ДИАБЕТИ ҚАНД БЕМОРӢ НЕСТ...

Бино бар маълумоти мутахассисони соҳаи тиб аз соли 1991 ин ҷониб ҳар сол 14-уми ноябр ба муносибати рӯзи таваллуди Фредерик Бантинг, ки соли 1922 якҷо бо Чарлз Бест барои кашфи инсулин – доруи бемории диабети қанд ҳисса гузоштааст, Рӯзи умумиҷаҳони мубориза бар зидди диабети қанд қайд карда мешавад.

Умуман гирем ин бемории нав нест. Маълумот доир ба бемории қанд дар қайдномаи шифокорони Юнон Селс ва Арет дар асрҳои аввали пеш аз милод оварда шудааст. Одамон дар давоми солҳои зиёд бо ин беморӣ чӣ гуна мубориза бурданро намедонистанд. Ташхиси «диабети қанд» ба бемор на фақат барои шифо ёфтан, балки барои идомаи ҳаёт умед намебахшид. Моҳи январи соли 1922 олими ҷавони канадагӣ Фредерик Бантинг моддаи инсулинро  карда, ҳаёти бемори 14-солаеро, ки ба навъи вазнини ин беморӣ гирифтор шуда буд, ҳифз мекунад. Бантинг барои ба моддаи инсулин патент гирифтан тамоми ҳуқуқҳои худро ба Донишгоҳи Торонто медиҳад. Баъдтар ин ҳуқуқ ба Шӯрои тадқиқотии тиббиёти Канада фиристода мешавад ва охири соли 1922 доруи нав ба фурӯш мебарояд. 
Тавре ки мутахассисони соҳа қайд мекунанд, имрӯз роҳи табобати бемории диабети қанд мавҷуд набошад ҳам, бемории мазкурро бо кӯмаки моддаи инсулин таҳти назорат нигоҳ доштан имконпазир аст. Кашфиёти мазкур ба ҳифзи ҳаёти миллионҳо одамон имконият фароҳам меоварад. 
Дар ин бобат аз ҷониби Федератсияи байналхалқии диабет ва Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ корҳои васеъмиқёс амалӣ мешаванд. Бинобар ақидаи мутахассисони соҳа, мақсад аз гузаронидани Рӯзи умумиҷаҳонии диабети қанд ва моҳонаи он ҳар чӣ бисёртар хабардор кардани одамон аз бемории диабети қанд, пешгирӣ ва табобати он мебошад. Алҳол дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакатамон диспансерҳои эндокринологӣ фаъолият мебаранд. Дар онҳо беморони гирифтори диабет мунтазам ба рӯйхат гирифта мешаванд. Доруи инсулин ба бачаҳо ва наврасоне, ки дар онҳо хастагии қанд мавҷуд аст, ройгон пешкаш мегардад. Ҳамчунин, ба беморони дигар доруҳои коҳишдиҳандаи миқдори қанд супурда мешаванд.  
– Диабети қанд беморӣ нест, балки бинобар риоя накардан ба тарзи ҳаёти солим сар мезанад, – мегӯяд шифокор-эндокринолог Лазокат Қосимова. – Масалан, агар одамон худро назорат карда, миқдори қандро дар хун пеш аз хӯрокхӯрӣ ва баъд аз он зуд-зуд санҷида раванд, дар онҳо ҳеҷ вақт ин иллат рушд намеёбад. 
Барои ин ҳама вақт аз назорати амиқи тиббӣ гузаштан лозим. Ба худ бояд эътибор дод. Ба тарзи ҳаёти солим риоя кардан зарур, яъне бо варзиш шуғл варзидан, бисёртар пиёда гаштан, дуруст таом хӯрдан даркор аст. Зеро одамон туфайли ҳаёти камҳаракат ва таомхӯрии нодуруст, истеъмоли зиёди ширинӣ ба бемориҳои гуногун гирифтор мешаванд ва дар натиҷа миқдори қанд дар хун зиёд мешавад.    
Бинобар гуфти шифокор Лазокат Қосимова, диабети қанд асосан ду навъ аст. Агар намуди якуми он дар бачагону наврасон пас аз тепкӣ, сурхча, гепатит барин инфексияҳои вирусдор мушоҳида шавад, навъи дуюми он асосан, дар одамони синнашон калон вомехӯрад. Дар хуни бемороне, ки ба намуди якуми диабет гирифторанд, миқдори инсулин хеле кам мешавад ё умуман вуҷуд надорад. Дар онҳо механизми хориҷкунандаи инсулини ғадуди зери меъда аз кор мебарояд. Барои ҳамин ба инъексияи инсулин муҳтоҷ мешаванд. Дар сарзанӣ ва рушди ин намуди диабет омили насл нақши муҳим дорад. Узвҳои нозуки эндокринии ғадуди зери меъдаи ба касалӣ моили падару модар, бобою бибӣ ба фарзандон мерос мемонад. Ин навъи диабети қанд 10 фоизи миқдори умумии гирифторони диабетро ташкил медиҳад. Навъи дуюми диабети қанд ба инсулин вобаста нест, зеро ғадуди зери меъда инсулин истеҳсол мекунад. Дар ба вуҷуд омадани ин намуди диабети қанд тарзи ҳаёти носолими инсон, аз ҷумла, истеъмоли зиёди хӯроки равғанин ва ширинӣ, камҳаракатӣ ва асабишавии доимӣ мебошад. Барои ҳамин ҳам дар бисёр ҳолатҳо ин намуди беморӣ аксаран дар одамони наслан фарбеҳ мушоҳида мегардад ва баъд аз синни 40-45 рушд меёбад. Ин навъи диабет 90 фоизи миқдори умумии беморонро ташкил медиҳад. 
– Нишонаҳои асосии диабети қанд дар бачаҳову наврасон ва калонсолон дар аввал ташнашавӣ, яъне зуд-зуд хушкшавии даҳон, харобшавӣ, пешоби зиёд ва ғайра мебошанд. Ин нишонаҳо дар бачаҳо зуд муайян мешавад, дар калонсолон бошад, дертар. Аз ин сабаб, дандонҳо мерезанд, пойҳо дард мекунанд, чашм хира мешавад, дар баъзе ҳолатҳо дар пойҳо қаросон пайдо мегардад, – мегӯяд Лазокат Қосимова. – Бемории диабети қанд оҳиста, ногаҳон пайдо мешавад. Бисёр вақт тасодуфан муайян мегардад, вале асоратҳои хавфнокаш зуд ривоҷ меёбад. Барои ҳамин бо маслиҳати шифокор доруҳои коҳишдиҳандаи миқдори қандро истеъмол ва ба парҳез риоя кардан, иҷрои машқҳои ҷисмонӣ тавсия  мешавад. Дар ҳар ду навъ саривақт муайян ва пешгирӣ кардани беморӣ ва рушди он хеле муҳим аст. Аз ин рӯ, ҳангоми муайян гардидани ҳолатҳои болоӣ ба шифокор муроҷиат кардан мувофиқи мақсад аст. 

Меҳровари ҚОДИР,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: