ДИЛИ МОДАР

Равшан Махсумзод дар деҳаи Дарбанди ноҳияи Бойсун ба дунё омадааст.

Равшан Махсумзод дар деҳаи Дарбанди ноҳияи Бойсун ба дунё омадааст. Хатмкардаи факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Ленинград мебошад. Дар рӯзномаҳои «Сухан», «Саховат», «Чархи гардун», «Шоми Душанбе» ба ҳайси мухбир ва сармуҳаррир кор кардааст. Алҳол мудири шуъбаи насри  Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Маҷмӯаи қиссаю ҳикояҳояш таҳти унвони «Арзи дил», «Қалами шинос», «Духтари кӯҳистон», «Сояи ишқ», «Кафан киса надорад», «Пули сирот» ва «Дили модар» рӯйи чопро дидаанд.
Соли 2015 барои қиссаи «Шабе дар замини бетараф» Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айниро ба даст даровардааст.
Инак, мо тасмим гирифтем, ки ҳикояи ӯ «Дили модар»-ро пешкаши хонандагони «Овози тоҷик» намоем.

БАХШИ АДАБИЁТ ВА ҲУНАР.
Як сол ин ҷониб дард мекашид модар. Азбаски мубталои дарди сутунмуҳра буд, дигар пойи равон надошт. Аз чашми тиреза танҳо қуллаи Тали Сурх пеши назараш буд ва бинобар нигоҳи пайваста ҳар пора сангу буттаҳои он ба чашми хираи ӯ ошно шуда буданд. Ба чашми дил онҳоро медид, бӯяшонро мешамид.
Дидаҳои камнураш пӯшида, хотираҳои овони духтарию ҷавониашро гаштаю баргашта дар замини андешаҳояш гардон мекард. Аз домани тал роҳи мошингузар мегузашт, аз сари роҳ то дарёи Тиргон боғи сарсабзу пур аз дарахтони себ, гелосу олу ва ноку шафтолуи усто Рамазон чашмҳоро об медод. Дар саргаҳи боғ ду дарахти азими чормағз ба андозаи хирманҷо рӯйи роҳ соя меафканданд. «Ҳамон ду дарахти чормағз то ҳол ҳаст?» – инак бори чандум мепурсид аз келинаш Ҳоҷар Адолатхола. «Ҳаст, ҳаст! – норозиёна посух медод келин. – Чӣ кор доред ба ҳамун чормағз? Агар дилатон чормағз кашад, аз они худамон имсол ғарқи мева». «Э, ку дандони чормағзхӯрӣ... дилам бухс кард... пойи хаёлро баста нашавад. Ба сад кӯю дар меравад», менолид Адолатхола аз овози баланди келин хотираш озурда.
Ҳар гоҳе ки хуршед сояи хешро аз домани тал ғундошта, ба ғуруб мерафт, дили модарро низ чодари сиёҳ мепӯшид, аз наомадани писар дилаш хун мешуд. Рӯзи дигар баробари рух намудани офтоб дар дили ӯ низ нури умед медамид ва аз субҳ то шом чашм аз пораи тал намеканд ва роҳи писари ягонаашро мепоид. Медонист, ки роҳи ӯ ҳангоми бозгашт аз домани ҳамин тал мегузарад. Аммо аз писар дарак набуд. Инак, модар садҳо чунин рӯзҳоро чашм дар роҳи писар ба шом пайваста, ба дарду алам меандешид, ки рӯзҳои аввали бемориаш духтури деҳа рӯздармиён аз ҳолаш хабар мегирифт, аммо оҳиста-оҳиста ӯ низ қадамашро кашид аз ин хона. Шояд аз бедавоии дарду ба ғуруб рафтани офтоби умри вай бовар ҳосил карда буд, ки дер-дер хабар мегирад ӯро.
— Духтур ҳам пояшро кашид, – андешаҳояшро ба забон овард Адолатхола.
– Духтур дигар кор надорад, – норозиёна туфдонро аз назди бемор гирифта, ҷониби дар рафт келин ва лаҳзае дар дами дар ба рӯйи ҳавлӣ нигариста, гуфт. – Ана, номаша гиру гӯшаша каш, омад духтур.
Чанд лаҳза пеш дарвозаи чӯбин кушода шуду духтур пайдо гашт дар рӯйи ҳавлӣ. Вай пас аз вохӯрӣ бо соҳиби хона Асламамак пурсид:
– Аҳволи холаам чӣ хел?
– Хоб, – кӯтоҳ посух дод соҳибхона. – Чашм мекушояду писарашро мепурсад.
— Аз аввал асли воқеаро гуфтан даркор буд.
– Аҷаб гап мезанӣ, духтур! О, чӣ хел ба модаре, ки аз умраш ҳамагӣ чанд рӯзу моҳ мондааст, хабари бедарак шудани писари ягонаашро мерасонӣ? Сангдилӣ магар аз ин зиёд мешавад? Ман ҳам аҳмақ нестам, зиёд фикр кардам, дар сари «гӯям» ё «нагӯям» хуб майна об карда, оқибат ба хулоса омадам, ки беҳтараш аз ин хабари ҷигарсӯз огоҳ нашуда равад ба хонаи охираташ. Магар барои фарзандон азоби кашидааш кам буд, ки инашро сарборӣ бикунем. Худат нағз медонӣ, ки фарзандон дар хурдӣ зиёд бемор мешуданд ва мӯйи сари занаки бечораро сафед карданд. Худо ӯро бубахшад, аммо баъзан аз сӯхтана мегӯяд, ки Худо кӯтаҳии умри ду духтарамро медонистаасту чаро маро ин қадар азоб дод. Туро санҷидан мехост, мегӯям барои тасаллои дилаш. Магар меҳри модарро нисбат ба фарзанд санҷида мешавад? – мегӯяд ӯ ба тамасхур, – то ҳол чунин тарозу пайдо нашудааст. Ба вазни меҳри модар ягон паллаи мизон тоб намеорад.
– Ҳеҷ хабари нав нест аз писар?
– Не. Ҳамроҳонаш мегӯянд, ки дар Маскав ба нияти хона баргаштан ба қатора савор шуд.
– Чанд вақт гузашт аз бедарак шуданаш?
– Ду сол пур мешавад ба қарибӣ.
– Аҷиб, – ба андеша рафт духтур, – одам сӯзан нест, ки бедарак гум шавад.
– Э, додар, дар ин замона хасу хор қадр дораду одам не. Инсонҳо чунон ба ҳирси молу пул дода шудаанд, ки барои як пайса хекиртаки якдигарро мекананд. Дар роҳ сад воқеа шуданаш мумкин.
– Аз аввал мегуфтед..., – суханашро то охир нагуфта, ба андеша рафт духтур.
– Гуфтам-ку, дилам нашуд... ҷуръат накардам. Биё, хона дароем, – духтурро ҳидоят кард соҳибхона.
Онҳо пешу қафо ба назди бемор даромаданд. Вай, бемор, дар пешгаҳи хона ғунча шуда мехобид. Вақте келин аз тахтмон кӯрпача гирифт, чашм кушод.
– Хола, аҳволатон чӣ хел? – дар назди бистари бемор ба зону зад духтур.
Адолатхола маҳзун ба рӯйи духтур нигоҳи гунг дӯхта, посух надод.
– Дард сабук шуд?
– Дард, – такрор кард ба овози ҳазин Адолатхола. – Безор шуд аз ман, аммо тани маҷрӯҳу дили зардобам даст намедиҳанд ба вай. Як назар рӯйи Асадҷонамро медидам, ба дили пур мерафтам.
– Шумо умри дароз мебинед, хола, – тасаллӣ дод духтур, – Худо хоҳад, дар тӯйи набераҳо мерақсед.
– Умри дарози пурғамро чӣ кунам, додар. Ду сол боз аз роҳпоӣ кӯки чашмонам канд. Гуфтам-ку, Асадҷон ояд, аспам зин задагӣ... меравам. Наход ду-се рӯз вақт надошта бошад, ки модарашро хабар гирад.
– Занак, – гуфт норозиёна соҳибхона, – кори нағз ёфтааст. Мегӯяд, ки агар ҳозир баргардам, аз ҷойи кор маҳрум мешавам. Каме тоқат кун. Худо хоҳад, меояд.
– То вай меояд, сабзаи қабри ман кӯрпа мешавад, – гуфт ба истеҳзо Адолатхола. – Рӯз нишон надодед ба ҳамун бача. Мудом таъна задед, ки бачаҳои мардум дар Русия пул меёбанду ту дар ин ҷо мисли мурғи курк аз ҷоят намеҷунбӣ. Нону оши зану як фарзандат дар гардани ман. Бечора бачаякам бо дили нохоҳаму гардани баста рафт.
Дар шаҳри мардум, кӣ медонад, дар чӣ ҳол аст. Гушна аст, ташна аст, як қошуқ дами гарм дорад ё не?
– Ҳеч аз нолидану бадгумониат намондӣ. Агар дар Ҳиндустон барге аз шох биафтад, ту маро гунаҳкор медонӣ, – гуфт ранҷидахотир соҳибхона.
Адолатхола ба гилагузории шавҳараш аҳамият надод ва рӯй ҷониби девор гардонда, оҳи бадард кашид.
– Қатори фарзандони мардум кор карда меояд, – гуфт Асламамак. – Ҷони вай аз пахта нест-ку! Баъд... рост мегӯям, зану фарзандашро ӯҳда кунад. То кай аз ҳисоби падару модар рӯз мегузаронад.
– Як шаб мисли ман дар сари гаҳвораи фарзандон азоби гӯрро мекашидед, ҳеҷ гоҳ ин гапҳоро намегуфтед, – гуфт Адолатхола аз девор рӯй нагардонда. – Дил надоред шумо, ба ҷойи он як лунда сангро бардошта гаштаед.
– Ҳамааш айби ту, фарзандонро эрка кардӣ, барои ҳамин андаке шамол сахтар вазад, касал мешаванд.
– Худо шоҳид, – гуфт Адолатхола, – фақат вай ҳаққи доварӣ дорад. Ҳамаашон то аз сина баровардан мисли лӯхтак зебо, тозаю озода буданд. Ҳама ҳаваси кӯдакони маро мехӯрданд, аз диданашон сер намешуданд. Ҳамин ки ба нони шумо одат карданд, лоғару бемор шуданд. Шояд ба нони додаатон розӣ набудед, мезиқидед, ки ба танашон ош намешуд.
– Ба кадом ақлат ҳамин гапҳоро мегӯӣ? – ба шӯр омад Асламамак. – Ҳама ганда, танҳо ту моҳи беайб.
– Нағз будам ё ганда, умр гузашт. Фақат як назар Асадҷонро бинам, баъд ин ҷою маконро ба шумо месупораму меравам ба хонаи охиратам. Шумо медонеду саратон. Аз ман беҳтарашро оварда, зиндагӣ кунед.
Келин дастархон густурд. Аввал ду нони ҷойдориро рӯйи он гузошту сипас аз хонаи дигар каме санҷиду як пиёла асал ва як табақ себ овард.
– Гир, додар, – гуфт соҳибхона ба духтур.
– Аҷиб, чӣ хел то имрӯз беосеб нигоҳ доштед? – духтур дароз шуда, аз табақ як себро ба даст гирифт.
Адолатхола, ки то ин дам рӯй ҷониби девор мехобид, оҳиста сарашро аз болишт бардошта, ба дасторхон чашм давонд ва чашмаш ба табақи себи сурх афтида, норозиёна ба келинаш, ки чойникро рӯйи дасторхон мегузошт, ба итоб гуфт:
– Ҳамун чор дона себро барои Асадҷон нигоҳ дор гуфта будам, то баъди бозгашт даҳон ширин кунад. Се сол боз начашидааст аз меваҳои боғамон. Охир, вай ҳам шарик, умед мебандад.
– Занак, «бачаам ояд, даҳон ширин мекунад» гуфта, ҳар сол се-чор кило себу анорро пӯсондӣ, – эътироз кард соҳибхона. – Агар дилаш себу анор хоҳад, бозорҳои Русия пур аз мева, харида хӯрдан мегирад.
– Магар меваи харида ба ин баробар мешавад? Ун меваҳо заҳри қаттол, ба зӯри дору мепазанд.
– Мегӯянд, ки нисбат ба бозорҳои мо дар Русия мева арзон, – луқма партофт духтур.
– Ин занак аз байни чор кӯҳ берун нарафтааст, аз куҷо медонад, ки Русия дар ҷануб чӣ гуна боғҳои сарсабз дорад. Мисли каллаи одам калонанд себҳои он ҷо, – гуфт соҳибхона.
– Калони бемаза ба кӣ даркор? – ғурунгид Адолатхола.
– Бемазагиашонро ту аз куҷо медонӣ? 
— Чор фасли сол боду ҳавои онҷо сард аст, мегӯянд, себи бечора офтобро серӣ надида аз куҷо ширин мешавад...
– Ба ту гап ёфта додан амри муҳол, гӯё дар мактаби гап хонда бошӣ.
– Лабама кафонам, дар бало мемонам. Ҳамон се-чор дона себро нигоҳ дор, гуфта гунаҳгор шудам магар?
– Бандаи ношукрӣ, занак! Ҳамин духтур як сол боз барои беҳбудии саломатии ту мисли моку равуо дорад. Як себ хӯрад, осмон омада, ба замин намечаспад.
– Ош шавад, хӯрад, лекин ман ин себҳоро барои Асадҷон нигоҳ дошта будам. Шумо асло ба фарзандон раҳм надоред, намесӯзад дилатон ба онҳо. Тавба! Меҳрубонии падарҳои дигарро дида, ҳаваси кас меояд.
– Дидӣ? – гуфт норозиёна Асламамак, ба духтур рӯй оварда. – Ман магар ягон гапи бад задам?
Духтур ба аломати «гап назанед» ангушти ишорат ба лаб гузошт. Лаҳзае дар хона сукут соя андохт.
– Шабу рӯз аҳвол ҳамин, – гуфт соҳибхона. – Ёрое надорам, ки як даҳон гап занам. Дарҳол даҳони ҷуволи гилаю ноларо боз мекунад. Чӣ кор карданамро намедонам. Гӯё ба наомадани фарзанд ман гунаҳкор бошам.
Асламамак чойро гардонид ва ба пиёла рехту ба духтур дароз карда, бо овози паст гуфт:
– Хайрият, ки аз бедарак шудани бача хабар надорад, вагарна рӯзи ҳамаро мисли таги дег сиёҳ мекунад.
– Хафа нашавед, амак, – гуфт маслиҳатомез духтур, — ба холаам душвор, охир, модаранд, дилашон месӯзад ба фарзандашон.
– Дили ман намесӯзад магар?
– Сӯхтани модар дигар аст, – гуфт духтур ҷониби бемор назар андохта ва пичирросзанон афзуд. – Ҳангоми аз беморхонаи шаҳр ҷавоб додан духтур гуфт, ки ба умри занак ду-се моҳ мондааст. Ман ҳам дар ҳамин андеша будам, аммо танҳо ба умеди дидори фарзанд ба марг тан намедиҳанд. Набзашон умуман эҳсос намешавад, бо ин фишор чӣ хел гап мезананд, ҳайронам.
– Чӣ бояд кард? – пурсид соҳибхона.
– Бедарак шудани фарзандро, ба ҳар роҳе бошад, фаҳмондан лозим, то дигар аз раҳпоӣ азоб накашанд. Интизорӣ бас мушкил корест, хоса барои одами бемор. Аз ин беш ба дурӯғ модарро умедвор кардан аз рӯйи адолат нест.
– Ман қудрати ин корро кардан надорам. Ту духтур, забони беморонро беҳтар медонӣ, ягон илоҷашро биёб.
Духтур дар ҷавоб хомӯш монд.
– Чӣ фиш-фиш доред? – сар аз кӯрпа берун кард Адолатхола. – Баландтар гап занед, ман ҳам шунавам. Як умр устухони маро хойидед.
Асламамак мехост чизе бигӯяд, аммо ҳамин лаҳза дар кушода шуду фарзанди калонии онҳо Марям даромад.
– Биё, – гуфт Асламамак, – камнамо шудӣ, дигар ёди оча ҳам намекунӣ.
– Парерӯз дар ҳамин ҷо будам, дадаҷон, – гуфт духтар ранҷидахотир. – Ман ҳам рӯзғор дорам, шавҳарам бемор.
Марям бо духтур аҳволпурсӣ карда, сари болини модар гузашт.
– Аҳволашон чӣ хел, ягон беҳбудӣ нест? Дарду ғами Асад абгор кард очама. Агар Асад меомад...
– Асадҷон омад? – овоз баровард Адолатхола.
– Ҳа, омад Асад. Ту рӯзи дароз хоб, – гуфт Асламамак, аз духтур чашм наканда.
– Омад?
– Ҳа! – дигар сир бой надод духтур низ.
– Ку?
– Хеле дар сари болинат нишаст, бедор нашудӣ. Раҳкӯфта омадааст, ҳоло дар хонаи гӯшагардон хоб аст. Бедор кунем? – гуфт Асламамак.
Модар аз шодӣ дар ҷогаҳ нимхез шуда, гуфт:
– Хайрияте... дар номат мурам, Худоҷон, ки бенасибам накардӣ, акнун дигар ормон надорам... метавонам бо дили пур биравам.
– Бедор кунам? – такрор кард Асламамак.
– Хоб рафта бошад, нороҳат накунед. Бигузор, истироҳат кунад. Роҳи дароз, монда шудагист. Азоб кашид бачаҳакам, – гуфт модар ва ба паҳлуи чап гашта, сар ба болин монду ба хоби абад рафт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: