ДИЛУ ДИДАИ БЕДОРИ ПОСБОНИ АМНИЯТ

Зиндагиномаи фарзанди фарзонаи Самарқанд, устоди устодони соҳа шодравон Нуруллоҳ Саъдуллоев мактаби ибрат аст, барои насли наврас.

Зиндагиномаи фарзанди фарзонаи Самарқанд, устоди устодони соҳа шодравон Нуруллоҳ Саъдуллоев мактаби ибрат аст, барои насли наврас.
Ҳазрати инсон — нури Оллоҳ!
Чунон бояд тариқи 
зиндагонӣ,
Ки баъд аз мурдани 
худ зинда монӣ.
Моҳи августи соли 1919 ба сокини гузари Хон Саид имоми Самарқанд, Саъдулло Мавлоно, ки дар мобайни маҷмӯаи Регистон ва Гӯри Мир ҷойгир буд, Худо нахуст фарзанд дод. Сарвари оила шахси маърифатпарвару тақводор буд, ки барои номгузорӣ назди имом-хатиби масҷиди ҷомеъи Рухобод омада маслиҳат пурсид, ки ба писарча чӣ исм гузорад?
Пешвои дин баъди табрик ва дуои хайр китобҳоро варақ зад ва номи Нуруллоҳро муносиб донист.
– Бигзор, исмаш ба ҷисмаш монанд шаваду Парвардигор бандаи мӯъмину мусулмони худро аз ҳар бало, аз ҳар қазо нигоҳ дорад!
Ва дар ҳақиқат башорату фатвои имом-хатиби дурандешу хирадманд ҷомаи амал пӯшид. 
Пас аз инқилоби Октябр дар Самарқанд мактабҳои усули нав таъсис ёфт. Нуруллоҳ шомили он гардид. Вай пас аз мактаби миёна, дар омӯзишгоҳи муаллимтайёркунӣ таҳсил гирифт ва соли 1939 ба хизмати ҳарбӣ даъват шуд. Сарбози самарқандӣ мактаби ҷавонмардиро дар ҳавзаи ҳарбии Ленинград мегузашт, ки ҷанги фитнаангезонаи Гитлери лаънатӣ бар зидди Финландия оғоз ёфт, Нуруллоҳ аз озмоиши нахустин сарбаландона гузашт.
Сипас 22 июни соли 1941 фашистони олмонӣ сар то по мусаллаҳ шуда, аҳдшиканона ба ҳудуди иттиҳоди шӯравӣ ҳуҷум карданд. Нуруллоҳ Саъдуллоев аз рӯзи нахустини ҷанг то Ғалабаи бузург дар хати пеш бар зидди истилогарон размида, қаҳрамониҳо зоҳир намуд. Командирон ҷасорату далерӣ, зиракӣ, рамузфаҳмӣ ва ватанпарварии ӯро дарк намуда сардори дастаи кошифии (разведка) баталон таъин намуданд. Ва ӯ дар набардҳои шадид мардонагӣ ва қаҳрамонӣ нишон дода, дар озод кардани Қафқози шимолӣ, Сталинград, кишварҳои назди Балтика, Аврупои Шарқӣ ширкат варзида то остонаи Берлин расид. Вай барои ҷасоратҳои бебоконаи хеш бо як қатор ордену медалҳо сарфароз гардида ба зодгоҳ баргашт. Ҳамин ки ба дарвозаи шинос наздик мешуд, қалби пазмонаш аз вохӯрӣ ба волидайн, додарону хоҳарон бештар ба таппиш меомад. Ӯ фикр карда буд, ки нахуст модари муқаддасу падари бузургворашро ба оғӯш мегирад ва тӯҳфаи худро месупорад. Вале ҳайҳот, аҳли оила бо ашки дида хабар медиҳанд, ки онҳо дар фироқи фарзанд чашм аз олами ҳастӣ пӯшидаанд.
Писари ноком сари қабри онҳо рафта ояте аз Қуръони Карим тиловат карда, ба рӯҳи поки эшон бахшид.
Дере нагузашта ӯро ба идораи комиссариати корҳои дохилии халқӣ (НКВД) ба кор таклиф карданд. 
Ӯ дар тобистони соли 1947 бо Мусаввара Мақсудова ақди никоҳ баст, ки ба шавҳар ҳамчун зани вафодор, шарики зиндагӣ, ёри дармондагӣ шуда, то лаҳзаҳои вопасини умраш кӯшиш ба харҷ дод, ки саробонашро тоҷбасар кунад.
Тирамоҳи ҳамон сол Нуруллоҳ Саъдуллоев ба мактаби олии ҳарбӣ-сиёсии НКВД (комиссариати корҳои дохилии халқӣ) Ленинград дохил шуд. Чор сол таҳсил гирифта, ба унвони «лейтенант» соҳиб гашт ва бо роҳхати донишкада ба вазифаи ҷонишини сардори муассисаи махсуси назди НКВД-и вилояти Кемерево таъин гардид. Бояд гуфт, ки дар шаҳри Ленинград духтаронаш Моҳира ва Шоира таваллуд ёфта буданд, ки дар Кемерево барои оилаи онҳо хонаи истиқоматӣ доданд.
Соли 1953 афсари самарқандӣ ҷонишини сардори садорати иттиҳодияи қӯ-шунҳои корҳои дохилии Сибири Ғарбӣ таъин гардида, дар ин вазифа хизмати шоиста кард. Ва дар баҳори 1956 рахти сафар баста ба зодгоҳ омад ва фаъолияти худро дар вазифаи ҷонишини сардори шӯъбаи кадрҳои муассисаи махсуси НКВД дар Самарқанд идома дод. 
***
Раҳматӣ Нуруллоҳ Саъдуллоев раҳбари вазифашинос, серталаб, қатъӣ ва адолатпараст буд. Маҳз чунин хислат ва рафтору гуфтораш ҳангоми дар соҳаи корҳои дохилӣ фаъолият бурдан муайян гардид. Солҳои сардори садорати корҳои дохилии шаҳри Самарқанд будани ӯ ба  эътибори бузургони соҳаи мазкур дар давраи Иттиҳоди шӯравӣ афтода, бо медали «Барои хизмати аъло доир ба нигоҳдории тартиби ҷамоа» сарфароз шуд. Дар солҳои 70-уми қарни сипарӣ бо ташаббуси ӯ дар Самарқанд «гурӯҳи милитсия дар ҳаракат» таъсис ёфт, ки бо нақлиёт ва алоқаҳои мобилӣ таъмин шуда, нишондоди ҷинояткорӣ ва безорӣ дар кӯчаҳои шаҳр кам гардидаанд. Аз ҳама муҳимаш, ҷиноятҳо дар «гармӣ»-аш кушода шуда, таҷрибаи Самарқанд дар дигар шаҳру вилоятҳои давлати шӯравӣ паҳн гардид. Боз як кори хайри сардор он буд, ки барои идораи корҳои дохилии шаҳр бинои нави замонавии сеқабата бунёд гардид, ҳоло иншооти дилнишин, зеби Самарқанд аст. 
Боз як хислати ибратбахши ӯ дар лаҳзаҳои вазнин амри «боло»-ро интизор нашуда худ дар ҷояш ҳал мекард. Масалан, дар моҳи феврали соли 1970 аз шӯъбаи навбатдории корҳои дохилии Тайёрагоҳ хабар расид, ки ҳавопаймои «Ил-18В» хатсайри Тошканд - Самарқанд дар масофаи 32 километр аз аэропорти шаҳрамон дар қаторкӯҳи Амонқӯтан ба садама гирифтор шуда, мусофирон дар сармо болои барфтӯдаҳо афтодаанд. Нуруллоҳ Саъдуллоев таъҷилан бо шифокорону ҳарбиён дар чархболҳо ҷойи фоҷиа парвоз карда, 12 нафар мусофирон ва як нафар писарчаро аз чанголи марг раҳоӣ доданд.
***
Ӯ дар синни мубораки 60 бо рутбаи полковник ба нафақа баромад. Дар тадбири гусел ба истироҳати лоиқу сазовор вакилони вазорат, ҳокимияти вилоят ва ташкилотҳои гуногун ба сухан баромада хизматҳои соҳибҷашнро як-як гуфта, тӯҳфаҳои хотиравӣ супурданд. Аммо баъди чанд рӯзи нафақа сардори садорати корҳои дохилии вилоят генерал-майор Отамурод Муҳаммадиев ӯро назди худ хонд ва гуфт:
– Нуруллоҳ Саъдуллоевич, шасти камолоти шумо фаро расид, – бо табассуми малеҳ сӯи мусоҳибаш нигарист сардор, – бузургон насиҳат доранд:
Бе пир марав ту дар 
монӣ,
Гарчанд Искандари 
замонӣ!
Бинобар ҳамин мо машварат ороста ба хулоса омадем, ки муассисаи қабул ва тақсимкунии ба синни балоғат нарасидагонро ба шумо супорем. Инчунин сохтмони профилактория, яъне шифохонаи корҳои дохилии вилоятро ба зиммаашон гузорем. Мо тамошобин нахоҳем шуд. Агар муаммо пеш ояд, як бор занг задан кифоя. 
Нуруллоҳ Саъдуллоев инсони вазифашинос буд, ки садоқатмандона ба иҷрои вазифа пардохт. Чунон мешуд, ки аз субҳи содиқ то фурӯ рафтани офтоб бо корҳои давлатӣ машғул шуд. Мусавварахола гилаомез шикоят мекард, ки дар нафақа боз бештар серкор шуда, ҳатто ба навозишу тарбияи наберагон фурсат надорад.
Бояд таъкид кард, ки меҳнати дучанд ва фидокорона асорати худро нишон дод. Ӯ нобаҳангом ба хастагии хурӯҷи дил гирифтор шуд. Табобату нигоҳубин самара набахшид, ки 17-уми сентябри соли 1999 дунёи фониро падруд гуфт. Ӯро бо сӯзу гудоз дар қабристони Хоҷа Аҳрори Валӣ ба хок супурданд.
Раҳматӣ Нуруллоҳ Саъдуллоев бо ҳамсараш Мусаввара Мақсудова шаш нафар фарзандонро ба замона хос таълиму тарбия доданд. Духтари калонӣ Моҳира табиб, Шоира омӯзгор, Гулбаҳор ҳуқуқшинос ва ду писараш Алишеру Шарқин аз паси падар рафта дар идораҳои ҳуқуқу тартибот адои вазифа намуданд. Алишер соли 1976 мактаби олии Вазорати корҳои дохилии СССР-ро хатм намуда дар шӯъбаи ҷустуҷӯи ҷиноии корҳои дохилии вилоят фаъолият бурд. Дар вилояти Ҷиззах сардори шӯъбаи мазкур буд, ки ҳангоми иҷрои вазифа 13-уми июни соли 1987 аз дасти ҷинояткорон қаҳрамонона фавтид. 
Шарқин Нуруллоевич низ дар соҳаи корҳои дохилӣ хизмати шоиста карда вай низ дар рутбаи полковник нобаҳангом чашм аз олами ҳастӣ пӯшид.
Кенҷаписари хонадон Исломҷон пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Самарқанд бо фаъолияти илмӣ-педагогӣ машғул шуда, дар вазифаҳои ҷонишини директори коллеҷи банки Самарқанд кор кард.
Ҳоло беш аз сад нафар набера, абера ва чабераҳо сулолаи муносиби Саъдуллоевҳо ҳастанд. Бояд таъкид намуд, ки Шарқин Саъдуллоев ба муносибати 100-солагии падари бузургвораш зиндагиномаи пуршарафи ӯро навишта ҳамчун китоб нашр кард, ки шаҷараи сулола метавон номид. Ба асари тозанашр раиси шӯрои собиқадорони идораи корҳои дохилии вилоят Самеъҷон Одилов пешгуфтор навиштааст.
Воқеан, инсон ҷисман аз байн равад ҳам, рӯҳан нест намешавад. Вай бо кори неку номи нек ҷовидон аст, ки далели фикри мо шодравон Нуруллоҳ Саъдуллоев аст.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: