ДИДАНИ ДӮСТ ЧЕҲРАИ ДӮСТӢ БИАФЗОЯД

Тоҷику ӯзбек.

Мардумони Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро суннатҳои неки бисёрасра ва эҳтироми ҷониббайн муттаҳид месозанд.
Эмомалӣ РАҲМОН.

Тоҷику ӯзбек. Ду миллати бо ҳам қарин, дӯстони ҷонианду устувор дар олами меҳрубонӣ. Ва аз қадим дар байни онҳо риштаҳои дӯстӣ пайвастаанд. Дар асри XV ду абармарди майдони адаб, устоду шогирд Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ бо асарҳо ва муносибати басо самимии худ дӯстии ду миллатро тақвияту такомул бахшидаанд. Навоӣ аз шоиронест, ки асарҳои устодаш Мавлоно Ҷомиро ба забони туркӣ тарҷума кардааст. Аз ҷумла, «Нафаҳот-ул-унс» ва «Шавоҳид-ул-нубувват»-ро. Ӯ то лаҳзаҳои вопасини умр ба устодаш содиқ монд. Дар сӯги устодаш марсия навишт ва дар сари қабри Ҷомӣ мақбара афрохт. Умуман бобати дӯстии ҷонии онҳо чӣ қадар гӯем, кам аст.
Имрӯз ду миллати бо ҳам дӯсту бародар барои густариш додани муносибатҳои байниҳамдигарӣ, пурбор шудани дарахти дӯстӣ саҳм мегиранд. Аҳли адаб, ба хусус шоирони ҳарду миллат ин дӯстиро васф мекунанд. Аз ҷумла, шоири ӯзбекзабони Тоҷикистон, зиндаёд Ӯлмас Ҷамол навиштааст:
Аз қадим ӯзбеку тоҷик, 
эт билан тирноқ эрур,
Қон-қариндошлик 
шиораш, қӯлида байроқ 
эрур,
Бир-бирин меҳмонга 
чорлаб, йӯлида муштоқ 
эрур,
Тоқати ҳиҷрон надорад, 
васлига чанқоқ эрур,
Ушбу дӯстлик ҳар 
қадамда топғуси фатҳу зафар.
Дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ ҳам пешоҳангони адабиёти тоҷику ӯзбек, устодони каломи бадеъ ба мисли Айниву Ғафур Ғулом, Турсунзодаву Зулфия, Лоиқу Абдулло Орипов ва дигарон дӯстиро васф кардаанд. Нафаре аз шоирони тоҷик муносибати дӯстонаву самимии ин ду миллатро тариқи зайл ифода намудааст: 
Эрур қадим-қадимдан, 
тоҷик-ӯзбек биродар,
Фарқи йӯқ бир-биридан, 
ду боли як кабӯтар.
Меҳмоннавоз, инсондӯст, 
сазовори накӯӣ,
Сӯзлашсалар тарафайн, 
гӯё ки ширу шакар.
Воқеан, мо бародарони кишвари ҳамсоя – Ӯзбекистонро дар сарзамини аҷдодиамон ҳамеша бо чеҳраи кушод, меҳрубонӣ мувофиқи ин абёти баландмазмуни устод Мирзо Турсунзода истиқбол мегирем:
Дӯст ояд гарм дар 
оғӯш гир,
Расми хуби тоҷиконро 
гум макун.
... Дар ҷаҳон бе дӯст 
будан мушкил аст,
Мушкилосонкункасонро 
гум макун.
Ин ду миллат аз азал хешу таборанд. Бемуболиға, метавон гуфт, ки онҳо танҳо бо забонашон тафовут доранд. 
Ду кишвари дӯсту ҳамсоя – Тоҷикистону Ӯзбекистон дар замони соҳибистиқлолии хеш ҳам бо рангу ҷилои нав муносибатҳои дӯстонаашонро пурмазмун мекунанд. Бо шодмонӣ ва эҳсоси ифтихору қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки алҳол муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – Президенти Тоҷикистон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев – Президенти Ӯзбекистон дар устувору барқарор намудани муносибатҳои дӯстонаи байни миллатҳои тоҷику ӯзбек хидматҳои шоён ва сазовори таҳсин доранд. Онҳо зимни сафарҳои расмӣ намунаи олии дӯстиро нишон дода, ба хотири рушду таҳкими арзишҳои созандаи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ саъю талош менамоянд. Дар фикри онанд, ки фазои куллан навро барои ҳамгироии созандаи минтақавӣ фароҳам оваранд. 
Ҷиҳати ҷолиб он аст, ки сафари расмии сарварони ин ду кишвар барои мардумони меҳмоннавози онҳо идро мемонад. Истиқболи хуш ва гарм, кафкӯбии пурмавҷ ва савту сурудҳои дилнавоз ба дилҳо фараҳ мебахшанд. Меҳмоннавозӣ ҳам дар сатҳи баланд сурат мегирад. 
Ба хотир меоварем нахустин сафари расмии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон (9-10 марти соли 2018). Пазироии бағоят хуш. Ва ин ташриф бор овард. Чанде аз гузаргоҳҳои сарҳадии ҳар ду кишвар ба ҷониби ин ду миллат боз шуданд. Дар назди сарҳадҳо вохӯрии хешу табори солҳо дидори якдигарро надида ба миён омад. Яъне сарони ду кишвар кори шоёнро ба анҷом расониданд.  
Дар сафари навбатии давлатиаш, ки 27 сентябр баргузор шуд, Президенти Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо Сарвари Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Турсунзода ташриф оварда, аз ҶСК «Ширкати алюминийи тоҷик», ҶДММ «ТалКО-КРАНТАС», инчунин аз хоҷагиҳои деҳқонии «Боғи Сомон», «Ҳоҷӣ Неъмат», «Ватан» боздид ба амал овард ва ба заҳмати ангурпарварони асили хоҷагиҳои мазкур баҳои баланд дод. Президенти Ӯзбекистон бо арҷгузорӣ ба меҳнати ангурпарварон ба сарварони хоҷагиҳои деҳқонии «Боғи Сомон» ва «Ватан» ду автомобили сабукрав тақдим намуд...
2 июни соли равон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Ӯзбекистон сафар кард. Истиқболи гарми Президенти Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва пазироии дӯстонаи мардуми ӯзбек ба меҳмони олиқадри Тоҷикистон ва ҳамроҳони ӯ хурсандиву сурури беинтиҳо бахшид.
Бояд гуфт, ки мулоқоту гуфтушунидҳои Сарони ду давлати ҳамсоя дар таҳкими равобити самарабахши Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла дар таҳкими ҳамкории мутақобилан судбахши кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва ИДМ нақши калидӣ мебозад. Коршиносон тақвияти рушди муносибати байнидавлатии ин ду кишварро дар шароити муосири ҷомеаи байналмилалӣ таҷрибаи мактаби хос ва бузурги давлатдории тоҷикон арзёбӣ намуданд, ки он аз аҳди Сомониён сарчашма гирифтааст.
Воқеан, дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбекро чӣ қадар васф намоем, кам аст. Бигузор, ба дӯстии ин ду миллати ба ҳамдигар қарин газанде нарасад, он поянда бимонад.

Акрам ИКРОМОВ,
Аълочии матбуот ва фарҳанги Тоҷикистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: