ДИЛАМ БАР РӮДАКӢ СӮЗАД...

Борҳо шунидаем ва воқеанрӯзнома шиносномаи миллат аст.

Бе бидуни рӯзнома маънавияти хешро наметавон ғанӣ гардонд. Дар ҳама давру замон рӯзнома ҳамчун воситаи хабаррасонии рӯзмарра мавқеи худро соҳиб буд ва имрӯз ҳам чунин аст. 
Солҳои зиёдест, ки бо рӯзномаи «Овози тоҷик» ҳамчун хонанда сару кор дорам. Ҳар як шумораи онро аз назар мегузаронам. Он чӣ ки мехоҳам, меёбам. Алалхусус, мақола, очерку лавҳа, ҳикоя, мусоҳиба ва маълумотҳои ҷолибе, ки дар саҳифаҳои «Адабиёт ва санъат», «Ҷаҳони зан», «Мактаб ва ҳаёт», «Саҳифаи рӯзи истироҳат» чоп мешаванд, мароқангезанд. Воқеан, соли гузашта дар мамлакат масъалаи обуна ба рӯзномаҳо ба таври «маҷбурӣ не, ихтиёрӣ» роҳандозӣ шуд. Ва ин моро ба рӯзномаи дилхоҳ ва дӯстдоштаи худ обуна шуданро водор сохт. Боиси сарфарозист, ки ҷамоаи омӯзгорони мактабамон ҳамагон ба ин рӯзнома обунаем. Пас аз чопи ҳар як шумораи рӯзнома тӯли 2-3 рӯз наздик ба 40 дона рӯзнома ба мактаб меояд ва онро ба муштариёни худ тақсим мекунем. Ростӣ вақте ки ба саҳифаи 4-уми рӯзнома, ки дар поёни он адади нашр оварда шудааст, назар андохта, беихтиёр зери лаб мегӯям:
Дилам бар Рӯдакӣ сӯзад,
Ба ҳоли зиндагӣ сӯзад. 
Наход, буду шуд 1467 нусха. Тоҷдори тоҷдоронро чӣ шуд? Маънавияти воло канӣ? Аз рӯи маълумотҳои мавҷуда, дар кишвари мо беш аз 5600 нафар омӯзгор дар мактабҳои таълимашон ба забони тоҷикӣ ба 65 ҳазор нафар хонанда сабақ меомӯзонанд. Хуб, омӯзгороне, ки бо забони тоҷикӣ дарс мегӯянду музди меҳнат мегиранд, чӣ гуна худро сафед мекунанд? Оё дунёи ниҳониашон ба ин роҳ медиҳад? Ин гуна омӯзгорон намедонанд, ки хониши рӯзнома, алалхусус бо забони модарии худ чӣ лаззате дорад. Омӯзгори имрӯз агар нахонад, хонандаро чӣ хел меомӯзонад. 
Дар кӯча, ҷашнвора, тӯю сур аз рӯи рағбат бо ҷавонон, мардони синну солашон гуногун ҳамсуҳбат мешавам ва мепурсам:
– Ба «Овози тоҷик» обуна намешавед?
– Муаллим мо рӯзнома намехонем.
Чӣ ҳам мегуфтам баъди ин посух.
Баъзан аз рӯи ҷаҳл бо ситеза мегӯям: «Бародар, нахонӣ ҳам, ин хел нагӯ, айб аст, шармандагист. Барои чӣ гузаштагони мо ҳам соҳибкитобу китобхону мо не?
– Мегӯянд, ки имсол обуна ихтиёрӣ...
Дуруст, дар кадом давру замон ихтиёрӣ набуд? Ба ғайр аз он ки шуморо бо фишор обуна мекарданд, боз ба рӯзномаи дилхоҳатон обуна мешудед. Ба фикрам ҳамин тавр буд. Оё «ихтиёрӣ» маънои шукрона карданро надорад? Бояд шукргузор аз он бошем, ки рӯзномае дорем бо номи «Овози тоҷик». Солҳост, ки мактабҳои тоҷикӣ аз назорат дуранд. Вақти он расидааст, ки муассисаҳои таълимии таъсиррасон аз аҳволи мактабҳои тоҷикӣ хабар гиранд. Омӯзгор обуна нашавад, рӯзнома нахонад, китобҳои бадеӣ нахарад, пас чӣ ҳаққу ҳуқуқи дар мактаб кор карданро дорад? Омӯзгор бояд шахси тасодуфӣ набошад, зеро мактаб даргоҳи муқаддас мебошад. Кор ба ҷое расидааст, ки омӯзгори тоҷик имрӯз намехонад, хондан ҳам намехоҳад, намедонад, вале «диплом дорам» гӯён даъвои устодӣ мекунад. Канӣ ғурур, канӣ маънавияти боло?
Мутаассифона на ҳамаи омӯзгорони ҷавон ҳамқадами замонанд. Пешравии замонро бинеду қафомонии моро. Сипосгузор аз он омӯзгороне ҳастам, ки шахсони фидоӣ мебошанд. Ин омӯзгорон бо рӯзнома ҳамнафасанд. Ба аҳли коркунони рӯзнома ташаккур мегӯям – ба бахти халқи тоҷик, ба бахти рӯзнома...  
Инак, ду моҳи соли 2019 низ сипарӣ гашт. Вале ин маънои онро надорад, ки обуна ба рӯзнома, аз ҷумла «Овози тоҷик» дер шуд. Обуна давом дорад. Шумо метавонед, дар давоми сол ба он обуна шавед ва саҳми худро дар пойдориву гул-гулшукуфии он гузоред. Биёед, эй ҳамзабонон,  обуна ба рӯзнома ва ё рӯзномахонӣ, нафақат ба омӯзгорону ходимони таълими халқ вобаста аст, балки ҳар як фарди худшинос, тоҷикзабону соҳибмаънавият аст. Биёед, якҷоя собит созем, ки вориси устодон Айниву Турсунзодаем.  
Ғафлатзадагӣ ба мо намезебад.
Намо паҳлу тиҳӣ аз тору пуди  сустии ғафлат,
Набояд такя бар болини ин махмал бино кардан.
Дар ин дарё гуҳар шав қатрае, гар обрӯ дорӣ,
Ҳубобосо сари холӣ чӣ лозим бар ҳаво кардан.

(Мирзо Содиқи Муншӣ).

Сулаймонбек СОДИҚОВ,
омӯзгори мактаби 
таълими ҳамагонии 
рақами 9-уми ноҳияи Бӯкаи вилояти Тошканд. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: