ДИГАРГУНИҲОИ АГРАРӢ, ХОҶАГИИ ОБ ВА ЭКОЛОГИЯ

Дар Маркази матбуоти миллӣ бахшида ба фаъолияти нимсолаи аввали соли ҷорӣ ва корҳои устувори ояндаи наздики Кумитаи масъалаҳои аграрӣ, хоҷагии об ва экологияи Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон нишасти матбуотӣ доир гардид.

Дар Маркази матбуоти миллӣ бахшида ба фаъолияти нимсолаи аввали соли ҷорӣ ва корҳои устувори ояндаи наздики Кумитаи масъалаҳои аграрӣ, хоҷагии об ва экологияи Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон нишасти матбуотӣ доир гардид.
Чунон ки дар чорабинӣ таъкид гардид, дохил кардани пешниҳодҳо бинобар амалисозии назорати муттасили парлумонӣ бино ба иҷрои ҳуҷҷатҳои қонун, барномаҳои давлатӣ оид ба соҳаи аграрӣ, хоҷагии об ва экология, такмил додани ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии дахлдор яке аз вазифаҳои асосии кумитаи мазкур ба ҳисоб меравад. 
Дар доираи тайёрӣ ба маҷлисҳои умумие, ки дар давраи ҳисобот гузаронида шудаанд, аз ҷониби кумита қонунҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ҷангал» ва «Дар бораи карантини растаниҳо» (таҳрири нав) дида шуд.
Дар давоми омӯхтани иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» аз ҷониби мақомоти назорати давлатӣ як қатор муаммоҳо муайян карда шуданд. Аз ҷумла, дар соҳаи ветеренария ба беш аз 1300 нафар кадри соҳиби маълумоти олӣ эҳтиёҷ ба вуҷуд омадаст, дар ҷумҳурӣ дар беш аз 5 ҳазор хоҷагии фермерии ба чорводорӣ ихтисосонидашуда ва наздик ба 2 ҳазор хоҷагии паррандапарварӣ воҳиди штати духтури ветеренарӣ ҷорӣ карда нашудааст.
Таъкид гардид, ки ҳолати имрӯзаи соҳаи аграрӣ, роҳҳои бартараф кардани монеаҳое, ки рушди минбаъдаи хоҷагии қишлоқ халал мерасонанд, аз ҷумла устувор кардани асосҳои илмиву услубии истифодаи самаранок аз захираҳо ва воситаҳои истеҳсолот дар хоҷагии қишлоқ, ҷорӣ кардани механизмҳои бозори замонавӣ аз масъалаҳои муҳими соҳа ба шумор мераванд.
Солҳои охир ислоҳоте, ки дар соҳаи хоҷагии қишлоқ амалӣ мегарданд, ба куллан азнавсозии  соҳаи аграрӣ, ба усули инноватсионии рушди соҳа гузаштан, ба деҳқонӣ ва чорвадорӣ мутлақо бо диди нав муносибат кардан, азнавкоркарди  маҳсулоти бозор нигаронда шудаанд. 

Хусрав ҲАМИДОВ,
хабарнигори  «Овози тоҷик».   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: