ДИЛБОХТАИ САВТУ СУРУДИ ТОҶИКӢ

Хабари хуш болу пар дорад.

Хабари хуш болу пар дорад. Охири солҳои 80-ум, ё аввали 90-уми асри гузашта буд. Овозаи ба мактаби миёнаи он вақт калонтарини тоҷикии рақами 9 ба номи Рӯдакии ноҳияи Шофиркон омадани як гурӯҳ  шоиру нависандагони машҳури тоҷикро шунида, мо омӯзгорони мактабҳои тоҷикии ноҳия саъй намудем, ки ҳар чӣ зудтар ба деҳаи Ҷӯйинав равем. Вақте он ҷо расидем, дидем, ки ба пешвозгирии меҳмонон аллакай роҳбарон, омӯзгорон, сокинони зиёди деҳа гирд омадаанд. Ҳама ҷо тару тоза буд ва атроф бо гулу гулдаста ва шиорҳо аз қабили «Хуш омадед!» оро ёфта. Ба воситаи радиои мактаб дар иҷрои аъзои маҳфили «Санои нафиса» сурудҳои дилнишини тоҷикӣ танин меандохт. Ин ҳангом яке садои «меҳмонон омаданд» ба гӯш расид.  Якчанд автомобили сабукрав пай дар пай омада қарор гирифт. Ҳозирон шоиру нависандагони маъруф Ҷалол Икромӣ, Фотеҳ Ниёзӣ, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулрухсор ва дигаронро бо гулдастаҳо истиқбол гирифтанд. Сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ» Убайд Раҷаб чанд қадам гузошту нохост як лаҳза таваққуф намуд. Суруди пурҷозибаи «Рақс бикун, ҷоно», ки тавассути радио садо медод, диққати ӯро сӯйи худ кашида буд.
– Ин сароянда кист? – пурсид ӯ.
– Толибаи синфи 11-уми мактаб Дилрабо Сафарова, – гуфтанд ба вай.
– Офарин, чунон пурҷозиба месарояд, ки ... –  ҳайраташро пинҳон накард шоир ва илова намуд:
– Агар падару модараш хоҳанд, баъди хатми мактаб ин духтарро шахсан худам ба Душанбе, ба дасти ректори Институти санъати Тоҷикистон Тамара Абдушукуровна бурда месупорам.
Ҳамроҳони ӯ низ ин пешниҳоди шоирро ҷонибдорӣ карданд.
Дар мактаби калонтарини тоҷикии собиқи вилоят, ки он замон 2 ҳазор нафар талаба, бештар аз 300 нафар омӯзгор дошт, комёбиҳои талабагону муаллимон дар соҳаи таълиму тарбия, аз ҷумла, мусиқию суруд намунавӣ буд. Ба туфайли заҳматҳои поквиҷдононаи омӯзгорони соҳа Салим Ҳоҷиев (Худо раҳмат кунад), Низом Адизов, Ҳоҷимурод Умаров онҳо на фақат дар озмуну ҷашнвораҳои ноҳиявӣ, балки дар миқёси вилоят низ соҳиби ҷойҳои фахрӣ мегардиданд. 
Дар ин бозёфт саҳми омӯзгор ва сарояндаи сурудҳои ҷаззоб Низом Адизов арзанда аст. Вай дар хонадони яке аз оилаҳои серфарзанди деҳаи Ғуломтеи ҷамоати шаҳрвандони деҳоти Ҷӯйинав – Нозимамаки тракторчӣ ба дунё омад. Дар байни панҷ хоҳару чор додар дар муҳити меҳнатқаринӣ ба воя расид.
Низом аз хурдсолӣ ба савту тарона дил баст. Ҳар гоҳ, ки аз радио садои мусиқӣ ё суруде ба гӯшаш мерасид, фавран назди он мерафт. Дар мактаб дарсҳои суруд ва мусиқиро бештар  меписандид, дар маҳфилҳои он муттасил иштирок мекард. Ҳар ҷо ки мувофиқ ояд, хусусан, ҳангоми алафканӣ дар саҳро бо овози баланд суруд мехонд. Падару модари меҳрубон дар синфи 5 хоҳиши ҷигарбандашонро ба ҷо оварда, Низомро соҳиби рубоб гардонданд. Ҳамин тариқа Низом Адизов  баъди хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳояшро ба Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода супурд. Аз имтиҳоноти қабул бо баҳои хуб гузашт. Азбаски зодаи деҳа буду аз канори оила дур нарафта буд, ба мусофирӣ тоқат накарда, баргашта омад. Чор соли навбатӣ бо таҳсил дар курси ронандагӣ, хидмати ҳарбӣ, кор дар «Самгипроводхоз» гузашта бошад ҳам, меҳри савту суруд  ӯро тарк накард. Баръакс, ин эҳсосот Низомро соли 1980 ба факултети суруд ва мусиқаи Донишкадаи давлатии омӯзгории Бухоро овард ва бахташ хандид. Чор сол асрори ҳунар омӯхт. Сабақҳои нотакрори донишмандони асили савту суруди мардумии Бухоро ва ҳамнишинӣ бо устодони ҳамин соҳа аз қабили Файзулло Тӯраев, Ориф Атоев, Юсуф Шукуров ва дигарон ӯро водор намуд, ки ба таълим ва тарғиби савту суруди асил ҷиддитар машғул шавад. Ин аст, ки вай аз соли 1984 инҷониб дар мактаби азизаш – рақами 9 фаъолияти самаранок дорад.
– Соли 2018 ба нафақа баромада бошам ҳам, дар таълимгоҳ камтар дарс дорам. Аз ин даргоҳи азиз, кор бо наврасон дил кандан мушкил аст, – мегӯяд ӯ.
– Одатан соҳибистеъдодон – ғунчаҳои санъат дар мактаб зуҳур мекунанд. Онҳо муҳтоҷи тарбия ва парасторианд. Мутаассифона, бисёр шогирдони пуриқтидори мо аз қабили Дилрабо Сафарова, Муҳайё Тиллоева, Насиба Умарова, ки соҳибони овози худодод буданд, бо сабабҳои гуногун аз соҳа дур шуданд. Аниқтараш, маҷрои зиндагӣ онҳоро ба роҳи дигар бурд. Ба ғайр аз ин, солҳои пеш дар марҳилаи ҷумҳуриявӣ роҳ наёфтани сарояндагони сурудҳои тоҷикӣ ба пешрафти соҳибистеъдодҳои нав монеъ мешуд, –  дарди дил ошкор намуд омӯзгор. – Хушбахтона, бо шарофати сиёсати нав ин қабил норасоиҳо ислоҳ мегарданд.
Ҳамсари Н. Адизов Истад Расулова низ ҳамдарсу ҳамкасби ӯст. Вай бо шавҳараш дар як ҷо кор карда, кайҳо ба нафақа баромадааст. Онҳо соҳиби чор писар ва нӯҳ набера мебошанд.
Низом Адизовро мардуми гирду атроф на фақат ҳамчун омӯзгори меҳнатдӯст, балки чун сарояндаи хушовоз низ хуб мешиносанд. Вай кайҳост, ки на фақат дар вилоят, балки берун аз ҳудуди он ҳамчун сарояндаи моҳири сурудҳои тоҷикию ӯзбекӣ шинохта шудааст. Ӯ дар тӯю сур, идҳои халқӣ бо «Боз омадӣ», «Ишқи кӯдакӣ», «Ҷавонӣ рафт»,  «Арзи фарзанд», «Дили модар», «Нонреза», «Ошиқи рӯят», «Гул», «Санги мазорам», «Хайрбод», «Баҳор айёми», «Қӯшчинор», «Сарахбор», «Соқиномаи савти калон», «Муноҷот» барин сурудҳои пурҷозиба ба дили сомеъонаш роҳ ёфтааст.
Беҳтарин фазилате, ки ба Низом волоият мебахшад, хоксорӣ, худогоҳӣ ва иҷрои беғалати савту сурудҳост. Ҳар гоҳ ки ӯ ба саҳна мебарояд, ба ҳаводорони сурудҳои тоҷикӣ Худо медиҳад: то хумори дилашон нашиканад, Низомро ором намегузоранд.

Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: