ДИЛ – ЧАШМАИ МЕҲР

Дар мактаби рақами 16-уми шаҳри Гулистон ба таълиму тарбияи насли наврас машғул ҳастам.

Дар мактаби рақами 16-уми шаҳри Гулистон ба таълиму тарбияи насли наврас машғул ҳастам. Ба туфайли пандемия имрӯз дар мактабҳо дарс ба тарзи анъанавӣ ва ҳам фосилавӣ мегузарад. Хонандагон бо ҷиҳозҳои зарурии ҳифзи ин беморӣ таъминанд ва мо – омӯзгорон доимо ба гигиена риоя намудани онҳоро таъкид менамоем ва зери назорат гирифтаем. Аммо, на ҳама ҳам ба ин қоидаҳо риоя мекунад.
Ба қарибӣ бемор шудам ва ба беморхонаи бисёрсоҳавии шаҳр афтидам. Дар палатае, ки маро ҷойгир карданд, боз ду нафари дигар хоб мекард.
Зане, ки аз ҳама калонсолтар менамуду ӯро холаи Фазилат меномиданд, хеле сергап будааст. Рӯзҳои аввал андармони тани беморам шуда, ба онҳо он қадар эътибор надодам ва садои холаи Фазилат, ки беист гап мезад, нофорам ба гӯш мерасид. Дертар, баъди гирифтани андак табобат, ба суҳбати ҳамхонаҳоям ҳамроҳ мешудагӣ шудам. Холаи Фазилат мегуфт:
– Ба подшоҳамон раҳмат. Барои пешгирии ин вабои домангустурда ҳаракат карда истодааст. Ӯ меҳрубон, ғамхор. Мана, бо чашми худ дида истодаем, ҷойи хоб, се маҳал хӯроки гарм, хидмат, доруву дармон бепул. Илоҳо, ҳамеша танашон сиҳҳат бошад.
Занони дигар ба дуоҳои ӯ ҳамроҳ шуда, «илоҳо, илоҳо» мегуфтанд.
Ҳампалатаи дигари ман холаи Маърифат буд. Ӯ ниҳоят камгап, ба нуқтае дуру дароз нигоҳ карда сукут меварзид. Ба аёдати ӯ танҳо хоҳараш меомад, шояд аз ҳамин сабаб хеле ғамгин менамуд.
Рӯзе саҳарӣ ҳамшираи шафқат ба хонаи мо даромада гуфт:
– Холаи Маърифат, шуморо касе мепурсад, аз тирезаи ошхона ба берун нигоҳ кунед.
Чашмони хола дурахшид, чолокона аз хона баромад. Баъди фурсате дар даст дастовез ба хона даромад. Ба назар мерасид, ки ӯ бемор нест, чеҳрааш шукуфон, табъаш болида, дар лабонаш табассум..
– Ҳа, хеле хурсанд менамоед, кӣ омад? – бесаброна пурсид холаи Фазилат.
– Ҳозир, ҳозир, аввал ин раҳоварди писарамро ба ҳам бинем, баъд ҳамаашро нақл мекунам, – гуфту аз меваву нону кабоби писараш ба ҳамроҳонаш кам-кам дод.
– Писарам аз вилояти Суғди Тоҷикистон омад. Бемор шудани маро хеле дер фаҳмидааст. Келинам нобоб баромад. Мани солхӯрдаро дар хона нағунҷонд, бо ҳар баҳонае диламро меранҷонд. Аз ин муносибати ману арӯс писарам азият мекашид, зану шӯ зуд-зуд ҷанҷол мекарданд, ногап мешуданд. Худамро дар ин оила зиёдатӣ дониста, аз инҳо «камтар дур шавам» гуфта ба хонаи хеши дурам, ки дар ноҳияи Хавоси вилояти Сирдарё зиндагӣ мекунад, омадам ва дертар, чи хеле ки мебинед, ба беморӣ гирифтор шудам, – гуфт холаи Маърифат.
– Аз ҳама муҳимаш, писаратон ба аёдати шумо омадааст. Инҳо ҳоло ҷавон, таҷрибаи зиндагӣ надоранд. Шумо ғам нахӯред, ҳамааш хуб мешавад, – ба гап ҳамроҳ шуд холаи Фазилат. – Дар давраи оила, фарзанд, хоҳару бародар нишастан фараҳбахш аст. Дар кунҷи хона падару модар, дар атроф бародар, хоҳар, додар ва фарзандон... Ба якдигар бо меҳру навозиш нигоҳ мекунанд. Аз саломатӣ, кору бор ва мушкилоти якдигар пурсон мешаванд, ки ҳамин ҳам ба кас қувват мебахшад. Ба чунин лаҳзаҳои гуворо расидан ба худи инсон вобаста аст. Агар байни ҷигарбандон бойигарӣ, тамаъ, ҳисобу китоб, яъсу ноумедӣ роҳ ёбад, лаҳзаҳои гуворо онҳоро тарк мегӯяд. Барои ҳамин, дар кадом шароите, ки набошад, меҳрамонро аз наздиконамон дареғ надорем.
Ин замин, маҳалла, деҳа ё даргоҳе, ки мо табобат гирифта истодаем, ҳамааш майдони пур аз некӣ, инсонпарварӣ. Аммо баъзеҳо ба қадри ҳамин майдон намерасанд, бо хулқи бад, ғайбат, дуздӣ, ҷиноят, бемеҳрӣ онро ба дӯзах табдил медиҳанд. Замини муқаддаси мо аз ин нопокиҳо азият мекашад. Баҳри пешгирии ин бадбахтиҳо чӣ бояд кард? Доноёни гузашта гуфтаанд, ки танҳо некӣ ва меҳру оқибат пеши роҳи бадбахтиҳоро мегирад. Дил – чашмаи меҳр, неъмати бебаҳои инсон, меҳр чун оби чашма ҳеҷ гоҳ ба охир намерасад. Чӣ қадаре ба якдигар меҳру мурувват намоем, қалбамон ҳамон қадар тоза мегардад, – аз бисёр ҳарф задан сулфа гулӯгири холаи Фазилат шуд ва як пиёла об нӯшиду каме хомӯш монд.
Дарҳақиқат, майдони некиро танҳо инсонҳои хуб ва бахшоянда аз нопокиҳо тоза намуда, онро аз меҳр, оқибат, ростӣ, инсонпарварӣ, дӯстӣ ва дигар фазилатҳои инсонӣ пур мекунанд. Дар хонадонҳо сулҳу осоиштагӣ ҳукмрон, фарзандони хуб ба воя мерасанд, манзилҳои обод, гулзору чаманзорҳо бунёд мегарданд.
Ҳамин тариқ, бо муолиҷаи беминнати табибони меҳрубон ва суханҳои ҳикматноки ҳампалатаҳоям – занони пурдида ва босабру тамкин шифо ёфта, беморхонаро тарк намудам.

Саломат АБДУРАҲИМОВА,
муаллимаи мактаби миёнаи рақами 
16-уми шаҳри Гулистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: