ДЕҲҚОНИ АСИЛ, МЕҲНАТКАШ ВА СЕРҒАЙРАТ

Мардуми маҳаллаи Даштисӯхтаи 2-юми ноҳияи Самарқанд деҳқони пуртаҷриба Ӯктам Акрамови 42-соларо хуб мешиносанд ва ҳурмат мекунанд.

Мардуми маҳаллаи Даштисӯхтаи 2-юми ноҳияи Самарқанд деҳқони пуртаҷриба Ӯктам Акрамови 42-соларо хуб мешиносанд ва ҳурмат мекунанд. Ӯ аз деҳқонию боғбонӣ нағз хабардор аст ва то кораш табъи дил нашавад, ором намегирад. Ӯ асрори корро аз падараш, ки солҳои зиёд деҳқонӣ ва боғбонӣ кардааст, ёд гирифтааст. 
Ӯктам Акрамов 20 сол дар хоҷагии фермерии “Мароқанд” кор кард. Сипас, 15 сол боғбони идораи алақаи ноҳия буд. Ӯ ҳамеша барои гирифтани ҳосили хуб аз таҳти дил меҳнат мекард. Роҳбарон аз кораш розӣ буданд. 
Деҳқон ба қавле замини худро “гул” кунондааст. Ӯ дар замини назди дарвозааш 4 гармхона дорад, ки масоҳати ҳар яки он 5/12 метр мебошад. Дар ин гармхонаҳо картошка, помидор ва қаланфури булғорӣ коридааст. Зану фарзандонаш низ ба корҳои деҳқонӣ ёрирасон ҳастанд. Ӯ.Акрамов ҳоло дар деҳаи Янгиариқ 1 гектар ангурзор ва 1 гектар себзор дорад. Соле аз ангурзор то 4-5 тонна ҳосил мебардорад. Себзори боғбон соли гузашта ҳосили аввалро дод.
Қаҳрамони мо ҳоло дар Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Келажак-пресс” деҳқонию боғбонӣ мекунад. Роҳбари корхона Акбар Маҳмудов чор сол пеш аз меҳнатдӯстии вай бохабар шуда, ӯро ба кор даъват кард ва аз кораш хеле мамнун.
Боғзори корхона “Келажак-пресс”, ки навъҳои себи «Зелёнка”, “Карлик”, “Беш юлдуз”, гелоси “Баҳор”-у “Шампанский” ва навъҳои гуногуни шафтолуву анҷир дорад, бо меҳнату заҳмати Акрамов ҳосилхез аст. Нигоҳубинии боғу гармхонаҳо ҳама дар ӯҳдаи ӯ мебошад. Акрамов заминро бо насоси барқӣ обёрӣ мекунад.
– Асрори ҳосилхезии замину боғҳои зери дасти Акрамов дар чист?– мепурсем аз ӯ.
– Агар деҳқону боғбон корҳои заруриро сари вақт анҷом диҳад, бо меҳр кор кунад, албатта, заҳмати ӯ баракат меоварад, – мегӯяд Ӯ.Акрамов. – Вақте ки ӯ медонад дар кадом мавсими сол бо чӣ машғул шудан лозим аст, кораш пеш меравад. Бояд дар моҳҳои ноябр-декабр заминро шудгор кард ва дар зимистон яхобмонӣ намуд. Ҳамчунин, дар моҳи январ амофос ва пору пошидан ба замин гарави серҳосилӣ мебошад.
Деҳқон бояд дар моҳи январ гармхонаро бо ду қабат плёнка пӯшонад, ки ин усули гармкунӣ “Термос” ном дорад. Илова бар ин, дар ин моҳ ҷӯйҳо поку тоза ва ба мавсими нав тайёр карда мешаванд. 
Дар моҳи феврал шаклдиҳии дарахтҳо оғоз мегардад. 
Дар моҳи март бо оҳак сафед кардани дарахтҳо хуб аст. Барои ҳосили нағз гирифтан таги дарахту токро 30 сантиметр кофта ба он калий ва амофосро омехта карда рехтан фоида медиҳад. Ин амал решаҳоро мустаҳкам мекунад. Вақте ки донаҳои ангур мисли мош мешаванд ба он доруи кимиёии “Топас” пошидан зарур аст. Ҳангоми донаҳо то андозаи нахӯд калон шудан, ин амалро бояд такрор кард. Дар натиҷа ҳар як сари ангур то як кило вазн мегирад.
Доруи “Гумфос” барои ҳимоя аз ҳашарот истифода мешавад. Ин доруро ба кабудиҳо пошидан ҳам мумкин аст. Доруи “Би-58” ба меваю кабудиҳо ранги хуб медиҳад.
Ӯктам Акрамов ҳамеша серкору серғайрат буда, гоҳо то нимаи шаб кор мекунад. Ба дигарон низ дар корҳои деҳқониву боғбонӣ ёрӣ мерасонад ва дуо мегирад.

Ҷамшеди АСРОР,
ноҳияи Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: