«ДИГАР ИН КИШВАР... ЧИН АСТ»

Бино бар тақозои вазифа, мо аҳли таълим забон, таомулу анъана ва таърихи мардумеро, ки дар байнаш ҳатто муддате зиндагӣ ва кор мекунем, водор мегардем амиқ омӯзем.

Ӯзбекистон мисли Чин молики таърихи ғанӣ ва аҷоиб аст. Муносибати Чин ва давлатҳои озоди Осиёи Миёна ба таърихи қадим мерасад. Мутаассифона, дар адабиёти илмӣ аз ин хусус кам менависанд, аксаран муҳаққиқон андешаҳои худро бо мафҳум ва хулосаҳои мавҳум ва умумӣ маҳдуд месозанд.
Рисолаи тадқиқотии доктори улуми фалсафа, профессор Ҳақназар Қурбонмамадов «Образ Китая и китайцев в художественной литературе Средней Азии X-XIX веков» (Тошканд, 2019), ки ба яке аз ҷанбаҳои робитаи мутақобилаи Чин ва Осиёи Миёна – зуҳури нақши Чин дар адабиёти бадеии Осиёи Миёнаи қарнҳои X-XIX бахшида шудааст, ҳоло зери дасти мост.
Ин кори муҳаққиқро бо таваҷҷӯҳи зиёд мутолиа кардам ва ба хулосае расидам, ки мардумони Осиёи Миёна Чинро чи дар гузашта ва чи имрӯз чун кишвари дуру бегона нашинохта, балки онро мисли ҳамсояи дӯстманиш пазируфтаанд, ки он равобити худро бо ҳамсоягон дар раванди ахлоқи ҳамидаи баланд ва эътимоду эътино дидааст.
Дар вобастагӣ бо фолклори халқҳои тоҷику ӯзбеку туркману қирғиз муаллифи асар бо эътимоди комил нишон медиҳад, ки алоқаи мардуми оддӣ нисбати Чин ва халқи он ҳамеша самимӣ ва аз лиҳози инсонӣ гарм буд. Маҳз дар фолклор рӯҳ ва ормонҳои аслии одамони хокӣ – зиндагӣ дар фазои сулҳу рифоҳу дӯстӣ бо халқу қавмҳои дигар баҳам омадааст. Дар чунин асарҳои бузурги шеърии ҳунари мардумӣ, мисли ҳамосаи «Манас», «Алпомиш»-и ӯзбекӣ, «Гӯрӯғлӣ»-и тоҷикӣ ва ғайра нақши Чин қариб аст, ки ҷойгоҳи  асосиро ишғол менамояд. Муроҷиати муаллифи мавриди назар ба фолклори халқҳои Осиёи Миёна амри тасодуф нест. Аз як лиҳоз, аз ин тадқиқот эътимоди амиқи таърихӣ касб намояд, аз ҷиҳати дигар арзиши илмӣ ва тамоили инсонпарварии асар баланд мегардад.
Мардуми оддӣ дар нақши Чин чун диёри наздик ва ҳатто қарибро медид ва мебинад.
Фолклор ин василаи наздиксозии ҳар гуна миллату қавмҳо ба шумор меравад. Он барои мо аз илми мураккаби ҳамдигарфаҳмӣ сабақи муфид медиҳад. Ва нақши зиёди Чин дар фолклори халқҳои Осиёи Миёна далели аёнии ин аст.
Ҳамосаи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ аз равобити қадимии таърихӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангии Осиёи Миёна, Эрон ва Чин равшан далолат менамояд. Дар ин шоҳасари фарҳанги маънавии башарият аз мисолҳои собиткунандаи робитаҳои доманадори тиҷоратии Чин ва Осиёи Миёна, Эрон зиёд пайдо намудан мумкин. Маҳз Фирдавсӣ (а.Х) аввалин адибест, ки нақши Чинро чун феномени тамаддунсоз дар адабиёти бадеии ҷаҳон бозрасӣ менамояд. Фирдавсӣ ин кишварро бо мазмуни созандагӣ ва маънавӣ бозтоб медиҳад. Шоир образи Чинро дар назар зинда гардонда, онро ҳомили ғояҳои фалсафӣ ва эстетикии худ гардонд. Он мазмуни маънавӣ, ки дар вуҷуди «Шоҳнома» сиришта шудааст, дар замони мо низ равшан ҷило медиҳад.
Гузашта аз ин, Ҳаким Фирдавсӣ бори нахуст дар тарҳи бадеиву рамзӣ аз гуфтугӯи фарҳангҳои мардумони мухталиф сухан ба миён меорад. Чунин таъбирҳо, мисли «ҳарири чин», «наққошии чин», «нигористони чин», «наққоши чин» ва ғайра на фақат ифодагари вазъи равобити тиҷоратӣ, балки дараҷаи рушди гуфтугӯи маданиятҳои Осиёи Миёна ва Чин дар асри Х низ мебошад. Фарҳангҳои Осиёи Миёна ва Чин дар даврони Ҳаким Фирдавсӣ дар тамоси гуфтугӯй қарор доштаанд, ки инро шоир ба василаи шеър хуб ифода кардааст.
Дар хусуси эҷодиёти Низомӣ, Амир Хусрав, Саъдӣ ва Ҷомиву Навоӣ низ ҳаминро гуфтан мумкин аст. Навоӣ, барои мисол, образи Чинро мисли як падидаи қудсӣ пазируфтааст.
Фаридуддини Аттор (1150-1230) бошад, мегӯяд:
Дигар ин кишвари Турк 
асту Чин аст,
Зи адли ӯ ҳама Чин пурнигор аст.
...Шаҳи Фағфур шаҳи ин диёр аст,
Саросар ҳадди Туркистонзамин аст. 
Бинобар осори шоирони классики Осиёи Миёнаи қарнҳои X-XIV, мутафаккирон, шоирон бо ихлос ба некии табиӣ ва ақли инсонӣ, ба имконияти офаридани ҷомеаи инсонӣ, ки дар он равобити одамон дар чорчӯбаи баробарӣ ва адолат, яъне ҳадди камоли маънавӣ ҳукмронӣ менамояд, эҷод ва зиндагӣ намудаанд. Мисоли равшани ин гуфтаҳоро дар бисоти файласуфи Чин Ван Чун (1472-1529) ва Мавлоно Ҷомӣ (1414-1492) вохӯрдан мумкин. Дар онҳо бисёр нуктаҳои умумии ғоявиро дидан мумкин аст. Ҳарду тақрибан дар як давр зиндагӣ ва эҷод кардаанд ва барои аҳди худ ғояҳои хаёлиро ба вуҷуд овардаанд.
Муаллиф дар китоби худ дуруст қайд мекунад, ки шабоҳати ғоявии даосизми Чин ва тасаввуфи Осиёи Миёна шоистаи пажӯҳиши ҷиддии илмӣ мебошад, зеро ин имкон медиҳад решаҳои амиқи таърихии равобити фарҳангҳои Чин ва Осиёи Миёна ифшо карда шаванд. Дар дебочаи китоб академик Тӯра Мирзоев маҳз ба ин ишора намуда менависад: «Маълум аст, ки равобити Чин бо минтақаи Осиёи Миёна ба даври бостон мерасад, ки аз ин осори ҳафриётӣ, этнографӣ ва фолклорӣ гувоҳӣ медиҳанд. Аммо, мутаассифона, ин қишри боҳашамати маданият то ҳанӯз бозрасӣ нагардида, дар партави фарҳанги қадимии мардумони Осиёи Миёна чун «доғи сиёҳ» боқӣ мемонд».
Шоистаи  зикр аст, ки пажӯҳиши Ҳ.Қурбонмамадов дар Осиёи Марказӣ аввалин кори ҷиддиест, ки ба омӯзиши решаҳои равобити мутақобили Осиёи Миёна ва Чин бахшида шудааст. Боз муҳим он аст, ки аввалин қадами ҷиддӣ дар пайи омӯзиши алоқаи мадании ин ду минтақаи тамаддунзо дар асоси маводи адабиёти бадеӣ гузошта шуд.

Ян ТАЙБАО,
профессор, директори Институти Конфутсий дар Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: