ДИГАРГУНИҲОИ ӮЗБЕКИСТОН ШОЁНИ ТАҲСИН АСТ

Фестивали байналхалқии санъати миллии эстрадии «Оҳангҳои ҷаҳон», ки дар шаҳри Хонобод – маркази сайёҳии водии Фарғона ҷараён дорад, ба шарофати барномаи пурмазмуни чорабиниҳо рӯз то рӯз ҷолибтар мегардад.

Дар фестивал на танҳо сокинони вилояти Андиҷон, балки меҳмонон аз ноҳияҳои гуногуни мамлакатамон, аз ҷумла,  Қирғизистони ҳамсоя низ иштирок доранд.  
– Мо бо фарзандон аз ноҳияи Аравани Қирғизистон омадем, — мегӯяд Иноятхон Акрамова. – Воқеан, мо аз дигаргуниҳое, ки дар Ӯзбекистон ба амал меоянд, ба ҳайрат омадем. Гузаронидани фестивали байналхалкии эстрадӣ дар Хонобод аз гул-гулшукуфӣ ва пешрафти кишвари шумо гувоҳӣ медиҳад. Иштироки ситораҳои эстрадаи ҷаҳон дар он мисоли он мебошад, ки Ӯзбекистон торафт машҳур мегардад.
Ба ман хусусан писанд омад, ки дар Хонобод барои сайёҳон шароити хуб фароҳам оварда шудааст, таомҳои гуногуни миллиро чашидан мумкин аст ва аз ҳама муҳимаш дар ин ҷо сулҳу амонӣ хукмфармост.  
Намоишгоҳ ва баромади санъаткорон дар боғи фарҳангу фароғати ба номи Алишери Навоӣ ба меҳмонони фестивал рӯҳияи хуб бахшиданд.
— Ману келину набераҳоям фестивалро бо мароқи зиёд тамошо кардем, — мегӯяд собиқадори меҳнат Ҳамидахон Долимова, ки дар маҳаллаи Қипчоқи ноҳияи Олтинкӯл истиқомат мекунад. – Чорабиниҳои Хонободи зебоманзар дар дили ҳар як бинанда таассуроти фаромӯшнашаванда мегузоранд. Аз дидани маснуоти рангоранги миллии ҳунармандони соҳибтаҷриба ва баромади санъаткорон дилатон шод мегардад. Хусусан,  кӯдакон хурсанданд, ки дар ин ҷо аттрактсионҳои гуногун мавҷуданд. Баромади ситораҳои эстрада дар хотири меҳмонони фестивал муддати тӯлонӣ боқӣ мемонад.
Фестивали байналмилалии санъати миллии эстрадӣ «Оҳангҳои дунё» бори дуюм бо ташаббуси Сарвари давлат бо мақсади тарғиби санъати миллии эстрада дар саросари ҷаҳон, баланд бардоштани нуфузи Ӯзбекистон дар арсаи байналмилалӣ, тарғиби иқтидори сайёҳии кишвар, бахусус шаҳри Хонобод, афзоиши сайёҳони хориҷӣ дар сатҳи олӣ ташкил карда шудааст. Инро на танҳо меҳмонони фестивал, балки иштирокчиёни ситораҳои он низ эътироф мекунанд.  
Мусобиқаи гӯштингирон аз рӯйи намудҳои миллии варзиши мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон дар дили меҳмонон шавқу ҳаваси зиёд ба бедор кард.  

Фахриддин УБАЙДУЛЛОЕВ,
мухбири ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: