ДИЛКУШОДӢ – ОМИЛИ МУҲИМИ ОСОИШТАГӢ

Дар Бухоро зинаи вилоятии ҷашнвораи ҷавонон, ки таҳти шиори «Ӯзбекистони дилкушод» гузаронда мешавад, баргузор шуд.

Дар фестивале, ки ба тарғиби васеи ҳамҷиҳатӣ ва осудагии байни миллатҳо нигаронида шудааст, таъкид гардид, ки дар мамлакатамон намояндагони миллатҳои гуногун аҳлу тифоқ ва ҳамҷиҳат умр ба сар бурда, дар роҳи рушду равнақи Ватан пурсамар меҳнат мекунанд.
Дар зинаҳои аввали фестивал байни писарону духтарони синну солашон гуногун озмунҳо бино ба иншо, шеърхонӣ, рассомӣ ва санъати рақси миллии намояндагони миллат ва халқиятҳои мухталиф баргузор шуданд. 169 нафар соҳибистеъдоде, ки аз байни зиёда аз 2 ҳазор нафар  иштирокдорон интихоб шудаанд, дар зинаи вилоятӣ маҳорати худро намоиш доданд.
– Ман узви дастаи рақсии «Дамино»-и ноҳияи Қаровулбозор ҳастам, – мегӯяд Улмекен Шманова, ки дар самти рақси ҷамоавӣ ҷойи якумро ишғол намуд. – Ҷамоаи рақсиамон соли 2015 дар назди мактаби таълими умумии рақами 2-юми ноҳия, ки таълим бо забони қазоқӣ омӯзонида мешавад, ташкил шудааст. Ҷамоаи мо, ки аз муаллимони миллаташон қазоқ иборат аст, дар чорабиниҳои гуногуни маданиву маърифатии миқёси вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ баргузор мешаванд, фаъол иштирок мекунанд. Аз иштироки бомуваффақияти фестивали имрӯза низ мамнунем.
Дар охири ҷашнвора ба ғолиб ва иштирокчиёни фаъол аз ҷониби ташкилотчиён диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуданд.
Ғолибон ба зинаи ҷумҳурии фестивал роҳхат гирифтанд.

Э. ЁДГОРОВ,
мухбири ӮзА. 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: