ДИЛБОХТАГОНИ САНЪАТИ ТАСВИРӢ

Санъати тасвирӣ дар маданияти Шарқ бо хусусиятҳои худ ва ҷозибаи махсусаш бартарӣ дорад.

 Диёри мо аз қадимулайём ватани бисёр хаттотону мусаввирони моҳир будааст. Ин соҳибони ҳусни хати зебо барои ба хонадону ҷевони китобҳои мардум ворид шудани бисёр девонҳои нодиру асарҳои машҳури таърихӣ саҳм гирифтаанд. Дар мамлакатамон тибқи 5 ташаббусе, ки бо фармони Президент ҷорӣ гардида буд, ин рӯзҳо дар мактабҳои таълими умумӣ бо роҳи онлайн баҳри рӯйи об баровардани истеъдодҳои ҷавон як қатор ташаббусҳо ба амал татбиқ шуда истодаанд. Аз ҳама муҳимаш он аст, ки шогирдон вақти холии худро бесамар нагузаронида, тибқи завқу шавқи худ машғулиятҳояшонро идома мебахшанд.
Ҳоло карантин имкон медиҳад, ки бисёр наврасону ҷавонон ҳунару маҳорат ва истеъдоди худро сайқал диҳанд. Исботи ин гуфтаҳоро мо дар мисоли шогирдони худ дар мактаби таълими умумии рақами 34-уми ноҳияи Сайҳунобод бараъло дида метавонем.
Шогирдони мактаби мазкур баробари он ки дарсҳоро онлайн аз худ намоянд, дар озмунҳои гуногун низ ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ иштирок намуда, сазовори таҳсин низ гаштаанд. Яке аз шогирдони мактаб Маҳтобой Қаҳҳорова соли гузашта аз фанни нақшакашӣ дар озмуни ноҳиявӣ ва вилоятӣ ҷойҳои ифтихориро гирифта, ба факултаи санъати тасвирии Донишгоҳи давлатии Гулистон дохил шуд.
Аён мегардад, ки яке аз машғулиятҳои дӯстдоштаи хонандагони мактаб сураткашӣ мебошад. Онҳо дар жанрҳои гуногун, аз қабили манзара, натюрморт, минётура маҳорати худро сайқал медиҳанд. Шогирдоне чун Сӯҳроб Валиев, Завро Додоева, Сафия Аслонова, Шаҳзода Зарбодова, Ғиёс Некмуродов, Дамир Азизов, Рустам Холибоев, Хайринисо Ваҳҳобова, Дилноза Раҳмонова, Уғулой Қаҳҳорова, Зумрад Бобоқулова, Санҷар Султонов, Сарвиноз Шокирова суратҳои хеле зебову ҷолиби диққат кашидаанд, ки дар озмунҳои байнимактабӣ ва ҳар ҷашну чорабиниҳо шоҳиди он мегардам, ки оро додани ҳар гуна шиору овезаҳо ба зиммаи ин шогирдони эҷодкор меафтаду суратҳои кашидаашон мақбули ҳамагон мегардад.
Умед аст, ки онҳо ба сифати идомадиҳандаи кори рассомони машҳур бо эҷоди асарҳои рангин табъи ҳамагонро болида хоҳанд гардонд.

Шуҳрат АЗИЗОВ,
омӯзгори 
тоифаи якуми
мактаби 
рақами 34-уми
ноҳияи Сайҳунободи
вилояти Сирдарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: