Ислоҳоти ояндасози кишвар на танҳо муҳимтарин омили инкишофи ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, балки таконбахши кормандони ҳаёти маърифӣ-маънавии мардум ҳам мебошанд.
Ислоҳоти ояндасози кишвар на танҳо муҳимтарин омили инкишофи ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, балки таконбахши кормандони ҳаёти маърифӣ-маънавии мардум ҳам мебошанд. Озодандешию ошкорбаёнӣ рӯйи кор омад. Ҳар кас метавонад фикру андеша ва дархости худро озодона, рӯйирост иброз намояд.
Албатта, озодандешиву ошкорбаёнӣ бояд ҳатман дар доираи чаҳорчӯбаи қонун сурат гирад, ки он ба манфиати халқу Ватан хизмат кунад, ба ташаккули маънавияту маърифат кӯмак намояд. Аз ин ҷараёни ояндасоз илҳом гирифта, хостам бо ҳамкасбон – омӯзгорони синфҳои тоҷикии гуногун муколимае дошта бошам.
Пешаи моро бо номҳои гуногун – педагог, омӯзгор, муаллим, устод ва баъзан домулло ба забон мегиранд. Ҳар як истилоҳи номбурда ба сари худ маъно дорад ва ба забонҳои гуногун нисбат доранд, вале дар забони тоҷикӣ ҳамаи онҳо мавриди истеъмол мебошанд. Гарчанд калимаи юнонии «педагог» маънои роҳнамои бача дар роҳро ифода намуда, истилоҳи арабии «муаллим» маънои соҳиби илмро дорад, дар забони мо чун калимаҳои муродиф мавриди истеъмол мебошанд. Ин ҷо устод нисбатан маънои васеътар дорад, чунки на ҳар муаллим устод аст.
Муаллим чун узви гурӯҳи иҷтимоии ҷамъият мутааллиқ ба табақаи зиёӣ мебошад. Омӯзгорро чун муҳандиси рӯҳи инсон тавсиф додаанд. Омӯзгорон гурӯҳи иҷтимоие мебошанд, ки симо ва сират, менталитети миллат дар онҳо таҷассум ёфтааст. Онҳо ҳамеша чун ашхоси босавод, бомаънавияту соҳибмаърифат дорои эҳтиром буданд. Фармону қарор ва муносибати Президент ба омӯзгорон мақом ва мавқеи омӯзгорро дар ҷамъият боз ҳам қавитар гардонид. Бешубҳа, муаллим чун посдори забон, урфу одатҳои миллӣ ва чароғи дурахшони маърифат дар шаби тор ба қалбҳо нури маърифат меафрӯзад.
Падару модарон фарзандонро бо сад умеду орзуи накӯ ба мактаб мефиристонанд. Муаллим шарораҳои илму ирфонро дар қалби кӯчаки кӯдакон фурӯзон намуда, ба шоҳроҳи илму адаб раҳнамун месозад, ба шоҳроҳи пурталотуми зиндагӣ ҳидоят менамояд. Ӯ инсони бомаърифату соҳибтафаккур, худогоҳу озодандеш, ташаббускор ва соҳибкори бунёдкорро тарбият мекунад. Пайи ин мақсади наҷиб муаллим ҳамеша бояд машғули омӯзиш бошад, худ бисӯзад то бисозад. Беҳуда нафармудаанд: “Муаллим то он даме зиндааст, меомӯзад, чун аз омӯзиш бозмонд, симои муаллимии худро гум мекунад”.
Хуб, ҳамкасбони муҳтарам, оё мо ин вазифаи муқаддасро сарбаландона ба сомон мерасонем? Оё мо бо замон ҳамнафас, бо дарду ниёзи мардум ҳамроз, худогоҳу озодандеш ҳастем? Оё пайи иҷрои вазифаи муқаддас худ меомӯзем, то биомӯзонем? Зиёданд ин гуна суолҳо. Ҷавоб оддӣ: на ҳамеша!
То кӯдак нагиряд, модар шир намедиҳад. Ҳикматест мондагор. Солҳои тӯлонӣ хомӯш будем. Муассисаҳои таълимии тоҷикӣ пӯшонида шуданд. Ҳатто дар гаҳвораи забони модарӣ – Бухоро як синфи тоҷикӣ амал мекунад. Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ дар Самарқанд пӯшонида шуд. Баъзе бахшҳои он ба Донишгоҳи давлатии Самарқанд гузаронида шуданд. Муаммои кадрҳо ба миён омад. Бо баҳонаи нарасидани кадрҳо ва “хоҳиши падару модарон” аксар мактабҳои таълимии тоҷикӣ тағйири забон карданд.
Ошкоро бояд гуфт, на ҳамаи муаллимон пайваста меомӯзанд. На ҳама маҳорату дониши худро такмил ва рушд мебахшанд, китобҳои бадеӣ ва услубӣ мехонанд. Ибтидои соли равон дар ҳаёти мактабҳои тоҷикии ноҳияи Нурато воқеаи гӯшношунада рух дод. Дар давоми 35-40 соли охир бори аввал аз ҷониби шуъбаи таълими халқи ноҳия беш аз сад адад 13 номгӯй китобҳои бадеии тоҷикӣ расонида шуд. Ба мактабе аз деҳоти ҳамсоя рафтам. Бо мудири китобхона суҳбат намудам. Аз ҷамоаи муаллимони мактаб танҳо ду нафар аз он ганҷи мондагор истифода кардаанд.
Дилхарош аст забони аксар муаллимони ҷавон. Дар мактаби мо ин масъала борҳо мавриди муҳокимаи дарсҳои кушод ва дарсҳо таъкид ва арзёбӣ гардидааст. Сабаб – нахондани китоби бадеӣ.
Ин ҷо як таъкидро зарур медонам. Ҳамаи асарҳои бадеӣ аз забони ӯзбекӣ аз ҷониби тарҷумонҳои маҳаллӣ, яъне ӯзбекистонӣ, тарҷума шудаанд. Ташвишовар аст адади нашри китобҳо: 164 нусхагӣ. Тақрибан ба беш аз 7,5-8 ҳазор хонандаи мактабиву омӯзгор ҳеҷ аст он адади нашр. Маъмурияти мактабҳоро зарур аст, ки пайваста бо талабу дархост ба шуъбаи таълими халқи ноҳияи худ муроҷиат намоянд. Мо дар замони иқтисоди бозаргонӣ зиндагӣ ва фаъолият дорем. Ва ҳар сол ба давлат қоғазпора месупорем ва ба ивази он метавон китоби бадеӣ гирифт. Маъмурияти ҳар як мактаб метавонад аз ин ҳуқуқи худ истифода барад, китобҳои бадеиро ба забони модарӣ талаб намояд. Вагарна пули нақд ба дигар мақсадҳо сарфа мешавад.
Ҳар гоҳе рӯзномаи “Овози тоҷик”-ро гирифта назар ба адади нашр менамоям, дилам ба дард меояд. Ҳа, обуна ихтиёрӣ аст. Вале набояд фаромӯш кард, мо омӯзгор ҳастем! Бояд ҳамеша дар ҷутуҷӯ ва омӯзиш буда, аз вазъи кишвар ва мавқеи ҳамзабонон дар он огоҳ бошем. Ёд дорам, 30-35 сол муқаддам адади нашри “Овози тоҷик” ба 20 ҳазор ва зиёда аз он расида буд. 7 июли соли 2018 2270 буд адади нашр. Аввали соли 2020 он ба 836 расидааст. Дар ҳайрат мемонад кас. Забон ба гуфтан оҷиз аст. Мутобиқи далелҳои расмӣ дар Ӯзбекистон беш аз яку ним миллион тоҷикон зиндагӣ дошта, аз ҷиҳати аҳолӣ дар ҷумҳурӣ дар ҷойи дуюм қарор доранд. Шунидаем, ки дар кишвар атрофи 250 мактаби тоҷикӣ фаъолият дорад. Бахшҳои филологияи тоҷик дар донишгоҳҳои Тирмиз, Фарғона, Бухоро ва Самарқанд фаъолият доранд. Мавҷуд будани онҳо бахшҳои филологиву математика ва таълими ибтидоӣ муаммои кадрҳоро ҳеҷ гоҳ ҳаллу фасл намекунад. Ба замми ин таълими томактабӣ ҷорӣ шуд. Дар деҳоте, ки аҳолӣ саросар тоҷик мебошад, кӯдакон дар кӯдакистон тоҷикӣ таълим мегиранд. Боз муаммои кадр! Ба назарам, вақти аз нав барқарор намудани Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ дар Самарқанд бо ҳама бахшҳои тоҷикиаш фаро расидааст.
Боз аз хусуси обуна. Шояд арзиши обунаро гарон шуморем. Барои инсони хештаншиносу худогоҳ ин муаммо нест. Мардуми соҳибмаърифати моро лоқайдӣ намезебад. Обуна ба минбари ягонаи миллат ин ҳимояи нангу номус аст. Он нишонаи ифтихори мост. Агар дар кишвари мо 250 муассисаи таълимии тоҷикӣ фаъолият дошта бошаду дар ҳар якеи он 20 нафар омӯзгор фаъолият барад, ин мешавад 5000 нафар. Дар сурати се нафар ба як нусха “Овози тоҷик” обуна шудан адади нашри рӯзнома аз ҳазор мегузарад. Ба замми ин ашхоси соҳибмаърифат ва соҳибкорони саховатманд зиёданд.
Ӯзбакбойи РАҲМОН,
омӯзгори фанни таърихи мактаби рақами 30-юми ноҳияи Нурато.