ДИЛРО БА ДИЛ РАҲЕСТ...

Дарвозаҳо боз шуданд. Равуои мардум барқарор гардид. Ҳазорҳо одамон бо хешу табор, наздикону пайвандони худ дидор диданд. Ташнагии пазмонӣ шикаст. Аз меҳри якдигар сер шуданд.

Замоне панҷ соли расо дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе, дар риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатӣ таҳсил кардаам. Шояд ин боиси сар задани эҳсосоти гувороям нисбати ин кишвар бошад.

Дарвозаҳо боз шуданд. Равуои мардум барқарор гардид. Ҳазорҳо одамон бо хешу табор, наздикону пайвандони худ дидор диданд. Ташнагии пазмонӣ шикаст. Аз меҳри якдигар сер шуданд.

Моҳи августи соли 2018 дар Кохи анҷуманҳои Тошканд сарварони Ӯзбекистону Тоҷикистон вохӯрданд. Ба ин муносибат Шоми дӯстӣ баргузор гардид. Ман он ҷо як нафар аз ҳамкурсонамро, ки ҳамроҳи ҳайати ҳукуматӣ ташриф оварда буд, вохӯрдам. Баъди беш аз бист соли хатми донишгоҳ ба дидори ҳам расида, мулоқот кардем.

Баъди чанд соли ин вохӯрӣ боре ҳамкурси дигарам Муҳаммадсодиқ (Худо раҳмат кунад!) занг заду дар арафаи иди Наврӯз ба дидорбинӣ даъват намуд. Ба Душанбе – ин шаҳри ҷавонӣ дар бадали чандин соли охир бори аваал рафтам. Шаҳр тағйир ёфта, хеле зебо шуда буд.

Ҳангоми вохӯрӣ солҳои таҳсил дар донишгоҳ, ёру дӯстонро ёд кардем. Дар ҳаққи устодон ҳарф задем.

Тирамоҳи соли 2022 ҳамроҳи як гурӯҳ дӯстон  барои иштирок дар маросими тақдимоти китоби «Меҳрнома» (баёзи эҷодкорони Ҷиззаху Суғд)  ба шаҳри Хуҷанд рафтем. Ин китоб аз ҷониби нашриёти «Маҳорат» таҳти таҳрири Асадулло Исмоилзода ба нашр расида буд. Дар он маҳсули қалами эҷодкорони Ҷиззах ва вилояти Суғди Тоҷикистон ҷой дорад. Дар тарабхонаи «Боғи Ирам» сари як пиёла чой маҳфили фарҳангӣ, мушоираи зебо ба вуқӯъ пайваст.

Андак баъдтар бо даъвати банда чаҳор тан аз ҳамкурсонам ба Ӯзбекистон омаданд. Муҳаммадсодиқи раҳматӣ, Бобохон, Бибимоҳу Матлуба аввал озими шаҳри бостонии Самарқанд шуданд. Ёдгориҳои таърихӣ, мақбараву мадрасаҳои Самарқанд ба онҳо таассуроти аҷиб бахшид. Сипас ба вилояти Ҷиззах омаданд. Онҳо дар маскани истироҳативу табобатии ноҳияи Фориш ду-се рӯз монданд. Пасон, тавассути Тошканд ба Ватан баргаштанд.

Матлуба Муҳаммадзода, ки дар телевизиони «Ҷаҳоннамо» кор мекунад, баъди рафтан бо номи «Сайру сафар» барномаи ҷолибе омода намуда, ба намоиш гузошт.

Бибимоҳ бошад, баҳори соли 2023 хоҳаркалонаш Саъбагул ва шавҳари ӯ – язнаашро аз Самарқанд ба хориҷ фиристод.

Ҳамкориҳо миёни ду ҷумҳурӣ дар ҳама ҷабҳаҳо ба мушоҳида мерасанд. Бигузор, ин ҳамкориҳо беш аз пеш таҳким ва густариш ёбанд, риштаҳои дӯстӣ ва бародарии ин ду халқ ҳамеша мустаҳкам бошад!

Анорбой Назаров,

вилояти Ҷиззах.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: