Фаридаапа субҳ аз садои набераҳову фарзандон бедор шуд.
Яке ба кор, дигаре ба таҳсил, сеюмӣ аз пайи коре шитоб доштанд.
Фаридаапа оҳиста хеста як гӯшаи пардаи тирезаашро бардошт, дар берун паға-паға барф меборид ва ба замин афтидан замон об мешуд. «Аҷиб, ба назарам, рӯзҳои гарм зуд гузашта рафтанд, аллакай фасли зимистон омад. Шукр, ба барфи аввал ҳам расидем. Бача будем, вақте барфи аввал меборид, ҳамсояҳо якдигарро бо барфи аввал, сиҳату саломат ба фасли нави сол расиданашонро табрик мекарданд».
Фаридаапа баъди шустушӯ ба ойнаи паси дар нигоҳ кард, мӯйҳояшро ба тартиб даровард, рӯймолашро кушода аз дигар сахтакак баст. Пилки чашмонаш каме варам карда буданд, солҳои охир пойҳояш низ дард мекунанд. «Аломати пирӣ-дия,» – аз дил гузаронд ӯ, – охир ба синни 75 қадам гузошт. Эҳа, дар тӯли 75 сол ӯ чиҳоро надиду нашунид. Баробари таваллуди фарзандонаш хурсандӣ кард, ба осудагии рӯзгораш шукрона гуфт, хотираш аз муваффақиятҳои худу оилааш болида гардид, вафоти падару модар ӯро ғамгин кард, марги хоҳару додар чун теғи алмос дилашро сӯзонд, «дасти зинда боло» гуфтагӣ барин, ба пастиву баландии ҳаёт сабр кард...
Фарида Бобоҷонова соли 1944 дар шаҳри Тошканд дар оилаи коргар дида ба дунё кушод. Падараш коргари оддӣ, модараш хонанишин буд. Дар оила чор додару хоҳар афтону хезон, ба қавле, дар таги як кӯрпа калон шуданд. Фаридаапа мегӯяд, ки назар ба нақли падараш, бобою момояшон аз ноҳияи Ашти вилояти Суғди Тоҷикистон будаанд.
Фаридаапа маълумоти миёнаро дар мактаби рақами 142-юми ба номи Ломоносови пойтахт ба забони русӣ гирифт, то синфи 8-ум рӯзона, давомашро шабона хонд.
Дар 16-солагӣ ба идораи рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» ба вазифаи ҳуруфчин ба кор омад. Дертар ҷамоаи рӯзнома серғайрат, фаъол ва масъулиятнокии ӯро ба назар гирифта, ба дӯши ӯ кори мусаҳҳеҳиро низ гузошт. Ҳамин тариқ, ӯ дар рӯзнома 44 сол кор кард.
– Дар тӯли 44 сол бо ҳамкорон – Абдулло Ҳакимов, Шавкат Ниёзов, Авнер Исҳоқбоев, Раҳматҷон Норов (рӯҳашон шод бод!), Эҳсон Турдиқулов ва дигарон бомаслиҳат, дӯстона, ҳамфикру ҳаммаслак шуда баҳри пурмазмун ва бехато чоп шудани рӯзнома кор кардем. Аз худам хурд ё калон намегуфтам, аз онҳо надонистаамро мепурсидам, – мегӯяд Фаридаапа ҳангоми суҳбат.
Фаридаапа бо Ғуломиддинака чор писару як духтарро ба воя расонданд. Садриддин соҳаи авиатсия, Алишер пухтупаз, Абдураззоқ рассом, Санҷар муҳандис ва Заррина шифокориро интихоб карданд.
Вақте бо Фаридаапа ҳамчун пири рӯзгордида, хушдомани чор келин оиди муносибати хушдоману арӯс пурсон шудем, ӯ гуфт: – Келин ҳам фарзанд, ӯ ниҳолест, ки аз як боғ ба боғи дигар мекӯчонӣ ва то дар боғи нав реша давондан ӯро парвариш лозим. Арӯсони ман яке рус, дигаре ӯзбек, сеюму чорум тоҷик мебошанд. Забону дили онҳоро меёбам, ба даст овардани дили касе беҳтарини амалҳост. Чи тавре ки Фаридаддуни Аттор фармудааст:
Дил ба даст ору маҷӯ озори дил,
З-он ки бошад махзани асрор дил.
Худ накӯтар бошад аз сад Каъба дил,
Сози дил некӯтар аст аз сози гил.
Ман як духтар дорам намегӯям, чор арӯсам ҳам духтарони мананд, онҳо маро ҳурмат мекунанд. Хушдоман хоми онҳоро пухта, каҷии онҳоро рост бояд кунад, охир худи ӯ низ рӯзгоре келин буд, ба хатоҳо роҳ дода буд. Писаронам ин кори мард, инаш кори зан намегӯянд. Чи хеле ки зану шавҳарро «як ҷуфт барзагов» меноманд, аробаи рӯзгорро ҳамин ҷуфт бояд баробар кашад.
Ҳукумати ҷумҳурӣ хидматҳои Фарида Бобоҷоноваро муносиб арзёбӣ намуд. Ӯ соли 2000-ум бо медали «Шуҳрат» мукофотонида шуд.
Барои Фаридаапа рӯзномаи «Овози тоҷик», ки 44 соли умрашро ба он бахшидааст, хеле азиз аст. Ӯ ба шогирдони зиёд, аз ҷумла Латофат, Озода, Идигул, Гулчеҳра ҳунари ҳарфчиниро омӯхтааст, ки онҳо хидмати ӯро ҳамеша бо некӣ ба ёд меоранд.
– Ман Фаридаапаро устоди касби худ меҳисобам, бо ӯ солҳои тӯлонӣ кор кардем, аз ӯ сирру асрори ҳарфчиниро омӯхтам. Фаридаапа ҳамеша меҳрубон, маслиҳатгӯ ва кӯмакрасон буданд. Оиди оиладорӣ, тарбияи фарзанд ва пухту паз низ маслиҳатҳо мепурсидем, – мегӯяд ҳуруфчини рӯзнома Латофат Бобоқулова.
Аҳли ҷамоаи рӯзнома Фаридаапаро бо синни мубораки 75 табрик гуфта, хоҳони он ҳастанд, ки ҳеҷ гоҳ хаста набошад, умри Худододро бинад.
Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори
«Овози тоҷик».