«ДИГАРГУНИҲОИ ӮЗБЕКИСТОН –БОИСИ ҲАЙРАТИ ҶАҲОНИЁН»

Намояндагони Белгия, ки чанде қабл хабарнигори мо дар Брюссел бо онҳо суҳбат дошт, дар чунин ақидаанд:

Сенатор, раиси гурӯҳи ҳамкории байнипарлумонии «Белгия – Ӯзбекистон» Ален ДЕСТЕКС:
– Бино ба кору вазифа ман муттасил ҳодисаҳои ҷумҳурии шуморо таҳти мушоҳида қарор медиҳам. Тайи якуним соли охир бо ибтикороти Президент Шавкат Мирзиёев ислоҳоти басе муҳим ба амал татбиқ мегарданд – кор бино ба диверсификатсияи иқтисодиёт оғоз ёфт, асъори миллӣ конвертатсия карда мешавад, модернизатсияи низоми идораи давлатӣ ва ҳокимияти суд роҳандозӣ гардид. Ин ҳама ба таҳкими волоияти қонун ва риояи ҳуқуқи инсон нигаронида шудаанд.
Мебинам, ки Ӯзбекистон баробари идома додани ҳамкориҳо бо давлатҳои абарқудрати ҷаҳон, мисли Русия, ИМА, кишварҳои пешрафтаи Аврупо, дар роҳандозии муносибатҳо бо ҳамсояҳои худ фаъол аст. Хеле мамнунам, ки ҳамкориҳои байни Ӯзбекистон бо ИА, ИМА хоссатан Белгия, таҳким меёбад.
Барои ҷомеаи байналхалқӣ ҳамчунин эҳсосшаванда аст, ки муаммоҳои пешина, мисли делимитатсияи сарҳадҳои Ӯзбекистон бо давлатҳои ҳаммарз, идораи захираҳои обу замин роҳи ҳаллу фасли худро меёбанд.
Бад-ин тариқ, дар хориҷа аз ин дигаргуниҳо хеле ба ваҷд омадаанд. Умед аст, ки ин ҳама идома меёбад ва натиҷаи матлуб мебахшад.
Фикр мекунам, ки Ӯзбекистон дар самти дуруст ҳаракат дорад. Мо бояд барои беҳбуди муносибатҳои дӯстонаи байни кишварҳоямон, чӣ дар сохтори  ҳукумату хоҷагидорӣ ва чӣ байнипарлумонӣ, саъю кӯшиш ба харҷ диҳем.
Иҷоза фармоед, ба муносибати фарорасии 27-умин солгарди истиқлолияти ҷумҳурӣ халқи Ӯзбекистон, Президент Шавкат Мирзиёев ва ҳампешаҳои Олий Маҷлиси худро бо ин санаи муҳим табрику муборакбод намоям.
Сардиректори иҷрогари ширкати «Ван де Вил»-и Белгия, раиси идораи ширкати «Барко» Чарлз БОДУАН:
– Белгияю Ӯзбекистон дар самтҳои гуногун анъанаҳои ҳамкории бисёрсоларо идома медиҳанд. Мо шодем, ки яке аз бузургтарин таҳвилкунандагони  дастгоҳи бофандагии замонавӣ ба кишвари шумо ҳастем. Ба ҷуз ин, дар шаҳри Кортрейк (он ҷо қароргоҳи штаби мо воқеъ аст), ҳар субҳ роҳи ман аз паҳлӯи муҷассамаи ниёи бузурги халқи ӯзбек Абӯалӣ ибни Сино, ки ба шарафи робитаҳои бародаршаҳрӣ бо пойтахти Ӯзбекистон қад афрохтааст, мегузарад.
Солҳои охир дигаргуниҳои кишвари шумо моро беш аз пеш мутаваҷҷеҳ месозад. Дар рафти сафарҳои зиёд мо шоҳиди пешрафти иқтисодӣ, некӯаҳволии мардум, ҳамчунин фарҳангу анъанаҳои қадиму ғании халқи ӯзбек шудем. Ҳамаи ин ба туфайли меҳнатдӯстии сокинони ҷумҳурӣ ва роҳбари серғайрати он имконпазир гардид.
Шуморо бо комёбиву дастовардҳоятон самимона табрик менамоям, мехоҳам Ӯзбекистон ҳамеша кишвари ҳайратангезу ҷолиб боқӣ монад. 

ОИ «Дунё»,
БРЮССЕЛ – КОРТРЕЙК.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: