ДИГАРГУНИҲОИ САНДУҚИ ТИЛЛОИИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ НИГОҲИ ЖУРНАЛИСТОН

Сафари навбатии журналистон дар Рӯзи қабули мадҳияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон бинобар нақшаи Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон дар доираи лоиҳаи «Журналист ва ҳаёт» дар ҳамкорӣ бо ҳокимияти вилояти Навоӣ ба мақсади шинос шудан бо дигаргуниҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, корҳои васеъмиқёси бунёдкорӣ, тағйир ёфтани тарзи ҳаёти мардум ба вилояти Навоӣ, ки сандуқи тиллоии Ӯзбекистони куҳану нав эътироф шудааст, сурат гирифт.

Сафари навбатии журналистон дар Рӯзи қабули мадҳияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон бинобар нақшаи Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон дар доираи лоиҳаи «Журналист ва ҳаёт» дар ҳамкорӣ бо ҳокимияти вилояти Навоӣ ба мақсади шинос шудан бо дигаргуниҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, корҳои васеъмиқёси бунёдкорӣ, тағйир ёфтани тарзи ҳаёти мардум ба вилояти Навоӣ, ки сандуқи тиллоии Ӯзбекистони куҳану нав эътироф шудааст, сурат гирифт. 
Мо гурӯҳи иборат беш аз 20 нафар журналистон дар поезди тезгарди “Афросиёб” роҳи  Навоиро пеш гирифтем. Аз он шукр мегӯем, ки баъд аз истиқлолиятро ба даст овардани мамлакатамон ҳам роҳҳои оҳан, ҳам поездҳо ва ҳам истгоҳҳову вокзалҳо куллан тағйир ёфтанд. Аз он ифтихор дорем, ки поездҳои тезгарди як вақтҳо аз киноҳои хориҷӣ дида, орзудоштаи мо имрӯз дар роҳҳои оҳани Ӯзбекистон равуо доранд. Дар самти “Тошканд-Бухоро” аввал поезди тезгарди “Шарқ”, баъд поезди замонавии тезгарди дорои тамоми қулайиҳо “Афросиёб” ба ҳаракат даромад. Ба роҳ монда шудани ҳаракати ин гуна поездҳо, ки ҳам роҳро наздик мегардонаду ҳам маблағро сарфа, пеш аз ҳама, барои халқамон, баъдан меҳмонону сайёҳони хориҷӣ аз ҳар ҷиҳат қулайиҳо фароҳам овард. Аз ҳама муҳимаш, баланд шудани маданияту муомилаи  мусофирон ба қалби ҳар як кас хушнудӣ мебахшад. 
Дар вокзали шаҳри Навоӣ гурӯҳи журналистонро намояндагони ҳокимият ва шуъбаи Иттиҳоди эҷодии журналистони вилояти Навоӣ истиқбол намуданд.
Гурӯҳи журналистон аввал бо фаъолияти ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Baht-Textile” шинос шуд. Корхонаи мазкур соли 2006 бо иштироки сармоягузорони хориҷӣ таъсис ёфтааст. Сармояи оинномавии ҷамъият аввалҳо 2 000 000 доллари ИМА-ро, иқтидори корхона бошад, соле 4800 тонна калобаресиро ташкил медод. Соли 2012 дар асоси корҳое, ки ба мақсади  такмил  ва вусъат додани истеҳсолот амалӣ шуданд, ҳаҷми истеҳсолот соле ба 7200 тонна калоба расонда шуд. Соли 2017 корхона саҳмияҳои шарикони хориҷиро харида, ба ширкати масъулияташ маҳдуд ва дар вилоят ба бузургтарин субъекти кластери пахта табдил ёфт.
Дар корхона, ки дар он зиёда аз 1300 нафар кор мекунанд, дастгоҳҳои ресандагии ширкати “RIETER”-и ба истеҳсоли таҷҳизоти пешрафтаи саноати сабук ихтисосонидашудаи Шветсария насб карда шудааст. Корхона 70 фоизи нахи пахтаеро, ки дар вилояти Навоӣ рӯёнда мешавад, аз нав  кор карда, аз он маҳсулоти нимтайёр ва тайёр истеҳсол менамояд. Дар соли 2019 иқтидори истеҳсолӣ ба 27000 тонна калоба расид.
Моҳи январи соли ҷорӣ аз ҳисоби ворид шудан ба сармояи оинномавии шаҳрванди Русия ҷамъият аз нав ба рӯйхат гирифта шуда, мақоми корхонаи муштаракро гирифтааст. Аз ин рӯ, дар айни ҳол фонди оинномавии ҷамъият 10 007 554 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Дар ҳудуди ҷамоати шаҳрвандони деҳаи Ҳазора ба мақсади созмон додани ҷойҳои нави корӣ, таъмин намудани кори пурраи кластери пахтаву бофандагӣ фабрикаи дӯзандагии дорои 800 ҷой сохта, дастгоҳҳо оварда насб шуданд.  Яъне дар рӯзҳои наздик истеҳсоли маҳсулот ба роҳ монда мешавад. 
Дар рафти шинос шудан бо ҷараёни истеҳсолот коргарону хидматчиёни корхонаро ба суҳбат кашида, шароитҳоеро, ки барои онҳо фароҳам оварда шудааст, аз назар гузарондем. Аз чеҳраи ҳар яки онҳо дарк кардани он душвор набуд, ки аз корашону шароит мамнунанд. Аксарияташон гуфтанд, ки то ба кор даромадани корхона аз бекорӣ азият мекашиданд. Ҳоло бошад, аз он шукргузорӣ менамоянд, соҳиби кор ҳастанд ва шароити зиндагиашон оҳиста-оҳиста беҳ мегардад.
Дар рафти суҳбату мулоқотҳо маълум шуд, вилояти Навоӣ фақат минтақаи саноатӣ набуда, дар вилоят солҳои охир дар соҳаи иҷтимоӣ, хусусан соҳаи таълим натиҷаҳои назаррас ба даст оварда мешаванд. Аз ҷумла, бинобар натиҷаҳои “РЕЙТИНГ-2019”-и Вазорати таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар асоси таҳлили Маркази давлатии тест оид ба нишондиҳандаҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълими олӣ вилояти Навоӣ дар миқёси  ҷумҳурӣ сазовори ҷойи дуюм, шаҳри Навоӣ бошад, ҷойи якум шудааст. 
Ҳангоми шиносоӣ бо фаъолияти мактаби ихтисосонидашудаи Навоӣ-Қароқӯли шаҳри Навоӣ мо имкон пайдо кардем бо комёбиҳои соҳаи таълими вилоят муфассал шинос шавем. Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар мамлакатамон  ба мақсади куллан тағйир додани фаъолияти мактабҳои таълими ҳамагонӣ, ташкил кардани муассисаҳои таълими ҷавобгӯи талаби замон, самарабахш истифода бурдан аз биноҳои муассисаҳои таълими махсуси миёнаи фаъолияташон ба охиррасида корҳои васеъмиқёс татбиқ мегарданд. 
Бо ташаббуси ҳокими вилояти Навоӣ Қобулҷон Турсунов дар бинои коллеҷи касбу ҳунари техника-иқтисодиёти Навоӣ ташкил карда шудани мактаб-интернати ба фанҳои математика, физика ва забони англисӣ ихтисосонидашудаи шаҳри Навоӣ низ аз қабили чунин корҳои нек мебошад. Мактаб-интернат, ки барои таълими 360 нафар талаба пешбинӣ шудааст, аз соли таҳсили соли равон ба фаъолият шурӯъ намудааст. Бинои мактаб-интернат ба маблағи 2,8 миллиард сӯм мукаммал таъмир карда, бар ивази 1,7 миллиард сӯм бо пойгоҳи замонавии моддию техникӣ пурра муҷаҳҳаз гардонда шудааст.
— Дар мактаб-интернат 47 нафар омӯзгорон кор мекунанд. Аксарияти омӯзгорони фанро педагогҳои баландмалака ташкил медиҳанд. Мо омӯзгоронро дар асоси озмун қабул намудем. Барои як ҷой қариб даҳ нафар довталабӣ кард, ки аввало дониш ва дувум маҳорати дарсдиҳии омӯзгор ҳамчун меъёр қабул карда шуд. Яъне дар мактаб-интернати мо омӯзгорони ба касбашон содиқу соҳибтаҷриба  фаъолият доранд. Яке аз омӯзгорони мо шогирди ман Зафар Ҷумъаев мебошад, ки якчанд сол қабл дар олимпиадаи ҷаҳонии Гретсия  медали нуқраро ба даст овардааст, — мегӯяд директори мактаб-интернат  Нурулло Яҳёев. – Ба ғайр аз ин таъкид кардан ҷоиз аст, омӯзгорони мактаб-интернат мувофиқи маҳорати дарсдиҳиашон ва натиҷаҳои дар олимпиадаҳо ба дастовардаи шогирдонашон аз 6 миллион сӯм то 10 миллион сӯм маош мегиранд. 
Қайд кардан ҷоиз аст, ки утоқҳои сабақдиҳӣ дар асоси технологияҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонда, хонаҳои лаборатории фанҳои кимиё, физика ва биология бо асбобу ускунаҳои зарурӣ таъмин карда шудааст. Хонандагон ба ғайр аз рӯзҳои шанбеву якшанбе шабу рӯз дар мактаб-интернат мешаванд. Онҳо чор маҳал дар асоси талабҳои санитарию гигиенӣ бо хӯрок таъмин карда мешаванд.
Вақти аз вокзал ба меҳмонхона рафтан бевосита диққати ҳамаи моро купрӯки азими пиёдагардии бо тарҳи ғайриоддӣ ва услуби миллӣ  дар шоҳроҳи кӯчаҳои Амир Темур ва Ғалаба бунёдёфта ба худ кашид. Муовини раиси Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон Холмурод Салимов аз роҳбаладон хоҳиш намуд, ки ҳатман бояд аз ин иншоот боздид намоем. 
Аз ин рӯ купрӯки бузурги мазкур объекти навбатии гурӯҳи журналистон гардид. Қайд кардан ҷоиз аст, ки купрӯк дар арафаи ҷашни истиқлолияти мамлакатамон ба истифода дода шуда, он дар шафати бозори марказии деҳқонӣ ва бозорҳои либосворӣ воқеъ гардидааст.
— Бунёди ин купрӯки азими дар Осиё ягона ҳам барои пиёдагардон ва ҳам барои ҳаракати нақлиёти автомобилӣ қулайиҳои зиёдро фароҳам овард, аз ҳама муҳимаш ба коҳиш додани садамаҳои нақлиётӣ ва аз байн бурдани тирбандӣ мусоидат менамояд, — мегӯяд раиси шуъбаи вилоятии Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон Отабек Аслонов. – Дар як дақиқа аз ин чорроҳа тақрибан 400 пиёдагард мегузаранд. Дар ин ҷо ба ғайр аз зинаҳо, барои пиронсолон лифт ва пандусҳо мавҷуд мебошанд. 
Қайд кардан ҷоиз аст, ки фармоишгари купрӯки мазкури замонавӣ корхонаи истифодаи роҳҳои Навоӣ буда, арзиши он 15 миллиард сӯмро ташкил медиҳад. Хуллас, кӯпруки бузурги мазкури беназир ба ҳусни шаҳр боз ҳам ҳусн бахшида, ба ифтихори навоигиён табдил ёфтааст. Кӯпрук аз як ҷиҳат мушкили пиёдагардонро осон, роҳашонро наздик гардонад, аз дигар ҷиҳат мардум барои баҳраманд шудан аз намунаи санъат ба ин ҷо меоянд. 
Сипас, дар доираи сафари матбуотӣ дар меҳмонхонаи чорситорадори “Тинчлик плаза”, ки ба қарибӣ ба истифода дода шудааст, таҳти мавзӯи “Рушди журналистикаи замонавии касбӣ: мушкилот ва ҳалли онҳо” суҳбати мизи мудаввар баргузор гардид. Дар он журналистон доир ба мушкилоту камбудиҳои имрӯзаи журналистикаи касбӣ, роҳҳои ҳалли онҳо, дастгирии воситаҳои ахбори оммавии чопӣ, пурзӯр гардондани ҳамкории тарафайн мубодилаи афкор намуданд. 
— Барои тайёр кардани журналистони варзида, баланд бардоштани донишу маҳорати онҳо бояд корҳои зиёдро ба анҷом расонем, – таъкид намуд муовини раисии Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон Холмурод Салимов. – Дар ин бобат ривоҷ додани анъанаҳои “Устоду шогирд”, ба амалиёт ҷалб намудани донишҷӯёни мактабҳои олии кишвар, муносиб ҳавасманд гардондани журналистони ҷавон муҳим мебошад.
Дар доираи анҷуман ба як гурӯҳ журналистони фаъоли Навоӣ ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон супурда шуд.
Сипас тақдимоти китоби “Симфонияи бунёдкорӣ”, ки аз ҷониби шуъбаи вилояти навоии иттиҳод ба нашр тайёр гардида, бахшида ба 30-юмин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон интишор ёфтааст, ба амал омад. 
Рӯзи дуюми сафари матбуотӣ дар шаҳри нави Ӯзбекистони нав — Ғазғон ва ноҳияи Нурато идома ёфт. Шаҳри Ғазғон расман 3 майи соли 2019 бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев таъсис ёфтааст. Масоҳаташ 59,4 ҳазор гектар ва аҳолиаш 8,4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Иқтисодиёти шаҳр ба истеҳсоли молҳои саноатӣ, чорвопарварӣ, ва масолеҳи сохтмон ихтисосонида шудааст. Ҳудуди мазкур яке аз минтақаҳои дар Осиёи Марказӣ аз захираҳои бузурги сангҳои ороишӣ, алалхусус гранит ва мармар  бойтарин ба ҳисоб меравад. 
Лоиҳаҳое, ки дар шаҳри Ғазғон татбиқ мешаванд,  дар доираи қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои рушди ҳамаҷонибаи шаҳри Ғазғони вилояти Навоӣ дар солҳои 2019-2020» амалӣ мегарданд. 
Дар доираи сафари матбуотӣ мо бо фаъолияти калонтарин корхонаи ҳудуд – ҷамъияти масъулияташ маҳдуди кластерии «Мармаробод», ки 15 ноябри соли равон ба кор дароварда шудааст, аз наздик шинос шуда, ҷараёни истеҳсоли маҳсулот ва сифати онро бо чашмони худ дидем. Дар ҳудуди кластер сохтмони бинои асосии майдонаш 11 000  метри мураббаъ ва 10 бинои лоиҳаи хурд ба анҷом расидаанд. Аз ҳисоби 4 миллион доллари ИМА маблағи имтиёзноки бонк аз Чин моҳҳои октябр-ноябри соли 2019 таҷҳизоти замонавӣ оварда, насб карда шудааст. Иқтидори солонаи таҷҳизот барои кандани 70 ҳазор мукааб ва коркарди 800 ҳазор метри мураббаъ санг пешбинӣ шудааст. Дар айни ҳол сангҳои гранитӣ дар ду кони марбут ба корхонаи кластери “Мармаробод” бо истифода аз таҷҳизоти муосир ба даст оварда мешаванд. Имрӯз дар ширкат 400 нафар ҷавонони маҳаллӣ дар се баст кор мекунанд.
— Дар мамлакатамон талабот сол аз сол ба сангҳои табиии пардозӣ меафзояд. Аз ин рӯ, корхонаҳои бузурги сохтмонии кишварамон харидорони маҳсулоти мо ба ҳисоб мераванд. Ба қарибӣ бо ширкати Сингапур барои ба миқдори 1 миллион доллари ИМА содир намудани маҳсулот шартнома имзо намудем, —  мегӯяд роҳбари ҷамъияти масъулияташ маҳдуди кластери “Мармаробод” Маҳмуд Шарофатов. 
Лоиҳаҳое, ки дар ноҳияи Нурато дар ҷараёни васеъмиқёси ободонӣ татбиқ мешаванд, мавриди таваҷҷӯҳи иштирокдорони сафари матбуотӣ гардид. Хусусан ҷараёни беназири бунёдкорӣ, ки дар маҷмӯи меъмории «Чашма» бо ташаббуси сарвари давлатамон  ҷараён доранд, дар мо таассуроти наҷиб гузошт. Баъзан шоҳид мегардем, ки корҳои таъмир ба дараҷаи бояду шояд ба анҷом дода намешаванд. Аммо дар маҷмӯи меъмории «Чашма» мо манзараи тамоман дигарро дидем. Барои зиёратчиён тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Зиёратчии закӣ ба осонӣ дарк менамояд, ки дар тармими ёдгориҳои бостонӣ масъулиятшиносона муносибат зоҳир шудааст. Хусусан аз дидани моҳиҳое, ки мардум ба диданашон танҳо рӯзи ҷумъа муяссар мегарданд, шод шудем. Мо аз Нурато бо руҳияи болида баргаштем.
Инчунин мо бо фаъолияти ҶММ «Навбаҳор касаба чеварлари», ки дар маҳаллаи «Қалқонота»-и ноҳияи Навбаҳор таъсис ёфтааст, шинос шудем. Дар ин фабрикаи дӯзандагии замонавӣ беш аз 100 нафар занон кор мекунанд. Самараи ислоҳотеро, ки дар маҳалҳо татбиқ мешаванд, аз қаноатмандии кормандони ин корхона эҳсос намудан мумкин.
— Ман дар маҳаллаи “Тошработ”-и ин ноҳия зиндагӣ мекунам, — мегӯяд дӯзанда Мадина Абдуқаҳҳорова. — Моҳи ноябри соли равон ба кор шурӯъ кардам. То ин дам  дар курсҳои омӯзишии 3-моҳа ихтисосамро такмил додам. Дар ин давра барои мо стипендия ҳам доданд. Аз шароити дар фабрика фароҳам овардашуда мамнунам.
Дар поёни сафари матбуотӣ дар вокзал миёни рӯзноманигорон ва ҳокими вилоят Қобилҷон Турсунов суҳбати самимӣ сурат гирифт. Ҳоким дар бораи корҳои анҷомёфта маълумот дод ва ба таассуроти меҳмонони аз пойтахт омада таваҷҷӯҳ зоҳир намуд.
Журналистон дигаргуниҳои вилоятро қайд намуда, таъкид карданд, ки дар вилоят соҳаҳои маънавию маърифатӣ дар ҳамбастагӣ бо иқтисодиёт вусъат меёбанд.
     
Ш. ВАКИЛОВ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: