Доктори фанҳои филологӣ, профессор Садрӣ Саъдиев яке аз куҳансолони Донишгоҳи давлатии Самарқанд буда, чанде пеш 87 солагии хешро ҷашн гирифта буд.
Боиси хушнудист, ки ҳоло ҳам ба насли наврас таълиму тарбия медиҳад ва пайваста бо корҳои илмӣ машғул аст. Чанд асари ӯ дар Тоҷикистон, Эрон, Русия, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон чоп шудаанд.
Ба қарибӣ Устод Садрӣ Саъдиев бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ордени «Дӯстӣ» сарфароз гардида буд.
Рӯзи чаҳоршанбеи гузашта дар бинои Донишгоҳи давлатии Самарқанд анҷумани бошукӯҳи фарҳангӣ ба вуқӯъ пайваст, ки дар он Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода мукофоти мазкурро ба устоди сухан Садрӣ Саъдиев супурда, таъкид намуд, ки ӯ дар ривоҷу равнақи омӯзишу ҷустуҷӯйи илмии адабиёти тоҷик хидмати шоиста расонида, дар Тоҷикистон низ ҳурмату эҳтироми хоса дорад.
– Устоди арҷманд Садрӣ Саъдиев барҳақ ифтихори мост, – барафзуд ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд, сенатор Рустам Холмуродов, – қайд кардан лозим аст, ки ҳар дарси ин марди донишманди кӯҳансоли пурдон, соҳибтаҷриба ба ҷуз дарси савод, боз дарси маҳорат, покию ахлоқи нек, садоқат ба халқу Ватан, муҳаббат ба забони модарӣ аст.
Инчунин раиси Маркази фарҳангии тоҷикон ва тоҷикзабонони Самарқанд Шуҳрат Самадов, профессор Аслиддин Қамарзода ва дигарон ба сухан баромада, Садрӣ Саъдиевро бо мукофоти давлатӣ муборакбод намуданд.
– Ҳақ асту рост аст, ки пирони куҳансол дар асоси таҷриба сухан гӯянд, некӣ бикунанд, таҷриба бо худ набаранд, ба ман чӣ қадар умр ва саломатӣ додааст, ба роҳи илму фарҳанг хоҳам бахшид. Аз фурсат истифода бурда ба Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои қадршиносӣ арзи сипос мекунам, – гуфт дар баромади худ С.Саъдиев.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
мухбири «Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.