ДИЛИ БУЗУРГ ВА ТАБИАТИ НОЗУК

Дар сайру тамошогоҳҳо ва ҷойҳои ҷамоатӣ воизон бо овози сеҳрнок ва нутқи пурҷозибаи қалбро тасхиркунанда эътиборро ба худ мекашиданд.

Яке аз чунин заргарони сухан дар асрҳои миёна Ҳусайн Воизи Кошифӣ ба шумор мерафт.
Дар илму адабиёти мо чӣ мавқеъ доштани ин бузургвор ба аксарият маълум. Вай дар соҳаи ахлоқ, таърих, тасаввуф, нуҷум, риёзиёт, фиқҳ ва ҳоказо бештар аз чиҳил асар офарид. Рисолаи «Футувватномаи султонӣ», ҳамчунин асарҳояш «Ахлоқи Муҳсинӣ», «Рисолаи Ҳотамия» дар хазинаи маънавиамон ганҷинаҳои бебаҳо.
Донишманди бузург Кошифӣ, айни замон, воизи нотакрор буда, баромадҳояш намунаи беназири ҳамоҳангии сухан, мантиқ ва тарзи баёнро дар худ таҷассум менамуданд.
Ҳазорҳо нафар дар майдонҳо ҷамъ ва гӯшу ҳуш шуда, аз суханони пурмағз, ҳарфҳои ҳикматомези обнарасида, насиҳатҳои падаронаи ин пири хирад баҳраманд мешуданд. Рӯҳ ғизо мегирифт, эҳсосе ба торҳои дил нохун зада, шунаванда ҳузур ва ҳаловат мебурд.
Вале рӯзе воқеаи ногувор рӯй дод. Ҳусайн ба минбар наздик шуду чашмаш ба яке аз байтҳои Хоҷа Ҳофиз, ки нафаре бо шӯхӣ ба пешорӯ часпонида буд, афтод ва лаҳзае худро гум кард. Қафо гашт ва бо қадамҳои тез аз издиҳом дур шуд. Як соли тамом худро нишон надод. Ҳофизро дӯст медошт Кошифӣ. Ҳанӯз дар хурдсолӣ ғазали машҳури ӯро, ки бо байти:
Воизон, к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд,
Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд...
оғоз меёбад, азёд карда буд.
Наход он байт акнун чун шамшер ба қалбаш халад?
Акобирон назди Кошифӣ рафтанд ва гуфтанд, ки Хоҷа дар ин байт мунофиқ ва дурӯяҳоро фош кардааст, кӣ будани шумо, ҳазрат, ба ҳама маълум! Наход шӯхии нафаре, ки ранҷиши шуморо ба гӯшаи хотир намеовард, чунин оқибати вазнин орад – халқ аз дидор ва ваъзхониатон маҳрум гардад?
Кошифӣ бо илтимоси акобирон боз ба минбар баргашт ва ваъзгӯиро давом дод.
Навоӣ дар «Маҷолис-ун-нафоис» меоварад, ки Ҳусайн Воизи Кошифӣ табиати нозук дошт, аз ҳазлу мутоибаи дурушт меранҷид.

Ш.МАҲМУДҶОНОВ.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: