарасидаро пеш оварда, “дӯкон”-ро қулф кунад...”  
Бале, ин ҳикоя асоси воқеияти ҳаётӣ дорад. 20-30 сол муқаддам деҳотиёни шаҳришуда ангуштшумор буданд. Ҳамдеҳагон ва шиносҳои софдилу соддаи ҷаҳонбинии васеъ надошта, парво надоштанд, ки ҳамдеҳаи онҳо бо кадом дилу ният ба шаҳр омада буд. Шояд аҳамият ва ғанимати вақтро дарк намекарданд, онҳоро як лаҳзаи хуш басанда буд. 
Ҳикояи “Дар кӯчаҳои шаҳр” бо сатрҳои зер хотима меёбад, ки тақвияти андешаҳои болоӣ бувад: 
 “Вале ӯ (Даврон – Ӯ. Р.) бехабар буд, ки аммаву аммабачаҳояш дар хона ӯро интизоранд ва баъди ҳолпурсиҳо мегӯянд:
– Шаҳратро фардо ба мо тамошо медиҳӣ, Давронҷон!”
Миёни мардуми мо зиёданд ашхоси шӯху зарофатгӯ. Абдумалик Раҳимов (равонаш шод бод) яке аз онҳо буд. Одатан ҳаҷвнигорон ҳаҷвияҳои худро аз халқ мегиранд ва пешниҳоди мардум менамоянд. Ҳаҷвнигор ба зарофатҳои мардумӣ либоси бадеӣ пӯшонида, онро боз ҳам латифу хандаовар намуда, пешкаши хонанда менамояд. Маҳорати нависандагии ҳаҷвнигор низ дар ҳамин зоҳир мегардад. Хонанда дафтари ҳаҷви устод Бекназарро бо шавқи том мехонад.
Дар “Силсилаи резасуханҳо” ҳикояҳои хурд-хурди муаллиф гирд омадаанд. Ҳикояҳо латифаомезанд, саршор аз ҳазлу шӯхӣ. Ҳар як ҳикоя моҳияти иҷтимоиву аҳамияти тарбиявӣ-маърифатӣ дорад. Қисмати “Ҳамкасбу ҳамкорон” хонандаро бо ҳаёт ва фаъолияти  кормандони рӯзномаи “Овози тоҷик” шинос менамояд. 
Дар ин боб хонанда ба ҳаёт ва фаъолияти Муҳсин Умарзода, Раҳматҷон Норов, нависанда Саттор Турсун, Ҳамид Қиличзода, Авнер Исҳоқбоев, Тоҳир Олимбоев, Юсуфи Мирзо, Ҳисомиддин Абдувалиев, Хӯҷамурод Қӯлдошев, Амрулло Авезов, Паймон ва Абдулло Субҳон ошно мегардад. 
Чанде пеш дар Тошканд будам. Ҳамроҳи чанд нафар дӯстон бо устод Бекназар Тӯйназаров гурунг кардем. Устод лаҷоми суханро ба даст гирифтанд. Сухан дар бораи олими беназири тоҷик, рӯзноманигор Муҳсин Умарзода мерафт. То риштаи сухан канда нашуд. Мавзӯи суҳбат якто буд: фаъолияти Муҳсин Умарзода. Аз ин суҳбат чандин фазилатҳои Умарзодаро дар қалби худ ҷо додем. Дарк намудем, ки устод Бекназар Тӯйназаров муътақиди Муҳсин Умарзода будаанд. Ҳамин эътиқоду эътимод будааст, ки саволу ҷавоби Б. Тӯйназаров бо марди хирад Муҳсин Умарзода бо номи “Марди хирадманди ҳунарпеша” рӯйи кор омадааст. 35 сол дар як коргоҳ фаъолият доштан на ҳар касро насиб гардад.
Дар поёни гузориш ба устоди сухан Бекназар Тӯйназаров, ки солрӯзи 72-юмашро истиқбол менамояд, тансиҳатии бардавом ва фаъолияти эҷодии пурсамар таманно дорем.

Ӯзбакбойи РАҲМОН,
ноҳияи Нуратои 
вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: