ДИЛИ МЕҲРПАРВАР

Зариф Насриддинов гӯё дирӯз хонандаи мактаби миёна буд ва баҳри фаро гирифтани асосҳои илму дониш ҷидду ҷаҳд мекард.

Ба ӯ аз забон ва адабиёти тоҷик дарс гуфтаам. 
Бо хониши аълову хулқи намунавӣ дили омӯзгоронро, ки аз фанҳои гуногун сабақ меомӯзонданд, ба даст меовард.
Аён буд, ки баъди гирифтани «номаи камол» ба донишкадаи омӯзгорӣ ҳуҷҷат супурданист. Муаллими физикааш мехост физик шавад, муаллими математикааш – математик. Ман ҳам филолог шудани ӯ мехостам. Вале Зариф омӯзгори фанни нақшакашӣ шуданро афзал донист. Ва ба институт ворид шудаву онро бомуваффақият хатм карда, мутахассиси соҳаи санъати тасвирӣ, нақша ва технология гардид. Инак, 26 сол аст, ки дар дабистони таълими умумии рақами якуми ноҳияи Сӯх фаъолият мебарад.
Ба ӯ гуфтанд, ки дар мактаби хонагӣ ба ногирони гурӯҳи дуюм Равшанбек  Мизонҷонов сабақ диҳад.
На ҳамаи омӯзгорон бо наврасони имконияташон маҳдуд забон ёфта ва ба онҳо сабақ омӯзонданро ӯҳда карда метавонанд. Душвориҳои ба худ хос дорад ин кор. Зариф фикр карда монд: «Таълими хонагӣ осон нест. Ногироҳо, одатан, дили нозук ва ҳассос доранд, барои мувофиқи матлаб бо онҳо сарукор доштан танҳо маҳорати омӯзгорӣ кифоя нест. Дили аз меҳр саршор низ муҳим. Ӯҳда карда метавонам?»
Боз ба андеша рафт, модоме ба вай бовар карданд, чаро боварии  онҳоро сазовор шуда натавонад.
Тӯли чаҳор соле, ки сипарӣ гашт, омӯзгор Зариф Насриддинов ва хонанда Равшанбек Мизонҷонов шахсони ба ҳам хеле наздик шуда монданд. Мушкилоте, ки рӯзҳои аввал ба назар менамуд, таҳти ҳаракатҳои паиҳами устод бартараф шуданд. Гуфтан мумкин, Равшанбек дар азхудсозии асосҳои фан ба ҳамсиннонаш, ки дар дабистони таълими умумӣ мехонанд, расида гирифт. Қалбаш лабрези орзуҳо. Вале як кунҷи дилаш...
Понздаҳсола шудаасту аз деҳа берун набаромадааст. Дунёро аз намоишҳои «оинаи нилгун» тасаввур карда метавонаду халос.
Ҳанӯз ба автобус савор нашудааст.
Кош, ӯ ҳам аробачаи ногиронӣ медошт, ба сайру саёҳати шаҳр мебаромад, «боғи ҳайвонот»-ро тамошо мекард...
Вақте омӯзгори чун падар меҳрубонаш Зариф Насриддинов гуфт, ки ин орзуҳоят ба амал мебароянд, чашмони писараки озурдадил барқи шодӣ заданд.
З. Насриддинов сӯи идораи Иттифоқи ҷавонони ноҳия роҳ пеш гирифт. Ӯро фаҳмиданд ва ваъда доданд, дастгирӣ мекунанд.
Дере нагузашта Равшанбек соҳиби аробачаи нав гардид. Барои саёҳаташ Иттифоқи ҷавонон 300 ҳазор сӯм маблағ ҷудо намуд.
Зарифмуаллим бо гирифтани фотиҳаи хайри солхӯрдагон шогирди аробачасавори худро ба қароргоҳи автобусҳои воқеъ дар маркази ноҳия овард. Равшанбек ба оламу одам гӯё бо чашми дигар, бо назари ҳайрат менигарист.
Ана, ниҳоят, вай ҳам автобуссавор ва чун «сайёҳ» ба маркази вилоят меравад. Тамошоро бо сайри ҷойҳои ҷолиби диққати Фарғонашаҳр, боғи истироҳат ва фарҳанги ба номи ал- Фарғонӣ ва «Боғи ҳайвонот» оғоз бахшиданд. Рӯзи дуюм роҳи Олтиариқро пеш гирифтанд.
Сиҳатгоҳи «Қизилтеппа» Равшанбеки ногироро ба оғӯши меҳр кашид, вай бори аввал дар умри хеш дар ваннаи сиҳатгоҳ аз оби шифобахш ҳаловат бурд. Дар худ қуввае дарёфт бе мадади кас ба аробачааш савор шавад!
Рӯзе баъд зиёрати «Мазори Хизр»-и Рошидон ва Ӯрдаи шаҳри Қӯқанд фаромӯшнопазир сурат гирифт. Вақте мақбараи Худоёрхонро зиёрат мекарданд, шиносҳои муаллим «писарат?» гӯён ба вай нигаристанд. Вақте гуфт «шогирдам», мутаассир шуданд ва ба фидокориаш лол монданд.
Сафари панҷрӯза, ҳамин тавр, ба Равшанбек, ки як вақтҳо дар қалби торикаш армонҳо занг баста мехобиданд, як олам таассуроти нек бахшид.
Зариф Насриддинов аснои талабаи мактабӣ будан ба дилу дидаи мо, омӯзгорон, ҷо шуда буд. Ҳоло чун муаллими пурдида ва соҳибтаҷриба  бо дили меҳрпарвар ва «маҳорати шогирдпарварӣ» ҳамаро лол гузошт ва ҳарҷиҳата намунаи ибрат гардид.

Ш. МАҲМУДҶОНОВ, 
Аълочии таълими халқ.

Вилояти ФАРҒОНА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: