«ДИЛАМ БАР РӮДАКӢ СӮЗАД...» Ҳайкали 13 сол қабл гумшудаи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар натиҷаи ҷустуҷӯҳои тӯлонӣ ёфт шуд

  • «ДИЛАМ БАР РӮДАКӢ СӮЗАД...» Ҳайкали 13 сол қабл гумшудаи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар натиҷаи ҷустуҷӯҳои тӯлонӣ ёфт шуд
  • «ДИЛАМ БАР РӮДАКӢ СӮЗАД...» Ҳайкали 13 сол қабл гумшудаи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар натиҷаи ҷустуҷӯҳои тӯлонӣ ёфт шуд

Муҳаққиқони эҷодиёти Рӯдакӣ ҳама бар он нуктаанд, ки вай шоири заковатманду тавоно буда, истеъдоди худододе доштааст.

Муҳаққиқони эҷодиёти Рӯдакӣ ҳама бар он нуктаанд, ки вай шоири заковатманду тавоно буда, истеъдоди худододе доштааст. 
Маҳз ба ҳамин далел ин шахсияти бузурги назм аз ҷониби аҳли адаби замони худ ва минбаъд низ бо унвону лақабҳои эҳтиромию ифтихории “Одамушшуаро”, “Соҳибқирони шоирӣ”, “Султонушшуаро”, “Корвонсолори шоирон” ва ғайра ба таърифу ситоиши олӣ сазовор гардидааст.
Ин сухансарои моҳир бо осори бесобиқаи худ собит намуд, ки қудрату имконоти забони форсӣ (тоҷикӣ) беинтиҳост ва каси соҳибсухан метавонад ба воситаи он асарҳои олии пурмазмун ва дилнишин офарад. Рӯдакӣ бо ин амр хӯрдагирию назари нописандонаи арабпарастонро нисбат ба забони форсӣ барбод доду ба даҳони эшон муҳри хомӯшӣ зад. Шак нест, ки асарҳои Рӯдакӣ барои амалӣ гардидани зарурати замон, яъне тасдиқу таъйини давлати мустақил ва комилҳуқуқи Сомониён аҳамияти аввалиндараҷа доштанд.
Шеър дар давраи Сомониён ба шарофати Рӯдакӣ дар суханҳои олӣ ифода ёфт. Назм комилан ба тартибу низом даромад. Парчами забони форсиро, ки пешгузаштагонаш боло карда буданд, Рӯдакӣ баландтар кард.
Билошак, забони адабии форсӣ (тоҷикӣ) то зуҳури Рӯдакӣ вуҷуд дошт ва чандин шоирон бо ин забон асар эҷод карда буданд, аммо он ҳама хиштҳои аввалин буданд бобати таъмиру бунёди қасри муҳташами адабиёти оламшумули форсу тоҷик. Бино ба таъкиди академик Абдулғанӣ Мирзоев, “мероси адабии онҳо (Муҳаммад Васиф, Бассоми Курд, Муҳаммад бинни Мухаллад, Ҳанзалии Бодғисӣ, Варроқи Ҳаравӣ, Абусалики Гургонӣ ва ғайра) баъд аз нурафшонии ситорагони дурахшони адаби асри Х хеле ночиз гардида, дар давраҳои минбаъдаи таърихи назми классикии мо сармашқи ҳеҷ як аз намояндагони ин соҳа қарор гирифта натавонист”.
“Асарҳои Рӯдакӣ аз бобати забон  дорои чандин аҳамияти бузурги таърихиянд. Аввалин ҷиҳати муҳим он аст, ки Рӯдакӣ қоида ва қонунҳоеро, ки шоирони пешин дар бобати забони нав – забони адабии форсии дарӣ вазъ карда буданд, дар навъҳои гуногуни назм мустаҳкам намуд ва дар роҳи комилан ба эътидол омадани ин забон саҳми ниҳоят азим ва ҳалкунанда гузошт. Рӯдакӣ дар асос ва заминаи забони зиндаи халқ ҳусн, қудрат ва имконоти бепоёни забони навбунёдро ба ҷилва овард, онро ба пояи баланди равнақу инкишоф бардошт.
Фаъолияти адабии султони шоирон, вақте огоҳӣ ёфт, ки забони форсӣ дар давлати тозаташкили Сомониён забони расмии давлатӣ эълон шудааст, беш аз пеш афзуд. Рӯдакӣ бо даҳои бузурге, ки табиат ба ӯ ато карда буд, дар иҷрои ин вазифаи бузург камари ҳиммат баст, забони “хом”-и халқро ба андеша ва тааммули тамом омӯхт, қои-даҳои онро дар кӯраи ақл гудохт, пухта кард ва ба соҳибони ин забон — оммаи халқ манзур сохт. Рӯдакӣ бо ин амали хайр дар ташаккули меъёри адабии забони форсии дарӣ амалан роҳбарӣ кард ва тавассути навиштаҳои худ тамоюли асосии инкишофи минбаъдаи ин забонро муқаррар намуд. Ин аст, ки забони асарҳои Рӯдакӣ намунаи олӣ, меъёри идеалии забони адабии навбунёд қарор гирифт”, – менависад забоншиноси маъруф Раззоқ Ғаффоров.                  
Навиштаҳои Рӯдакӣ барои дигарон мактаб шуданд, онҳо дар ин мактаб тарбия ёфтанд ва равишеро, ки устоди донишмандашон пеш гирифта буд, бо камоли сипосгузорӣ идома доданд. Забони Рӯдакӣ забони намуна шуд. Дигарон аз ӯ омӯхта, пайи ӯро гирифтанд ва ин мактаб, ин сабки адабӣ дар тамоми сайри таърихии минбаъдаи инкишофи забонамон нуфуз ва эътибори худро нигоҳ дошт, сармашқи ҳазорон қаламбадастон шуд.
Асосгузори адабиёти форс-тоҷик шуморида шудани Рӯдакӣ баҳои ҳаққонӣ асту ҷойи баҳсе надорад. Ва ба эътирофи адабиётшиноси маъруф Носирҷон Маъсумӣ “Таърихи забон ва адабиёти мо ҳақдор аст, ки асосгузори маъруфи назми классикии тоҷик Рӯдакиро мураббӣ ва сардафтари адабиёти тоҷик номад”.

Рӯдакишиносӣ 
 
Бунёди рӯдакишиносӣ дар Осиёи Марказӣ бо номи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнии бузургвор вобаста аст. Эътиқоди Айнӣ ба Рӯдакӣ аз мақолоти арзишманди илмии ӯ, ковишҳои пурсамари тадқиқотияш дар бобати Одамушшуаро ва кашфи зодгоҳу хокҷои шоир дақиқ ба назар мерасад. Иродату эҳтироми устод ба Рӯдакӣ ба дараҷае буд, ки то мазори гумноми падари шоири форсиро дар асоси далелу бурҳони дақиқ пайдо накард, ором нагирифт. 
Ҳамин тариқ, дар асоси чандин манбаъ ва нигоштаҳои Идрисии Астарободӣ, ки таърихи Самарқандро низ навиштаасту Рӯдакиро аз қарияи Рӯдаки ноҳияи Самарқанд гуфтааст, Айнӣ муайян намуд, ки дар ҳа-қиқат, Рӯдакӣ самарқандӣ аст, зеро Рӯдак чун рустое дар Панҷакат, ки аз ноҳияҳои Самарқанд ба ҳисоб мерафт, ҷойгир шудааст. 
“Намунаи адабиёти тоҷик” нахустин сарчашмаест, ки Садриддин Айнӣ онро бо зикри ном ва осори Рӯдакӣ оғоз карда буд.
Таҳияву тадвин ва гирдоварии нашри осори Рӯдакӣ низ бо устод Айнӣ иртибот дорад.
Маҳз бо пешниҳоду ташаббуси Айнӣ соли 1940 бори нахуст 1100-солагии Рӯдакӣ таҷлил гардид.
Метавон гуфт, ки рӯдакишиносӣ аз масъалаҳои муҳим ва ҳамешагии Айнӣ ба шумор мерафт ва шоҳроҳе барои тадқиқоти васею амиқи баъдина шуд.

Рӯдакӣ ва Самарқанд

Самарқанд ҳазорон сол инҷониб маркази фарҳанги илму маданияти тоҷикон буду ҳаст, ки ҷаҳон эътироф кардааст. Аз ин лиҳоз, ба саромадони ин фарҳангу маданият, хусусан ононе, ки ҳаёту эҷодиёташон бо Самарқанд вобаста мебошад, ҳар қадар арҷу эҳтиром ва ҳайкалу лавҳаҳо гузорем, кам аст.
Вафо Эшонқулови самарқандии забондӯсту худшинос солиёни дароз орзу мекард, ки мардуми тоҷики Ӯзбекистон низ аз тамоми ҳуқуқи конститутсионии хеш бархурдор бошанд: дари кӯдакистонҳою макотиби тоҷикӣ ба рӯйи онон боз бошанд, рӯзномаву маҷаллаҳои тоҷикӣ нашр гарданд, барномаҳои телевизионӣ ба ин забон амал кунанд, осори адибон чоп шаванду дар Самарқанд ҳайкали Рӯдакии Самарқандӣ қомат афрозад. Аммо ҳеҷ гумон надошт, ки рӯзе худаш ташаббускори ин иқдом хоҳад шуд.
8 декабри соли 1988 дар рӯзномаи “Ленинский путь” (ҳоло “Самаркандский вестник”) мактубе бо имзои 37-нафар кормандони шуъбаи самарқандии Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии “Узстройпроект”, ки Вафо Эшонқулов корманди он ва ташаббускори мактуб буд, мақолае таҳти унвони “Пусть будет памятник Рудаки!” чоп шуд.
Ин дархосту пешниҳод байни аҳолии вилоят ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо кард ва ҳатто аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи шаҳру вилояти Самарқанд низ маъқул дониста шуд. Дар ин бобат 20 декабри соли 1989, яъне баъди як сол қарори муштарак қабул гардид. Аз КМ ҳизби коммунист ва Шӯрои Вазирони Ӯзбекистон иҷозаи ҳалли масъала тақозо шуд. Баъди даву този зиёд,хушбахтона, барои гузоштани ҳайкал рухсат шуд.
Ҳамзамон гурӯҳи равшанфикрони самарқандӣ дар фикри бунёди “Хазинаи Рӯдакӣ” афтоданд. Хазина таъсис ёфту дар бонк ҳисоб-рақами худро боз кард. Хазинадори он низ Вафо Эшонқулов таъин гардид.
Дар саҳифаҳои рӯзномаҳои вилоятӣ ва ҷумҳурӣ акси садоҳое ба табъ мерасиданд, ки ҳама дархости ҳарчи зудтар қад афрохтани ҳайкали Рӯдакиро доштанд. 
27 феврали соли 1992 дар театри опера ва балети Самарқанд  муаррифии “Хазинаи Рӯдакӣ”  ва марафони хайрия бо ташкили базми шеъру суруд бо иштироки меҳмонони зиёд аз вилоёту маркази Ӯзбекистон, ҷумҳуриҳои дӯсту бародари ҳамсояи Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон, Афғонистону Қирғизистон ва санъаткорони номдори ҷумҳурӣ бо шукӯҳи хосе баргузор гашт. Ин далели раднопазири дилбастагии мардум ба назми оламгиру ҷовидонаи Рӯдакӣ буд. Он рӯз, ҳатто мардуми зиёд аз норасоии ҷой берун аз бинои театр монданд. Тамоми маблағи ҷамъомада ба Хазинаи Рӯдакӣ ирсол гардид.
Аз ҷониби ҳайати ҳакамон барои лоиҳаи муҷассамаи Рӯдакӣ озмун эълон шуд ва дар он ғолибиятро саррасоми театри опера ва балети Самарқанд Даврон Сафозода ба даст овард. Ҳайкалтароши самарқандиасли тоҷикистонӣ Шаҳриёр Мухторов ва меъмори самарқандӣ Ҷамшед Султонов бо ҷӯшу хурӯш ва меҳри беандоза ба сохтани пайкара шурӯъ карданд. Мувофиқи нақша ҳайкал мебоист соли 1991 қад меафрохт, аммо аз сабаби набудани маблағи зарурӣ, яъне як миллион сӯм, он қафоандоз шуд. Барои ҳайкали 6 метра  742000 сӯм ва барои иҷрои тадбирҳои меъморию наққошӣ ва ороиши майдон низ маблағ лозим буд. Мутаассифона, то он дам ҳамагӣ 63932 сӯм ҷамъ шуда буд. Чун аз суръати пасти ҷамъоварии маблағ огоҳ гаштанд, ҳисси ҷавонмардию ҳимматбаландии бисёриҳо боло гирифту ба ҳисобрақами хазина ғайричашмдошт пайи ҳам хайрияҳои мардум ворид гаштанд.
Ин ҷо дилсӯзию кӯмаки раиси хазинаи “Эҳёи Самарқанд”, раиси Шӯрои депутатҳои халқи вилояти Самарқанд Пӯлод Абдураҳмонов, раиси Шӯрои депутатҳои халқи шаҳри Самарқанд Мустафоқул Ғаниев ва ҷонишини ӯ Соҷида Аҳмадҷонова (охираташон обод бод), раиси Шӯрои намояндагони халқи ноҳияи Сиёб Фаррух Ҳошимов, раиси Кумитаи иҷроияи шаҳри Душанбе Мақсуд Икромов, раиси Бунёди забони тоҷикӣ (форсӣ) Лоиқ Шералӣ, мудири Китобхонаи миллии Эрон Алии Кофиро месазад алоҳида ба забон гирифт.
Саҳми корхонаи саҳҳомии “Сино”, заводҳои таҷрибавӣ, кимиё, “Кинап”, “Красний двигател”-ро махсус бояд таъкид кард. Инчунин, сокинони деҳаи Панҷруди ноҳияи Панҷакат, омӯзгорони ноҳияи Бӯка, Маркази фарҳанги тоҷикони Чирчиқи вилояти Тошканд, маркази фарҳанги тоҷикони Самарқанд, мактабҳои шаҳр, ноҳияҳои Самарқанду Нурободу Пастдарғам ва Ургут, Институти такмили ихтисоси омӯзгорони вилоят, шуъбаи тандурустии шаҳр ва гузарҳои шаҳру навоҳии вилоят аз аввалинҳо буданд, ки ба хазина маблағҳои чашмрасе ворид карданд.
Дар мактаби рақами 5-уми ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Сиёб марафони хайрия гузаронида шуда, 170-нафар омӯзгорони он музди якрӯзаи меҳнати худро ба сарҳисоби Хазинаи Рӯдакӣ гузарониданд. Ҳамон рӯз хонандагони 55 синфи мавҷудаи мактаб – аз синфи 1 то 11, омӯзгорон, тарбиятгарон, меҳмонон, ҳамсоягузарҳою мактабҳо, собиқ хатмкардагони мактаб, инчунин баробари тоҷикон намояндагони миллатҳои гуногун: русу ӯзбеку тотор ва арман  низ дар ин хайрия саҳм гирифтанд. Он рӯз ба сандуқи хайрия 11700 сӯм маблағ афтид.
Ин иқдом намуна гашту коргоҳу ташкилот, мактабҳои миёнаву олии дигар низ ба кори хайр камари ҳиммат бастанд.
Билохира, 22 марти соли 1996 пайкараи деринтизори Рӯдакии Самарқандӣ дар майдони Регистон қад афрохту парда аз рӯяш бардошта шуд. Маросими бозшавии он бо шукӯҳи хосае баргузор гашт, завқу сурур, ифтихор ва масъулиятшиносии мардумро ҳадду канор набуд.
Соли 2008 1150-солагии Одаммушшуаро бо ташаббус ва хайрхоҳии чанд нафар аъзои фаъоли собиқ маркази фарҳанги тоҷикон дар сатҳи баланд гузашт ва як қисми он барнома дар пояи ҳамин ҳайкал сурат гирифта буд.

Рӯдакиро кӯр кардем, бас набуд?

Нуктаеро бояд таъкид кард, алҳол дар мактабҳои миёнаи кишвар ба 7 забон, яъне ӯзбекӣ, тоҷикӣ, русӣ, қазоқӣ, қароқалпоқӣ, қирғизӣ ва туркманӣ таълим ба роҳ монда шудааст. 
Пас, магар арзанда нест, ки дар мактабҳои ғайритоҷикии ҷумҳурӣ низ дар бораи ин абармард маълумот дода ва эҷодиёташ омӯхта шавад?
Зиёд ба назар мерасад, ки олимон, муҳаққиқону аҳли матбуот бобати ин ё он эҷоди на он қадар арзишманд бебаркаш сухан мегӯянду осори арзишмандтарин ё аз назарҳо дур мемонад, ё қасдан мавриди эътибор қарор намегирад. Ва метавон гуфт, ки Рӯдакӣ дар мо ба ҳамин беэътиноӣ маҳкум шудааст. 
Назари ҳақбину ҳақҷӯе мебояд, ки ин ҳақиқати раднопазирро бинаду тан гирад ва ислоҳи ин хато карда, эҳтироми ин нобиғаро ба ҷояш гузорад. 
Ин ҳама кам буд, ки бо сабабҳои номаълум соли 2009 муҷассамаи боҳашамати Рӯдакии бузургворро бе ягон шарҳу эзоҳ ҷоҳилонаю дуздона шабонгаҳ аз майдони Регистон барканданду бурданд, ки боиси ҳайрату нофаҳмӣ, норозигӣ ва мушаввашхотирии мардум гашт. 
Шояд барои паст нишондани ин оташи норозигию ғазаби халқ буд, ки дар Боғи истироҳатии шаҳр нимтанаи гаҷкории Рӯдакӣ, он ҳам бидуни сабти ном гузошта шуд ва баъди чанд муддат номашро – «Абуабдуллоҳ Рудакий» навиштанду халос. 
Мардум аз пешина бештар ҳайратзада буд, дар сурате, ки муҷассамаи аслиро метавон гузошт, ҳоҷат ба ин нимтана чист?! Аммо чӣ мегӯед, ҳаминро ҳам Худо бисёр дид, ки нимтана низ канда шуд ва ҳоло дар ҷойи он тадбиркоре ғарқи сохтани  маскани фароғатӣ аст.
Аз он ҳодисаи нангин 13 сол сипарӣ гашт. Дар ин муддат дар расонаҳои хабарӣ ва муроҷиату мактубҳо аз тақдири номаълуми ин пайкара бонги изтироб зада шуд. Вале ҳама бе натиҷа буд. Муроҷиатҳо ба аҳли матбуот, блогерҳо, масъулини чандин музей бинобар дарёфти маълумот бобати ҳайкали баяғмобурдаи Рӯдакӣ бенатиҷа мемонданд. 
Соли гузашта директори осорхонаи Хоҷа Абдулазиз Абдурасулов дар Самарқанд, равоншод Беҳрӯз Маъруфӣ дар суҳбате ҷойи нигаҳдории ин ҳайкалро гӯшакӣ кард ва аз ҳамон дам дар фикре будем, ки чӣ сон ба он метавон дастрасӣ пайдо кард.
Моҳе қабл тасодуфе рух дод. Мо пинҳонӣ вориди ҷое шудем ва дар натиҷаи кофтукови ҳарисона аз зери партовҳо ҳайкали Одамушшуарои бо як пойи канда сарозер хобидаро пайдо кардему ҳуш аз сарамон парид, муддате худ карахту ҳайкал шудем... Беихтиёр об дар чашм мисраи “Дилам бар Рӯдакӣ сӯзад, ба ҳоли зиндагӣ сӯзад”-ро ба забон бурдем. Ҳам ба ҳоли Рӯдакӣ, ҳам ба меҳнати зиёду умедҳои барабасрафтаи мардум гиристем ва бар ононе, ки ин муносибати ҳақоратомезро ба даҳои нотакрор раво дидаанд, нафрину лаънат хондем:
Рӯдакиро кӯр кардем, бас набуд,
Бахти ӯро шӯр кардем, бас набуд.

Фикре касро ором намегузорад, «Рӯдакӣ» барои кадом гуноҳҳояш ба ин «ҷазо» гирифтор шуд?
Ин муносибати мансабдорҳоро ба даҳои бемисли адабиёт чӣ гуна метавон арзёбӣ кард?!
Агар он замон дӯстхоҳиву дӯстигӯиҳо рӯшану беғубор мешуданд, магар ин ҳайкал дар ҷойи зарурӣ нею зери ин ифлосиҳо қарор мегирифт ва он то кай он ҷо бояд мехобид?
Хушбинӣ ва ҳусни боварро гум накардаем ва танҳо аз Раисҷумҳури муҳтарами худ Шавкат Мирзиёев умед дорем, ки эҳтироми воқеии даврони навини байни халқҳоро, ки эшон аз асосгузоронаш буданд, азиз дониста, баҳри боз ҳам мустаҳкамтар гаштани муносибатҳо ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир хоҳанд кард. Ва дар Самарқанд барои Рӯдакӣ ҷойи муносибе пайдо шуда, Маликушшуаро қади худ боз боло хоҳад карду мо ворисон аз зери санги маломат озод хоҳем гашт. 
Кош, дар Самарқанд – Маркази тамаддуни ҷаҳонӣ ташкил мешуду Рӯдакӣ ба сифати сарвари тамоми шоирон дар байни онҳо қарор мегирифт!  

Амина ШАРОФИДДИНОВА, 
Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: