ДИЛҲОИ МО – ТӮЙХОНА

Ҳофизи Шерозӣ, ки назар ба ривоятҳо ба таври оддӣ, ҳатто фақирона ҳаёт ба сар бурдааст, дар яке аз байтҳояш таъкид месозад, ба зоҳираш нигариста, Ҳофизро фақир маҳисоб, қалби ӯ пур аз ганҷинаи муҳаббати Офаридгор аст.

Маълум, ки ҳар ифодаю таркиб, мисраъ ва байтҳои шоири малакутӣ инъикосгари чанд маъност. Ҳар тоифа ӯро ба тарзи худ талқин сохта ва агар олимони тасаввуф «Ҳофиз – сарояндаи ишқи илоҳӣ» гӯянд, ҳамзамононамон ақида доранд, вай, айни замон, шоири дунёвист: дар баробари ситоишу мадҳи Оллоҳ бандаҳои ӯро низ сарфи назар нанамуда, дар тараннуми эҳсоси поки инсонӣ, ба қалам гирифтани розу ниёзи шахсоне, ки лаҳзаҳои висолу дардҳои ҳиҷрон ба қалбашон бегона нест, ба дараҷаҳои баланд расидааст.
Воқеан ҳам дар эҷоди шоир манзараҳои дунёву уқбо ба ҳам омада, офаридаҳои қаламиаш бо бадеияти наҷиб хонандаро мафтун мегардонанд.
Шоирони ғазалсаро хеле зиёд. Вале Ҳофизро дурахшонтарин ситора дар осмони шеъри форсӣ-тоҷикӣ эътироф мекунанд, ки бесабаб нест. Ҳофиз калимаи «турк»-ро ҳам ба маънои ҳақиқӣ ва ҳам ба маънои «зебо» чанд бор истифода кардааст. Яке аз ғазалҳояш, ки оғозаш «Агар он турки шерозӣ» мебошад, хусусан, ниҳоят дилпазир.
Шеършиносон, мувофиқи фаҳмишу биниш, ба тарзҳои гуногун шарҳу тафсир намудаанд ин ғазалро.
Шоири ӯзбек Носир Муҳаммад (равонаш шод бод), ки чанд муддат дар Эрон ифои вазифа намуд ва ба эҷоди Ҳофиз маҳбубияти хосса дошт, мегуфт, «турк»-е, ки Ҳофиз ба забон оварда, ба маънои ҳақиқист. Зеро туркзабонҳо, яъне қабилаҳои турк зиёд зиндагӣ доштанд дар Шероз.
Дар эҷоди Алишери Навоӣ низ ба ибораҳои «турки тоҷик» ва «турку тоҷик» бисёр дучор меоем. Дар бойигарии луғавии устод ва пири комили ӯ Абдураҳмони Ҷомӣ, ҳамчунин. Ҷомӣ менависад:
Соиле гуфт бо касе ба аҷаб:
Бо фулонат чӣ нисбату наздик?
Гуфт: «Ӯ турк буду ман тоҷик,
Лек дорем хешии наздик».
Ҳазрати Навоӣ дар яке аз ғазалҳои форсиаш бо «мижгони тоҷикона» ва «чашмони туркона» дар боби ҳусн чӣ тавр мукаммалӣ касб кардани ёрро ба қалам мекашад:
Нигори турки тоҷикам кунад сад хона вайрона,
Бад-он мижгони тоҷиконаю чашмони туркона.
Шоири тоҷик Аскар Ҳаким дар яке аз баромадҳояш изҳор намуд дар фармудаҳои Навоии бузургвор, он гуна, ки баъзеҳо фикр мекунанд, ишқи авом нест, балки дар онҳо ишқи маҷозию илоҳӣ ҳамоҳанг гашта, қалбҳои ошуфтаро ба хурӯш меоранд. Ҳақиқатан ҳам дар сатрҳои болоӣ маъниҳои бикр ва бисёрпаҳлӯ дар қабат-қабат пардаи рамзу тимсолҳо печида, хонандаро ба тафаккур илқо месозанд. Муҳим боз барои мо он аст, наздикӣ ва қаробати бародарони азалӣ – турк ва тоҷик дар адабиёт низ бо рангҳои равшан ифода ва меҳру муҳаббати ба якдигар доштаи онҳо бо оҳангҳои марғуб тараннум карда мешаванд.
Шоири ӯзбек Минҳоҷиддин Мирзо аз ғазали тоҷикии Навоӣ илҳом гирифта, бахшида ба дӯстии ду халқ, ки онҳоро аз якдигар ҷудо кардан душвор ва дар тимсоли зебоии ёр низ ягонагии онҳо муҷассам, шеъре навиштааст бо унвони «Бир чаманнинг икки лоласи» («Ду лолаи як чаман»):
Эй шӯх, мани бунчалар ишқ-ла қилдинг девона,
Кӯнглим очсам, айб этма, дема асло бегона.
Танҳо танлаганимсан, ҳусну хулқда ягона,
«Чашмони турконаю, мижгони тоҷикона».
Қайда манзил-маконинг, кетдинг-ку дилим доғлаб,
Нетай ихтиёрим йӯқ, интизор этдинг боғлаб.
Васфингни тилдан қӯймай кезгум сани сӯроғлаб,
«Чашмони турконаю мижгони тоҷикона».

Тожикми ё ӯзбекми, сӯз демади ибода,
Яноқлари лоладек, тенгсиздир ул ҳаёда.
Бундай гӯзал раънони топиб бӯлмас дунёда,
«Чашмони турконаю мижгони тоҷикона».

Бу экки эл Ҳақдин ҳам бир бахт сӯрайдир азал,
Иккисин севган дилин нурга ӯрайдир азал,
Бир девона қӯш байтдир, бир қӯшиқдир, бир ғазал:
«Чашмони турконаю мижгони тоҷикона».

Мозийдан китоб кӯрсанг, кӯкрак тутган бир она,
Жомий ва Навоийлар мадҳ этган эл дурдона.
Қиёматлик дӯст эрур, қӯл ташлашган мардона,
Бир кун куйлайлик қӯшиқ, қалблар бӯлсин тӯйхона.

Баҳамоии ду халқ, ки аз як чашмаи маърифат об хӯрда, ба ҳам пайванд ва дилбандиашонро алъон ба ҷаҳониён намоиш медиҳанд, воқеан тӯй аст. Дилҳои мо – тӯйхона.

Ш. МУҲАММАД.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: