Дилдодаи фарҐангу матбуот

Умри одамизод мисоли дарёст.

Умри одамизод мисоли дарёст. Гоҳе пай намебарем, ки он ин қадар тез ва зуд мегузарад. Корҳои дар давоми зиндагӣ ба сомон расондаамонро сарҳисоб намуда, гоҳе аз барҳадар рафтани рӯзу ҳафта, ҳатто солу моҳҳои он афсӯсу надомат мехӯрем,  ки ҷавонӣ рафт, миёнсолӣ гузашт...гоҳи дигар аз лаҳзаҳои аҷибу гуворояш ангушти ҳайрат мегазем.
Қаҳрамони лавҳаи мо Раҳимшоҳи Шарифзода ҳам ҳоло ба шасти камолот расид. Вай дар зиндагӣ ҳамеша бар он мекӯшад, ки  бештар мутолиа кунад, омӯзад, аз китобу маҷалла ва рӯзномаҳо андӯхтаашро бо дигарон ба ҳам бинад.
– Дар сарнавишти ман ду рақами як, яъне ёздаҳ ҷойгоҳи хос дорад, – мегӯяд Раҳимшоҳ. – Зеро, аввало, рӯзи ёздаҳуми июл ба дунё омадаам. Сониян мегӯянд, ки модарам маро парпеч намуда, ёздаҳ бор дуои ҷонам кардааст, ки калон шавам. Вақте ки Донишкадаи забону адабиёти руси Тоҷикистонро ба итмом расондам, бо худ ба хона ёздаҳ халта китоб овардам. Рақамҳои охири телефонам ҳамеша ёздаҳ мебошанд. Дар китобхонаи шахсиам як ҳазору ёздаҳ дона китоби бадеӣ ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ мавҷуд аст. Имсол ба саҳни ҳавлии хонаам ёздаҳ бех ниҳол шинонидам...
Ӯ аз вақте ки ба мактабу маориф ба кор омад, пайваста бо матбуот ҳамкорӣ мекунад. Мақола, лавҳа, хабару гузоришҳо таҳия намуда, бо суратҳои худ гирифтааш якҷоя мефиристад. Солҳои охир ба тарҷумаи ҳикояҳо аз дигар забонҳо ба тоҷикӣ ҳам даст зад.
– Барои чӣ бармаҳалтар не, дар ин синну сол ба тарҷума даст задед. Агар барвақт ба ин кор шуғл меварзидед, эҳтимол маҳорати худро сайқал медодед, ба навиштаҳоятон кам эрод мегирифтанд, таҳрир намекарданд, – мепурсем аз ӯ. Вай ба саволи мо ҳамчун посух як ҳикояти халқиро аз «Доғистони ман»-и Расул Ғамзатов гуфт:
«... Як сайёд орзу доштааст, ки рӯбоҳи бӯри сиёҳранг ба даст оварад. Тамоми умр дар кофтукови чунин рӯбоҳ кӯҳу дараҳоро саросар гашта мебарояд. Вақте ки солхӯрда мешавад, барои дур рафтан қувваташ намемонад. Аз ин рӯ, дар дараи назди деҳа шикор карда мегардад. Рӯзе рӯбоҳи бӯри сиёҳрангро ба дом меафтонад, сайёд аз рӯбоҳ мепурсад:
– То ин вақт куҷо будӣ? Ман туро тамоми умр мекобам.
– Ман як умр дар ҳамин дараам, – ҷавоб медиҳад рӯбоҳ, – магар намедонӣ, ки барои ҷустуҷӯ тамоми умр сарф шавад ҳам, барои пайдо кардан як рӯз, ҳатто як лаҳза кифоя аст?! 
Расул Ғамзатов дар поёни ҳикояташ чунин нигоштааст: «Оре, дар ҳаёти ҳар як нависанда рӯзе мешавад, ки ӯ худро кашф менамояд, мавзӯи асосии худро меёбад. Сипас, нависанда набояд ба чунин мавзӯъ бевафоӣ бикунад...»
Раҳимшоҳ барои навиштани мақолаи «Катибаҳои Бобур» дар маҷаллаи байналхалқии чопи шаҳри Нур-Султон соҳиби сертификат гардид, ки имтиёзҳо низ дорад.
Имсол барои бомуваффақият ҷамъбаст намудани соли хониши 2019-2020 аз 20 мактаби таҳсилоти ҳамагонии ноҳияи Мирзочӯл 22 нафар хатмкунандагон медал гирифтанд. Аз ин 17-то медали тилло, 5-то нуқра мебошад. Бояд гуфт, ки шумораи хатмкунандагон дар ин ноҳия 734 нафарро ташкил медиҳанд. Аз 22 нафар соҳибони медал 4 нафар шогирдони мактаби рақами 13-уми маҳаллаи «Тошканд» мебошанд, ки Раҳимшоҳ Шарифзода роҳбари синфи онҳо буду ҳама медалҳои тиллоӣ гирифтанд.
Ҳоло Раҳимшоҳро, ки  ба шасти камолот расидааст, самимона табрику муборакбод гуфта, ба ин дӯсту  ғамхори доимии рӯзномаи «Овози тоҷик» комёбиҳо орзу мекунем.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти ҶИЗЗАХ.
Нормат ҚӮЧҚОРОВ,
равишомӯзи шуъбаи таълими халқи ноҳияи Мирзочӯл.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: