Мардҳои деҳа, вақте шуниданд, ки ба сари кадоме мусибат афтод, ҳама корро, ҳатто заруртарин корҳоро гузошта, ба хонаи мотамдор ё қабристон рафта, дар ҷаноза ва гӯру чӯби марҳум иштирок мекунанд.
Дар шаҳр, албатта, шароит дигар, вале шаҳриён низ, бо шунидани хабари нохуш, то қадри имкон ҳаракат мекунанд, дар маросими дафни шинос ё дӯст, ақрабо ё ҳамсояву ҳаммаҳаллаи худ иштирок кунанд.
Вале гоҳо мешудааст, ки соҳибони мурда дар манзили худ – азохона не, балки ҷойи дигар – дар коргоҳ бошанд. Дар хона мурда хобидааст, дарову баро дар авҷ, вале соҳиби мурда нест – вай дар кор аст. Наход кор ҳамин қадар муҳим?
Духтари яке аз чеҳраҳои намоёни санъати театрии ӯзбек Обид Ҷалилов ногаҳон вафот кард. Аз фавти нобаҳангоми фарзанди дар синни балоғаташ ҳунарпеша худро гум кард. Чӣ илоҷ, ин гуна санҷишҳои сахт низ доштааст зиндагӣ... Сари калобаи падар боз аз он гум, ки вай он бегоҳ дар театр рол дошт. Дублёр расм набуд он солҳо ва агар иҷрокунандаи нақши асосӣ ҳозир нест, ба чӣ оид шудани вазъи спектакл, ки билетҳо фурӯхта ва тамошобинон ҷамъ шудаанд, ба ҳар кас маълум.
Мурдаро гузошта, Обид Ҷалилов сӯйи театр шитофт. Гӯё воқеае рӯй надода, нақшро бозид. Чиҳо аз дилаш мегузаштанд, яқин, ба худаш аён буду ба Худо...
Чунин тақдири шум ба рӯзи вазнин ба сари Ҳошимзода ном ҳунарпешаи тоҷик низ афтод. Дар театри Хуҷанд нақши асосиро аз спектакли «Майсара» ба вай супурда буданд. Ҳамсараш аз олам гузашт. Дунё ба назараш торик. Бо вуҷуди он ки дар хона мурда дошт, вай ба спектакл омад. Нақши қозиро ба маром расонда иҷро кард ва ҳамаро хандонд. Бо тамошои мазҳака ҳама хушҳол, хун мегирист дили ҳунарпеша, ки дар хона...
Дар хона, сари мурдаи модар, ҳоли зоре доштанд фарзандони Ҳошимзода.
Ш. МУҲАММАД.