ДИГАРГУНИҲОИ ҚОНУНГУЗОРӢ ДАР БОРАИ ТАЪМИНОТИ НАФАҚАИ ШАҲРВАНДОН

Қонун аз 29 октябри соли 2021 № ҚҶӮ-726 «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон» қабул гардид.

Қонун аз 29 октябри соли 2021 № ҚҶӮ-726 «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон» қабул гардид.

Ҳамин тариқ, ҳоло тибқи Қонун «Дар бораи таъминоти нафақаи давлатии шаҳрвандон»:
якум, ҳуҷҷати асосие, ки собиқаи кориро тасдиқ мекунад, дафтарчаи меҳнатӣ (дафтарчаи меҳнатии электронӣ) мебошад. Дар давраи то 1 январи соли 2005 собиқаи кор дар асоси сабти собиқаи кори шахс дар дафтарчаи меҳнатӣ (дафтарчаи электронии меҳнатӣ) бе талаб намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда муқаррар карда мешавад (моддаи 42).
Дуюм, нафақа ба нафақахӯрон бинобар интихоби онҳо аз ҷониби шуъбаҳои ноҳиявӣ (шаҳрӣ)-и Фонди ғайрибуҷавии нафақаи назди Вазорати молия бинобар ҷойи зисти доимӣ ё ки ҷойи будубоши муваққатӣ тавассути ташкилоте, ки ба зиммааш расонда додани (супурдан)-и нафақа гузошта шудааст ва филиалҳои бонкҳои тиҷоратӣ  пардохта мешавад.
Сеюм, ба нафақахӯрони танҳо, ки дар хона-интернатҳо (пансионатҳо) барои пиронсолон ва маъюбон зиндагӣ мекунанд, фарқияти байни нафақа ва хароҷоти нигоҳдорӣ, вале на камтар аз 20 фоизи нафақаи таъиншуда (пештар – на камтар аз 10 фоиз) (моддаи 60) пардохта мешавад.
Чорум, ҷамъи нафақаи гирифтанашуда барои моҳе, ки нафақахӯр вафот кардааст, ба аъзоёни оилаи ӯ, ки дар сархати 1 моддаи 63 қонун нишон дода шудааст, барои моҳи мазкур пурра (қаблан - барои рӯзҳои ҳамин моҳ то вафоти  ӯ) дода мешавад.
Панҷум, моддаи 65-и қонун бо қисми 2 пурра карда шудааст, ки тибқи он ба   санҷиш (омӯзиш) ва нигоҳ доштан (ситондан)-и маблағи зиёдатӣ барои нафақаҳои таъиншуда ва (ё) аз нав ҳисобшуда, аз рӯи ҳуҷҷатҳои иловагии пешниҳодшуда ба мӯҳлати се ва ё даҳ сол, ки санаи оғози баргузории тафтиш (омӯзиш)-ро гузаштаанд,  роҳ дода намешавад.
Ҳуҷҷат дар пойгоҳи миллии маълумотҳои қонунгузорӣ чоп шуда, аз 30 октябри соли 2021 эътибор пайдо кардааст, хабар медиҳад «Norma».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: