ДИЛБАСТАИ АДАБИЁТИ ШАРҚ

Хонум Габриелле ван ден Берг соли 1967 дар шаҳри Лайдени Голландия таваллуд шудааст.

Айни замон дотсенти Донишгоҳи Лайден аст ва ба донишҷӯён аз фанҳои забон ва адабиёти форсӣ, таърихи Эрон ва Осиёи Миёна  дарс мегӯяд. Рисолаи докториашро соли 1997 таҳти унвони «Шеъри шифоҳии исмоилиёни Бадахшони Тоҷикистон» ҳимоя кардааст. Хабарнигори мо бо дотсент Габриелле ван ден Берг мусоҳибае дошт, ки фишурдаи онро тақдими хонандагони рӯзнома мегардонем.
– Хонум Габриелле, чунонки маълум шуд, Шумо аз забону адабиёти форсӣ, таъриху дини мардуми мо хеле огоҳии кофӣ доред. Ангезаи ин омӯзиш чӣ буд?
– Вақте кӯдак будам, падарам тарҷумаи китобҳои форсиро ба ман пешкаш мекард, ки инҳоро бихон, дар байни онҳо рубоиҳои Хайём, ғазалҳои Ҳофиз ва дигарон низ буд. Ва доимо такрор мекард, ки фарҳангу адабиёти форсӣ барои мо ганҷинаи пӯшида аст. Бояд онро фаро гирӣ. Азбаски падарам аз тамаддуни Шарқ, минҷумла, забон ва адабиёти араб хабардор буд, чи арзиш доштани фарҳанги Шарқро хуб медонист. Ман вақте кам-кам бо онҳо шинос шудам, дарк намудам, ки хеле асарҳои ҷолибу мароқангезанд. Ниҳоят, ба забон ва адабиёти форсӣ дилбастагии қавӣ пайдо кардам.
– Лутфан таассуроти худро аз сафар ба Ӯзбекистон бигӯед. Зеро ҳар як нафар шаҳрванди хориҷие, ки ба ин диёр меояд, албатта, мамлакати дорои тамаддуни бузург ва сарватҳои моддиву маънавӣ будани онро аз наздик эҳсос мекунад.  
– Ман бори аввал ба Ӯзбекистон соли 1985 сафар карда будам. Охирин сафарам ба ин ҷо соли 2000-ум буд. Ҳоло баъди ҳаждаҳ сол ба ин ҷо омада дидам, ки Ӯзбекистон хеле тағйир ёфта, пеш рафтааст. Дар ин муддат қиёфаи худро куллан тағйир додааст. Вақте ба иншооти сохташуда ва манзараҳои зебо менигаред, ин гуфтаҳо исботи худро меёбанд. Мо ба Ҳазрати Имом ва дигар ҷойҳои диданӣ рафтем. Ин зиёратҳо ҷолиб буданд. 
Ӯзбекистон шаҳрҳои куҳан ва зебое мисли Самарқанд, Бухоро ва Тошканд дорад, ки барои мо аз ҳар ҷиҳат қобили таваҷҷӯҳанд. 
Тайи се рӯз дар Донишгоҳи давлатии ховаршиносии Тошканд ду суханронӣ ва як дарси маҳорат доштам. Маърӯзаҳо оид ба санъати китобати Роҳи бузурги абрешим: дар мисоли тасвирҳои «Шоҳнома», тасвирҳои қиссаи «Одам ва Ҳавво», таърих ва шеърияти муштараки дарбори Ғазнавиён сурат гирифт. Кормандон ва пажӯҳишгарону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ховаршиносиро тайи ин суханронӣ ва дидорбиниҳо фаъол ва хушмуомилаву хушахлоқ дарёфтам.  Махсусан, бо дастгирии проректори донишгоҳ Гулчеҳра Рихсиева ва доктори илмҳои филологӣ Улфат Муҳибова суҳбатҳои хотирмон сурат гирифт, ки аз эшон сипосгузорам.  
– Шумо бо забони форсӣ-тоҷикӣ хеле озод ҳарф мезанед.
– На, он қадар не (механдад). Аммо ман дар Эрон, дар Тоҷикистон будам. Чанд муддат ба Бадахшони Тоҷикистон низ сафар доштам. Бо муҳити адабии тоҷикӣ шиносоии наздик дорам.  Тайи омӯзиши чандсола ва ин сафарҳо кӯшиш кардам, ки ин забонро ёд гирам. Натанҳо дар хондану навишт, балки дар гуфтугӯ низ. Ин забони хеле ғанӣ аст. Онро надонистан, яъне, аз чунин фарҳанги бузург бебаҳра будан аст. Моҳи охир ҳамоише бахшида ба ҷашни Садриддин Айнӣ дар Душанбе баргузор шуд, дар он ҷо хоҳиш карданд, ки ба форсӣ маърӯза кунам. Пас, ба форсии тоҷикӣ суханронӣ кардам. Дар ин ҷо низ бо хоҳиши пажӯҳишгарони забон ва адабиёти форсӣ дарси маҳоратро ба забони форсӣ баргузор намудем. Мардуми ин ҷо низ баъзан мебинам, ки забони форсӣ-тоҷикиро низ балад ҳастанд, боиси комёбии онҳост. Яъне, ду забонро дар ихтиёр доранд. Албатта, забон мероси бузурге ҳаст, ки бояд ҳифз карда шавад.  
– Оиди адабиёти давраи Ғазнавиён ва ҷашнҳои миллӣ дар ин давра чӣ гуфтаниҳо доред? Чун оиди ашъори шоирони ин давра пуршӯру хурӯш ҳарф мезанед. 
– Дар давраи Ғазнавиён низ адабиёт ривоҷ ва тараққӣ ёфт. Махсусан, жанри қасида хеле пеш рафта буд. Шоирон дар қасидаҳояшон, бо вуҷуди он ки Султон Маҳмуд ҳамчун намояндаи дини ислом аз он ҳимоят мекард, ба тасвири ҷашнҳои миллии Наврӯз, Садаву Меҳргон ва дигар идҳои динӣ даст мезаданд. Аммо онҳо хусусияти ҷашнҳои аз давраи Зардушт мондаро бо суханбозӣ ифода мекарданд. Бо ҳар тариқ ин анъанаҳои суннатӣ идома меёфтанд. Дар «Таърихи Байҳақӣ» оиди ҷиҳатҳои ҷолиби онҳо маълумот оварда шудааст. Ҳатто Фаррухӣ ҷашни Меҳргонро бо рӯза ба чунин тарзи суханбозӣ ифода кардааст:
Меҳргон имсол шуғли 
рӯза дорад пеши дар,
Хоҷа аз оташпарастӣ 
тавба дод ӯро магар?
– Байт ё шеъре ҳаст, ки аз осори шоирони адабиёти форсӣ-тоҷикӣ чун шиори худ интихоб карда бошед?
– Ба ростӣ, байтҳои зебову баланд хеле зиёданд. Аммо ман ин байтҳои Устод Рӯдакиро бештар мепазирам, ки гувоҳи ҳоли ман аст:
Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон
Бартар аз дидори рӯйи дӯстон.
Ҳеҷ талхӣ нест дар дил талхтар
Аз фироқи дӯстони пурҳунар.

– Дар оянда чӣ нақшаҳое доред? 
– Ман, ки бештар дар бораи «Шоҳнома» кор кардам, аз он хеле лаззат мебарам. Минбаъд мехоҳам, ки чун идомаи пажӯҳишҳои худ корҳое дар робита байни таъриху шеър оид ба адабиёти дарборӣ анҷом диҳам. Бояд мероси адабии шоирон ҳам бо манобеи адабӣ, ҳам бо манбаъҳои таърихӣ таҳқиқ карда шаванд. Дар он сурат таҳқиқе арзишманд ба даст меояд.

Суҳбатнигор
Хусрав ҲАМИДОВ, хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: