ДИДОР АЗ ШАҲРИ ШАРИФ ВА ДӮСТОНИ КУҲАН

Баъзан ба Бухоро равам ҳам, таъҷилан бармегаштам, зеро сараввал бо корҳои таълим ва баъдан дар хидмати ҳарбӣ будам.

Баъзан ба Бухоро равам ҳам, таъҷилан бармегаштам, зеро сараввал бо корҳои таълим ва баъдан дар хидмати ҳарбӣ будам. Барои дидор бо дӯстон ва зиёрати зиёратгоҳҳои мубораки ин шаҳри бостониву замонавӣ вақт намерасид. Вале ин дафъа фурсат шуду зиёратгоҳи Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд, қабри модари ин пир ва оромгоҳи устоди ӯ – Саид Амири Кулолро дидем, зеро ин бор сафари мо ба Бухоро ба давраи нафақахӯрӣ рост омад. 
Се нафар ҳамсафарон аз вилояти Намангон дар Ғиждувон аз мошин фуромадем. Моро омӯзгори собиқадор Файзӣ Орифов бо ҷиянаш Лутфуллоҳ дар қарибии тарабхонаи «Бек»-и шаҳр бо шодмонӣ пешвоз гирифтанд. Файзӣ Орифов бо мо бахши забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи омӯзгории Самарқанд ба номи Садриддин Айниро хатм кардааст. Вай инсони тануманд, муаллими бомаҳорат ва хушсухан мебошад. Ман баъди солҳои тӯлонии омӯзгорию хидмати ҳарбӣ ба дидори рафиқи ҳамсабақи худ расидам. Шабро дар деҳаи Хоҷа Ғуломдеҳи ноҳияи Шофиркон, дар хонаи ин дӯсти солҳои донишҷӯйӣ гузарондем. Суҳбати самимии мо то ними шаб идома дошт.
Субҳи рӯзи дигар аввал ғами бозгаштро хӯрда, аз вокзали Когон ба қатора чипта харидем. Сипас, Бухорою атрофи онро тамошо кардем. Аввал ба зиёратгоҳи устоди Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд – Саид Амири Кулол рафтему тиловат кардем. Инчунин, масҷиди назди мақбараро тамошо кардем, ки хеле зебо гардида буд.
Дар байни мақбараи Баҳоуддини Нақшбанд ва волидаи ин пири тариқати Нақшбандия боғи наву хушманзарае барпо шудааст. Мегӯянд, ки даҳсолаҳо пеш меъмории Хоҷа Баҳоуддин харобу назарногир будааст.
Арки Бухоро – қалъаи муҳташами амирони гузаштаи он аст. Муаррихон сохтмони онро ба замони хеле қадими қабл аз милод – Сиёвушшоҳ мансуб медонанд. Арк дар шӯришу задухӯрдҳои таърихи тӯлонӣ осебу шикаст дида, аз нав таъмиру эҳё гардидааст. Ҳоло арк чун ёдгории меъмории бостонӣ барҷост.
Мақбараи Исмоили Сомонӣ бинобар санаду ҳуҷҷатҳо аз хишти пухта, гаҷ ва чӯб бунёд ёфтааст. Мегӯянд, ки то бунёди он – асрҳои IX-X биною ёдгориҳои меъмориро бо хишти хом месохтаанд. Аз ин ҷост, ки Исмоили Сомониро асосгузори хишти пухта ҳам ном мебаранд.
Хиштҳои нафису пухтаи рӯйи девори ғафси мақбара уфуқӣ ва амудӣ буда, хеле назаррабоянд.
Мақбараи Исмоили Сомонӣ, эҳтимол аз ҳамин сабаб аз ёдгориҳои нодири Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад. Вай аз беҳтарин меъмориҳои он давр шумурда мешавад. Ҳамсафару ҳамкасбони камина Олимҷон Мӯъминови косонсойӣ ва Мирзораҳим Мирзоазизови попӣ ин мероси бебаҳову нодирро аккосӣ карданд.
Бухоро – шаҳри сермеҳмон аст. Сафи сайёҳони маҳаллӣ ва хориҷӣ кам намешавад. Баҳрабардории маънавии мо аз дигар дурдонаҳои санъати меъмории ин шаҳри куҳан ва зиёратгоҳҳои сершумори он ба дафъаи оянда монд.
Вафоти ногаҳонии ҳамкурси собиқамон Йӯлдош Йӯлдошев (аз ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ) ба мо – дӯстони ҳамкурсу ҳамсабақ хеле гарон афтод. Аз ҳама бештар дили ҳамкасби пешкӯиамон, муаллими собиқадор Қӯлдош Халлоқов ба Йӯлдош, ки чун додараш наздик буд, бисёр сӯхт, рӯҳафтодаву бемори вазнин шуд. Пай дар пай муолиҷа гирифта, ба по хест. Ба шукронаи ин сиҳҳатёбӣ ва осудагӣ моро аз вилоятҳои гуногун ба дидорбиниву меҳмонӣ даъват кард, вале бинобар пандемия рафта натавонистем. Танҳо занг зада, аз дӯстон ҳолпурсӣ мекардем.
Ин дафъа бахтамон тофту ба деҳаи Миришкори ноҳияи Пешкӯ рафтем ва меҳмони хонаводаи Халлоқов шудем. Ғайр аз сардори оила, аз Шофиркон Файзӣ Орифов, аз Самарқанд Мавҷуда Нарзуллоева, Мавсума Қосимова, Ҳамроқул Вафоев, аз Нурато писари Йӯлдошеви шодравон – Муҳаммад, додару аҳли оилаи Исроил Бозоров (рӯҳаш шод бод) аз Косонсой ва боз мо, 3 нафар намангониён ҷамъ омадем. Дӯстони фарғонагӣ ва чанде аз Самарқанд бо узру сабабҳои гуногун омада натавонистанд.
Соҳибхона Халлоқов хатнасури ихчаму камхарҷи 5 набераашро дар тӯйхонаи «Шаҳнозабону»-и деҳааш барпо намуд. Мо, ки аслан ба ин муносибат ба ин диёр даъват шуда будем, сарвару масъулони маросими хурсандибахшро самимона муборакбод кардем. Аз таҳнияту табрикҳои мо дӯстамон Қӯлдош Халлоқови сиҳҳатёфта, худро боз бештар солиму бардам ва хушҳол ҳис мекард. Хурсандии аҳли хонавода ва хешовандону ақрабои он  ҳадду канор надошт...

Ш. МИРЗОЕВ.
Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: