ДИДИ ХОСАИ ҲИКМАТ ВА ҲИКМАТҲОИ РӮЗГОР

Пешаи Ҳикмат Султонзода омӯзгорист.

Айни замон аз солҳои донишҷӯйӣ бо эҷоди бадеӣ машғул аст. Ҳаводорони «Овози тоҷик» ба чакидаҳои қаламаш аз дер шинос мебошанд.
Вай зодаи деҳаи Соихурди ноҳияи Нурато буда, баъди хатми дабистони таълимии рақами 43 роҳи Душанберо пеш гирифт, солҳои 1991-1996 дар Донишкадаи омӯзгории пойтахти Тоҷикистон таҳсил намуд. Аз соли 1998 то соли 2003 дар Тошканд ба сар бурд ва дар нашриёти «Ӯзбекистон»-и Кумитаи давлатии матбуоти ҷумҳурӣ ба сифати муҳаррир ва мудири шуъба фаъолият намуд. Муддате бо тарҷумонӣ шуғл варзид. Алъон дар яке аз дабистонҳои таълими ҳамагонии ноҳияи Чинози вилояти Тошканд чун муаллими забон ва адабиёти тоҷик кор мекунад.
Маҷмӯаҳои ӯ «Бозгашти Ҳикмат» ва «Сеҳри сухан» аз ҷониби ҳаводорони каломи бадеъ пазируфта шуданд. Инак, дафтари сеюми ӯ аз ҷониби нашриёти «Ноширлик ёғдуси» (Тошканд) бо унвони «Авҷи Ҳикмат» ба табъ расид, ки аз шеърҳо, ҳамчунин намунаи ҳаҷвияҳояш ба тариқи наср фароҳам омадаанд.
Муаллиф дар яке аз  шеърҳояш, ки «Қалам» ном гирифта, зикр менамояд, ки «Мӯниси шабҳои тори ман қалам». Пайдост, вай ба қаламу коғаз ва умуман, адабиёту эҷоди бадеӣ дилбастии қавӣ дорад, шеър ва сухан ҷузъи ҷудонопазири рӯзгори маънавии ӯст. Дар «Одамият», «Дӯст», «Одам будааст», «Аё инсон» барин намунаҳои эҷодиаш меҳру оқибат, ҷавонмардӣ, одамдӯстӣ барин беҳтарин фазилатҳои инсониро тараннум месозад. Ноодамӣ, фиреб, худбинӣ, айёриву риёкориро баробари ин сахт маҳкум менамояд.
Одамият дину имони ман аст,
Одамият ҷавҳари ҷони ман аст.
Эҳсоси қалби мардуми шукргузор дар «Шукрона» ном сарводаи Ҳикмат муассир ифода ёфтааст. Қисмати «Чаҳордара» аз дубайтию рубоиҳои дар солҳои гуногун эҷодкардаи Ҳикмат таркиб ёфтааст. Дубайтиҳо, хусусан, бо равонӣ ва салисӣ ҷудо шуда истода, хонандаро ба андеша водор месозанд.
Наям андар сари ҷоҳеву мансаб,
Маро илмест бо худ кашфи мактаб.
Агарчӣ хӯрдаам санги маломат,
Нагаштам аз раҳи оину мазҳаб.
Муаллиф дар асл кӣ ва чикора будан, айни замон, ниятҳои эҷодиашро аз забони қаҳрамони лирикӣ ин тавр иброз медорад:
Наям аз аҳли молу сарват, эй дӯст,
Наям аз аҳли ҷоҳу давлат, эй дӯст.
Ҳамехоҳӣ, ки фаҳмӣ аслу фаслам?
Бидон: ман з-аҳли илму ҳикмат, эй дӯст.
Дар ҳаҷвияҳои Ҳикмат Султонзода иллат ва норасоиҳои ҷамъиятӣ фош, роҳҳои наҷот ва ҳаллу фасли масъалаҳои дарднок то андозае нишон дода шудаанд. Дорувор ҳарчанд талх, бе он муолиҷа душвор. Заҳрханд ва кинояҳо дар ҳаҷвиёти «Авҷи Ҳикмат», умедворем, дар табобати баъзе иллатҳои рӯзгор ба кор меоянд.

С. БЕКНАЗАРОВА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: