ДИЛИ БЕҒУБОР ДОРАД Ӯ

Гузаштагони Ниғматилло Зойиров дар давоми солҳо бо сартарошӣ, муолиҷаи дандон ва касалиҳое, ки бо хун вобаста аст, машғул мешуданд.

Дар тӯю маъракаҳо сурудхонӣ мекарданд. Шояд аз ин сабаб бошад, Ниғматиллои ҷавон ба  мусиқӣ дил баст...
Баъди кӯч бастан ба шаҳри Чирчиқ вай узви маҳфили мусиқии қасри санъати шаҳр шуда, ба омӯхтани илми мусиқӣ камар баст. 
Ниғматилло дар муддати кӯтоҳ рубобнавозиро омӯхт. Яке аз устодони дилсӯз Бахтиёр Толипов саъю кӯшиши ӯро пай бурда, дар омӯхтани асрори сурудхонӣ ба ӯ кӯмак расонд.
Дере нагузашта дар чорабиниҳое, ки дар миқёси ноҳия ва вилоят баргузор мешуд, бо сурудҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, арабӣ, озарӣ, ҳиндӣ  фаъол иштирок мекард.
Натанҳо ба илми мусиқӣ, балки ба адабиёту рӯзноманигорӣ низ таваҷҷӯҳи зиёд дошт, шеър ва матолиби ӯ, ки асосан дар мавзӯъҳои иҷтимоӣ навишта мешуданд, дар саҳифаҳои рӯзномаи ноҳиявӣ дарҷ мегардиданд.
Баъди хатми мактаби миёна аз сабаби норасоии муаллими фанни мусиқӣ Ниғматиллоро ҳамчун омӯзгори мусиқӣ дар мактаб боздоштанд. Баробари фаъолияти педагогӣ дар кохҳои мусиқии «Кимёгар» ва «Металлург» дастаҳои бачагона ташкил кард. Дастаҳои мазкур дар ҷашнвора ва чорабиниҳое, ки дар миқёси Иттиҳоди шуравӣ баргузор мешуданд, фаъолона иштирок мекарданд.
Ман бо ин инсони меҳнатдӯсту қавиирода ҳамон вақт – вақте ки дар Донишкадаи педагогии Бухоро таҳсил мегирифт, шинос шуда будам. Ҳоло хуб дар ёд дорам, вай аз байни донишҷӯён дар илмомӯзӣ ва иштирок дар чорабиниҳо фаъолтар буд.
Баъди хатми донишкада роҳбарият аз ӯ хоҳиш намуд, ки фаъолияти педагогиашро дар он ҷо идома диҳад, аммо ба ӯ лозим буд, ки барои волидон ва ҳамшаҳриёни худаш, ки ба омӯзгори мусиқӣ эҳтиёҷ доштанд, ба зодгоҳ баргардад.
Вай ёдовар мешавад, ки дар хурдсолӣ аз набудани мутахассиси соҳибмалака дар омӯхтани нота душворӣ мекашид. Аз ин сабаб кӯшиш намуд, ки дар деҳаҳои дурдасти вилояти Тошканд шуъбаи мактабҳои мусиқиро кушояд...
Дере нагузашта меҳнати ӯ маҳсулашро дод – шогирдонаш дар озмунҳои ноҳиявӣ, вилоятиву ҷумҳуриявӣ ҷойҳои муносибро гирифтанд.
Баъди чанд соли омӯзгорӣ меҳри баланд ба адабиёт вайро сӯйи Донишкадаи давлатии педагогии Тошканд овард – ӯ шуъбаи филологияро ғойибона хатм намуд.
Дар солҳои аввали истиқлолият аз сабаби мушкилоти иқтисодӣ мутахассисони зиёд аз баҳри омӯзгорӣ гузаштанд, аммо Ниғматилло аз мактабу хонандагоне, ки ба он сахт дилбаста буд, рӯй натофт. Аз фанҳои мусиқӣ, адабиёт, таърих ба мактаббачагон дарс мегуфт. То имрӯз низ аз ҳунари мусиқӣ дар мактаби санъат ва мусиқии бачагонаи рақами 28-уми ноҳияи Қибрай ба насли наврас дарс мегӯяд. 
Чандин ҳунарпеша ба мисли Анвар Ғаниев, Ёқубҷон Раҷабов, Ашуралӣ Давлатов, Бобур Алимов дастпарварони ӯянд.
То ҳол маҷмӯи ашъори ӯ «Оҳангҳои Боғистон», «Ман бачаи боғистониам», «Дар хаёлам танҳо туӣ», якҷоя бо эҷодкорони ноҳияи Қибрай «Оҳангҳои дӯстӣ», «Дарахти сабр», «Хислати калима» аз чоп баромадааст. Дар зер яке аз ашъори ӯ бо номи «Модарам» чоп мешавад, ки дар назм низ қаламфарсоӣ кардани ӯро собит менамояд. 
Аз нек боғ мемонад, мегӯяд мардум. Ниғматилло аз ҷумлаи касонест, ки дар вақти холӣ низ «холӣ намемонад». Боғе, ки ӯ чандин сол боз мепарварад, дар авҷи ҳосил аст. Зардолую шафтолу, ангуру нок чунон пухта расидаанд, ки натанҳо аҳли оила, балки хешу табор, ҳамсоягон низ аз он баҳрабарӣ мекунанд.
Эҳтимол боз он чиз ӯро ба ин водор созад, ки ӯ дар деҳкадае бо номи Боғистон дар ноҳияи Бӯстонлиқ соли 1955 таваллуд ёфтааст.
Ниғматилло қалбе дорад, ки мисли қалби бачаҳои дӯстдоштааш тозаву покиза. 

Аҳмадҷон ШУКУРОВ,
Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон ва Қароқалпоқистон,
директори мактаби мусиқӣ ва санъати   бачагонаи рақами 28-уми ноҳияи Қибрай.

МОДАРАМ

Ширинзабони ман шумо,
Рӯҳу равони ман шумо,
Беҳтар зи ҷони ман шумо, 
Эй модари ғамхори ман,
Инсони беозори ман.

Моро забон омӯхтед,
Гуфтан равон омӯхтед,
Гаштан давон омӯхтед, 
Эй модари ғамхори ман,
Инсони беозори ман.

Худро басе афсурдаед, 
Нон бар даҳон кам бурдаед,
Доим ғами мо хӯрдаед,
Эй модари ғамхори ман,
Инсони беозори ман.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: