ДИГАРГУНИҲОИ ИМРӮЗА – АСОСИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН

Пешниҳоди зиёди сарвари давлатамонро оид ба дохил намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия шунида, ба чунин хулоса омадам, ки дар заминаи ҳар яки он ҳадафи ягона, гиромидошти инсон, розигии он аз ҳаёти имрӯза, ҳисси боз ҳам дурахшон намудани ҳаётамон муҷассам аст.

Ин раванди сиёсие, ки бо ташаббуси Президентамон оғоз ёфтааст, барои саъю кӯшишҳои пурҷӯшу хурӯш, ба мисли фароҳам овардани шароити ҳамаҷониба барои бахту саодати мардум, некӯаҳволии имрӯзаи онҳо, ҳаёти ободи наслҳои оянда ҳамчун замина хидмат мекунад. Дар он ҷойе, ки сулҳ ҳаст, он ҷо рушду осоиштагӣ ҳаст. 
Дар кишвари сермиллати мо ба ин масъала низ дар сатҳи сиёсӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад, ки намояндагони миллату қавмҳои гуногун аҳлу тифоқ зиндагонӣ мекунанд. Мустаҳкам будани муносибатҳои дӯстонаи мо бо мамлакатҳои хориҷӣ, хусусан бо кишварҳои ҳамсоя зуҳуроти амалии ҷидду ҷаҳди мо дар ин соҳа мебошад.
Дар панҷ-шаш соли охир ба муносибатҳои байни миллатҳо ҳам диққати махсус дода шуд. Рафту омади байни давлатҳо мустаҳкам гардид. Аз ҷумла, сафарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба кишвари мо ва ё сафари сарвари давлатамон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистони ҳамсоя боиси ба роҳ мондани алоқаҳои мустаҳками байни ду халқи бародар дар тамоми соҳаҳо мегардад. 
Дар пойтахтамон боғи «Дӯстӣ» барпо карда шуд, ки ин барои миллатҳои гуногун як макони аҷиб буда, онҳоро дар як ҷо ҷамъ кард. Идомаи ин корҳо дар вилоятҳо низ ҳамин гуна «Хонаи дӯстӣ» ташкил карда шуд. Инчунин, маскани зебои ноҳияи Давлатободи вилояти Намангон, ки дорои тамоми қулайи ва шароитҳо мебошад, намояндагони миллатҳои гуногунро ба оғӯш гирифт. Гарчанде забон, дин, санъат, маданият ва анъанаҳои миллӣ гуногун аст, халқҳоро бо мақсадҳои муштарак муттаҳид намуданд. Бемуболиға гуфтан мумкин аст, ки дар Конститутсияи нав ба ин масъала ҳамчун зуҳуроти амалии таҳаммулпазирӣ ва инсонпарварӣ диққати махсус дода шудааст. 
Аз ин 30 сол пеш дар қабули якуми лоиҳаи Конститутсия, дар маросимҳо низ иштирок доштам. Замон бошиддат тағйир меёбад. Давраи болоравии соҳаҳои сиёсию иҷтимоӣ оғоз ёфт. Зеро, тартиби нав дар Ӯзбекистони Нав тақозои замон аст. Қариб 300 ҳазор нафар шаҳрвандони тоҷики вилояти мо дар ҳама соҳаҳо барои ободии кишварамон, бунёди зиндагии озоду обод паҳлӯ ба паҳлӯ истода заҳмат мекашанд, барои рушди мамлакат, гул-гулшукуфии он бо ҳисси дахлдорӣ зиндагонӣ мекунанд.

Абдусаттор ҒАФУРОВ,
раиси Маркази миллии мадании тоҷикони вилояти Намангон,
дорандаи ордени «Дӯстӣ».        

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: