ДИЛСӮЗИ РӮЗНОМА

Вай ҳанӯз пеш аз ба мактаб рафтан ба китоб дил баст.

Вай ҳанӯз пеш аз ба мактаб рафтан ба китоб дил баст. Ин бесабаб набуд, албатта. Ҳар гоҳ бо модараш ба хонадони бобояш – Қаҳҳор мерафт, ӯро баъзан айнак дар чашм машғули варақ задани китобҳои муқоваашон латтапеч медид. Як дафъа аз ӯ пинҳонӣ китобҳояшро варақ зада ҳайрон шуд. Ҳарфҳояшон дигар буд. Боре аз бобояш пурсид, ки дар ин китобҳо чиҳо навишта шудаанд?!
– О, ҷиян, ту ҳоло хеле хурд ҳастӣ ва ба фаҳми он намеравӣ. Яке Қуръони карим, дуюмӣ ғазалиёти Хоҷа Ҳофиз аст. Ҳуруфоташон арабӣ.
– Бобоҷон, ба ман ҳам ёд диҳед.
– Калон шуда мактабхон шав, ана баъд гапи дигар. Ҳозир рав, бо ҷӯраҳоят бозӣ кун.
Ӯ орзу дошт, ки зудтар ба мактаб рафта, савод барорад, китоб хонад. Бо ҳамин ният аз хоҳараш Мастона ва падари бузургвораш, ки дар мактаби миёнаи рақами 8-уми ноҳияи Самарқанд омӯзгор буд, бо исрор талаб мекард, ки ба ӯ хонданро ёд диҳанд.
Аз байн чанд муддат гузашту орзуяш ҷомаи амал пӯшид, вай мактабхон шуд. Муаллимаи синфҳои ибтидоӣ Кубарро Узоқова толибилми хешро бо чеҳраи кушод ба шогирдӣ гирифт. Мирсафо аз рӯзи нахуст бо шеърхонӣ ва озод хонда тавонистани матн диққати омӯзгорро ба худ кашид.
Мирсафо дар синфи дуюм бо Рустам ном дӯсташ ба китобхонаи гузари Чоршанбе рафт, ки ягон китобро гирифта хонад. Вале китобдор ба онҳо: – шумоён ҳоло хурд, калон шавед, ана баъд марҳамат, биёед, китоб медиҳам,…– гуфт. Писаракони ба адабиёт дилбаста боз чанд бор дари китобхонаро кӯфтанд, вале мутаассифона тирашон хок хӯрд. Таътили тобистона фаро расид ва ҳарду  боз ба китобхона омада таваллою зорӣ карданд, ки китобдор китоб диҳад. Он рӯз директори мактаб Аҳмадҷон Валиев (Худо раҳмат кунад!) дар китобхона  саргарми мутолиаи кадом як асар буд, мудира ба ӯ гуфт, ки ин ду писарчаҳо мудом китоб талаб мекунанд.
Сарвари таълимгоҳ, ки марди дурандешу рамузфаҳм буду нисбати китобдӯстон ҳурмати хосса дошт, аз онҳо пурсид, ки оё шумо китоб хонда метавонед? Ҳар ду тасдиқомез сар ҷунбонданд. Аҳмадҷон Валиев аз рафча китоберо гирифта ба дасти Мирсафо дод. Ӯ бебокона бо овози баланд, гӯё дар анҷуман бошад, калимаҳоро бурро талаффузкунон чанд ҷумларо хонд.
– Офарин! – ситоиш намуд директор, – хӯш, муаллиматон кист?
– Узоқова, – ҷавоб дод Мирсафо ва боз илова намуд, – муаллима таъин карданд, ки тобистон китоб хонем.
– Хоҳар, – ба китобдор муроҷиат кард директор,–  ба инҳо китоб диҳед. Ман кафил! Китобдор «Саргузашти Мюнхаузен» ва «Афсонаҳои халқи тоҷик»-ро ба муҳлати даҳ рӯз ба писаракон дод. 

Аниси кунҷи танҳоӣ

Ҷӯраҳо дар рӯзи муайяншуда боз ба китобхона омаданд. Мудира бо диққат, китобҳоро аз назар гузаронд ва варақ зада, кунҷковона мазмунашонро пурсид. Хонандагон фавран ҷавоб дода, ӯро ба ҳайрат гузоштанд. Сипас боз китобҳо гирифта, бо табъи болида бадар рафтанд. Ошноӣ бо эҷодиёти устод Садриддин Айнӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Мирсаид Миршакар, Маҳмуд Диёрӣ, Болта Ортиқов, Пӯлод Толис ва дигарон ба ӯ олам-олам завқ мебахшид. Алалхусус, шеърҳои Абдусалом Деҳотӣ ва Мирсаид Миршакар рангу бӯйи махсус дошта, содда, самимӣ буданд ва онҳоро азёд кардан осон буд. Мирсафо ҳатто худаш қалам ба даст гирифта шеър менавиштагӣ шуд. Аммо онҳоро аз атрофиён пинҳон медошт.
Соли 1966 дар синфи шашум таҳсил мегирифт. Сарвари таълимгоҳ А.Валиев ҳамчун омӯзгори фанни забони модарӣ ва адабиёт ба дарс ворид шуд. Мирсафо бо ҷуръат дафтари машқи хешро пешкаши устод кард. Вай чизе нагуфт ва коғазҳои чорқатро ба ҷайбаш гузошт. Аз байн чанд рӯз гузашту ду-се машқи ӯ дар газетаи деворӣ чоп гардид. Чанд нафар ҳамсинфонаш аз ин навид огоҳӣ ёфта ӯро табрик карданд. 

Интизорӣ… интизорӣ

Он солҳо дар мактабҳои тоҷикии Самарқанд маҷаллаи «Машъал» ва рӯзномаи  «Пионери Тоҷикистон» (ҳоло «Анбоз») маҳбубияти зиёд доштанд. Қариб ҳар як талаба ба онҳо обуна мешуд, гоҳ-гоҳ аз Самарқанд низ хату хабар ва намунаҳо аз эҷодиёти толибилмон интишор меёфтанд. Барои ҳамин ҳам Мирсафо Камолӣ шеърҳояшро ба идораҳои нашрҳои мазкур ирсол намуд. Акнун бетоқатона интизори хаткашон шуда, баробари расидани рӯзнома ба чор саҳифаи он дида дӯхта оҳи сард мекашид, ки ному насабаш нест. Пас аз қариб ду моҳ аз идораи «Пионери Тоҷикистон» мактуб расид. Мирсафо бо ҳаяҷон, саросема лифофаро кушод. Ходими редаксия навишта буд, ки дар шеър суханҳои тозаи шоирона нест. Муаллиф бояд бисёр қироат кунад ва сипас ба даст қалам гирад. Бо вуҷуди чоп нашудани шеъраш он ба Мирсафо рӯҳи тоза бахшид. Хабари «Дар сари қабри шоир» Пайрав Сулаймонӣ рафтани хонандагонро ба идораи маҷаллаи «Машъал» ирсол намуда, аз интизорӣ чӣ кор карданро намедонист.
Соли нави 1967 оғоз ёфт. Баъди таътили зимистона ҳама боз ба мактаб омаданд. Дар танаффуси калон дӯсташ Шаҳриёр аз куҷое дар даст маҷаллаи «Машъал» пайдо шуду долонро ба сараш бардошта фарёд зад:
– Мирсафо, шодиёна деҳ, мақолаат чоп шудааст! 
Дар як нафас ҳангоматалабон онҳоро иҳота карда, қариб буд, ки маҷалларо пора-пора кунанд. Ҳамин вақт занг танинандоз гашт ва ҳама вориди синф шуданд. Аммо доду ғирев паст нагардида ҳозирон мехостанд, ки аввалин шуда бо иншои ҳамсинфи худ шинос шаванд. Роҳбари синф Муъмин Усмонов аз зумраи муаллимони ниҳоят ҷиддӣ, сахтгир буд, аммо талабаҳоро ғайричашмдошт ба оромӣ даъват кард ва маҷалларо ба даст гирифта, бо овози баланд хонда дода гуфт, ки дигарон бояд аз Мирсафо ибрат гиранд.
Зеро бо навиштаи толибилми мактаб тамоми Тоҷикистону Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои тоҷикзабон шинос шуда, аз вуҷуд доштани деҳаи Чоршанбе огоҳ мешаванд. Муъмин Усмонов, ки аз математика сабақ медод, ба теъдоди маҷалла чашм давонда хабар дод, ки он қариб 50 ҳазор нусха чоп шудааст. Агар ҳар як шумораи нашри мазкурро 10 нафар мутолиа намоянд, ҷамъ 500 ҳазор кас мешавад. Ин обрӯи мактаби мост.
***
Воқеан, аз байн бисёр фурсат нагузашта Мирсафо Камолӣ мактубборон шуд. Хаткашон даста-даста нома оварда ба дасти сарвари таълимгоҳ медод. Аксарият риштаи дӯстӣ бастанро пешниҳод менамуданд. Алалхусус Муҳаммад Абдурасулов бо исрор талаб кард, ки ҳатман ба Кӯлоб ташриф фармуда меҳмони хонадону мактаби ӯ шавад. Мирсафо таклифро қабул кард ва соли 1974 сӯйи Кӯлоб парвоз намуд. Дар Кӯлоб ӯро чун меҳмони азиз қабул карда, доир ба Самарқанди бостонӣ пурсон мешуданд ва ба хонаҳояшон даъват менамуданд. Вай пас аз чанд рӯз ба Душанбешаҳр омад ва  ба идораи маҷаллаи «Машъал» даромад. Аллакай ӯро дар ин ҷо мешинохтанд. Чунки шеъру ҳикояҳояш дар журнал чоп шуда буд. Ходими он Нозирҷон Боҳирӣ бо меҳмони самарқандӣ суҳбат ороста «Дидори дӯст» ном мақолаи ӯро дар маҷалла чоп кард.
Ногуфта намонад, ки дертар дӯсти кӯлобии ӯ Муҳаммадӣ Абдурасулов ва Ёқубҷон Мамаҷонов аз Исфараи Тоҷикистон ба меҳмонӣ омаданд. Барои хотира ба сурат афтоданд ва ҷойҳои ҷолиби шаҳрро тамошо карданд. 

Улфати дилсӯзи ман – хушнудии рӯзи ман

Соли 1967 ӯ синфи ҳаштро хатм карду барои идомаи таҳсил ба мактаби рақами 16-ӯми деҳаи Ӯрташайх омад. Вай аллакай ҳамчун навқалами умедбахш дар таълимгоҳи нав маҳбубият пайдо карда буд, узви маҳфили «Адабиётчиёни ҷавон» гардид. Роҳбари он муаллим – шоир Бердӣ Ҳамроев буд. Сипас ҳамдеҳааш Саттор Аҳрорӣ бо ӯ шинос шуд ва назди худ хонд. Саттор Аҳрорӣ шахсе буд ниҳоят ҳалиму хоксор, дилёбу дарёдил. Кӯшиш мекард, ки навшогирди худро аз олами шеъру шоирӣ хабардор созад. Дафтари ашъори худро ба ӯ ҳадя намуд ва ба машқҳои Мирсафо қалам зада, вазн чист, қофия чист фаҳмонд. Албатта китоби «Санъати сухан»-и Тӯрақул Зеҳнӣ барои аз асрори шоирӣ огоҳ шудани вай такон бахшид. Саттор Аҳрорӣ бештар дар мавзӯъҳои ишқу муҳаббат эҷод мекард. Аммо онҳо рӯйи чопро намедиданд. Мирсафо чанд намунаи шеърҳои ӯзбекии ӯро ба идораи рӯзномаи «Шарқ тонги» (ҳоло «Гулобод тонги») оварда ба дасти Абдусалом Муҳаммадиев дод ва онҳо нашр гардиданд. Баъди ин воқеа ҳурмати ӯ ба шогирдаш афзуд. 

Одам бо умед зинда

Мирсафо Камолӣ баъди хатми мактаби рақами 16-уми ноҳияи Самарқанд ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд супурд. Лекин афсӯс, ки бахташ натофт. Ба деҳаи дурдасти Ҷартеппаи ноҳияи Ургут ба Шамсиамак ном ошпази самарқандӣ шогирд шуд. Ба ҷойи қалам ба даст асбобҳои хӯрокпазиро гирифт. Вақтҳои холӣ китоб мехонд. Соли 1970 ба шуъбаи ғоибонаи Донишкадаи давлатии педагогии ба номи устод Садриддин Айнӣ дохил шуд. Вале ӯро ба хизмати ҳарбӣ даъват карданд. Ду сол вазифаи ҷавонмардии худро дар шаҳри Ивановои Русия адо намуд. Пас аз хизмати ҳарбӣ боз бо меҳнат машғул шуд. Дар омӯзишгоҳи касбҳои техникӣ ҳунар омӯхт ва бо роҳхат чанд сол дар заводи чиннибарории Самарқанд чун рассом кор карда, дар ин ҷо бахти худро ёфт. Бо Дилбар ном духтар ақди никоҳ баст. Сипас дар хоҷагии ҷамоатии «Гулистон» ҳамчун котиби ташкилоти комсомолӣ ва сардори звено фаъолият бурд. Солҳои 1974-1976 бо роҳхати муҳаррири рӯзномаи «Шарқ тонги» шодравон Насриддин Зайниев ба дорулфунуни коргар-ҷавонони назди рӯзномаҳои вилоятӣ дохил шуда, аз журналистони шинохта сабақ гирифт. Бо муҳаррири бахши тоҷикии радиошунавоии вилоят Нор Остонзода (равонаш шод бод!) ҳамкориро вусъат дод. Бо супориши ӯ хату хабар, гузоришу лавҳа, очерку мақолаҳо навишт.

Мукофоти амал

Бо талоши равшанфикрони маърифатпарвар рӯзномаи «Овози Самарқанд» чоп шуд. Ин хушхабар зуд бол кушод. 
Рӯзе Мирсафо саргарми парвариши боғи назди идора буд, ки котиб ӯро назди худ хонд. 
– Норқул Остонақулов занг заданд, зуд наздашон равед, – гуфт ӯ, – гапи муҳим доштаанд. 
Мирсафо Камолӣ Нор Остонзодаро ҳурмат менамуд. Ин марди ҷиддӣ ва ғамхори навқаламон кӯшиш мекард, ки дилбастагони матбуотро аз асрори журналистика огоҳ созад. Камолӣ истисно набуд. 
– Мирсафо, саҳро ба саҳро, кӯҳ ба кӯҳ, хона ба хона гаштан бас, – бо лабханд гуфт ӯ, – шуморо ба идораи рӯзнома таклиф мекунем. 
Остонзода ба номи правленияи хоҷагӣ нома тайёр карданд. Ва ҷонишини он кас Хурсанд Ҷумъазода мактубро ба раиси хоҷагӣ оварда, илтимос намуд, ки Мирсафоро аз вазифа озод намоянд ва барои кор ба рӯзномаи навбунёд фиристад. Мирсафо ба кор омад. Пас аз ду ҳафта –  рӯзи зодрӯзаш 16-уми марти соли 1990 бо чеҳраи болида аризаашро ба муҳаррир супорид. Н.Остонзода бо табассум ва табрик аризаи ӯро қабул кард. Ӯ аввал чун муҳаррири техникӣ, сипас дар шуъбаи маънавият ба кор пардохт.
Мирсафо Камолӣ ҳамчун хабарнигор солҳои зиёд дар рӯзнома заҳмат кашид. Барои мусоҳиба бо адабиётшиноси 23-солаи латиш Янис Эшот, ки асарҳои Ҷалолиддин Румӣ, Умари Хайём, Хоҷа Ҳофизу Абдураҳмони Ҷомиро ба забони модариаш аз нусхаи асл тарҷума кардааст, мукофоти рағбатноксозии рӯзномаро гирифт. Мақолаҳои «Моро аз мактаб наронед», «Рӯзнома барои кӣ мебарояд», «Аз пашша фил насозем», «Қаҳрамони беунвон», «Табассуми пеш аз марг», «Дил муқими Самарқанд аст» ва ғайра ба муштариён писанд омаданд. Шеърҳои лирикиаш дар рӯзнома ва китобҳо чоп шуданд.
Вале солҳои охир роҳи аз деҳаи дурдасти Чунгул то идораи рӯзнома азият доду ба мактаби рақами 52 ба кор гузашт ва аз фанни забон ва адабиёти тоҷик сабақ дод.
Ҳоло дар нафақа аст. Падари се фарзанд ва якчанд набераҳо мебошад. 
Дар нафақа бошад ҳам, бо тарғибу ташвиқи рӯзномаҳо машғул аст. Мардумро ба обунаи нашрияҳои «Овози тоҷик», «Гулобод тонги», «Овози Самарқанд», «Ховар» ва ғайра тарғиб мекунад. Соли гузашта боз як кори савоб кард. Дастхатҳои Ҳ.Рашидиро ки ба Мирсафо дода, барои чопи он васият карда буд, пеш аз вафоташ бо номи «Гулхани меҳр» чоп кард.

Ба ҷои хотима

Дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ин ҷонсӯзи рӯзнома, марди хоксору нексиришт бисёр навиштан мумкин аст, вале ин кори хайрро ба санаи 70-солагиаш, ки пас аз ду харбузапазӣ фаро мерасад, мегузорем.
Ҳоло аз имконият истифода бурда, ба Мирсафо Камолӣ сиҳҳатӣ, хонаободӣ, умри дароз ва албатта, парвозҳои баланди эҷодӣ таманно дорем.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: