Дар фароғатгоҳи хушбоду ҳавои «Марворид»-и ноҳияи Тирмиз вохӯрии се авлод бо тантана гузаронида шуд.
Чунин вохӯрӣ соли ҷорӣ маротибаи дуюм гузаронида мешавад.
Дар ҳама шаҳру навоҳии вилоят намояндагони се авлод: мӯйсафедони нуронӣ, насли миёнсол ва ҷавонони иқтидорнок ташриф фармуда, дар тадбир фаъолона ширкат варзиданд. Аз чеҳраҳои болидаи иштирокчиён мамнуният баръало ҳис карда мешуд. Зиёда аз 1500 нафар меҳмонон сари як пиёла чой дидорбинӣ намуда, суҳбатҳои самимӣ доир сохтанд. Дар вохӯрӣ ҳокими вилоят Улуғбек Қосимов ширкат варзид. Ӯ ба нурониҳо муроҷиат карда, ҳаёти ибратноки онҳо ба ҷавонон ҳамеша неру ва ғайрату шуҷоат бахшиданашро алоҳида таъкид намуд.
– Мо ҳамеша нурониҳои дуогӯйро эҳтирому эъзоз медорем. Таҷриба ва роҳи зиндагии шумо ҳамеша сармашқи кору зиндагии мост. Шумо раҳнамои мо ҳастед, – гуфт У.Қосимов.
Дар тадбир намояндагони марказҳои миллӣ-мадании тоҷикон, русҳо ва туркманҳо низ фаъол ширкат варзиданд. Дар ҳавои барномаи мусиқӣ хурду калон, марду зан рақсида, вохӯриро ба иди ҳақиқӣ табдил доданд. Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон Маҳмуд Намозов бо суруду таронаҳои дилнишин табъи ҳамаро болида сохт.
Олим ПАНҶИЗОДА,
хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.