ДИНИ МУБИНАМОНРО ПОС ДОРЕМ

Дар Ӯзбекистон созмонҳои динии 16 мазҳаб озодона фаъолият доранд.

Намояндагони ин дину мазҳабҳо кори худро дар шароити мусоид пеш мебаранд. Маълум аст, ки даҳҳо миллату қавмҳо дар қаламрави кишвар истиқомат мекунанд. 
Онҳо барои рушду инкишофи фарҳанг, забон ва урфу одатҳои миллии худ саъй менамоянд. Дар Сарқонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва қонунҳои дигар дар ин бобат бобу бандҳои алоҳида ҷой доранд. Ба ғайр аз ин самти панҷуми Стратегияи амалиёт доир ба рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои солҳои 2017-2021 бевосита ба ҳамин масъалаҳо бахшида шудааст. Кушодадилӣ ва ҳамҷиҳатии миллатҳо ҳамчун омили барқарорӣ эътироф гардидааст. Ин тамоюл аҳолиро ба дӯст доштани Ватан ва ба қадри оромӣ расидан ҳидоят мекунанд.
– Дар вилояти Ҷиззах ҳоло шаш маркази миллию маданӣ арзи вуҷуд доранд, – гуфт муовини ҳокими вилоят оид ба робитаҳо бо ташкилотҳои ҷамоатӣ ва динӣ Эштемир Исматов дар конфронси матбуотӣ, ки доир ба мавзӯи «Корҳое, ки баҳри такмил додани фаъолияти соҳаи дину маърифат дар вилояти Ҷиззах ба сомон расонида мешавад», ба наздикӣ дар толори хурди бинои ҳокимияти вилоят баргузор гардид. – Ҳокимияти вилоят якҷо бо як қатор идораҳои масъул баҳри таъмини барқарории сулҳу осоиш, иҷрои вазифаҳои муҳиме, ки дар маърӯзаҳои Сарвари давлат ва Муроҷиатномаи ӯ ба Олий Маҷлис зикр шудаанд, бобати тарбияи дурусти фарзандон, ба роҳи рост ҳидоят намудани онҳо мунтазам корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ мебарад. Танҳо дар давоми соли 2018 зиёда аз 80 вохӯрӣ ташкил карда шудаанд, ки дар онҳо аз боби ҳимояти дини мубини ислом, роҳ надодан ба фаъолияти ғайрирасмии динӣ, корҳои ношоистаи таассубкорон сухан рафт. «Экстремизм ва терроризм – боздоранда ва маҳвкунандаи тараққиёт», «Миссионерӣ чист?» таҳти ин номҳо иштироки донишҷӯёни ду муассисаи таълими олӣ ва коллеҷҳои касбу ҳунар ва литсейҳои академӣ, хидматчиёни ҳарбӣ тадбирҳо ба амал омаданд.
Бояд гуфт, ки солҳои 90-уми асри ХХ дар ҳудуди вилоят чандин масҷид бунёд ёфт. Аз инҳо 133-то ба мақсадҳои ғайр ва нодуруст истифода шудаанд. Мутаассифона, бисёр масҷидҳо дар маҳалҳо ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Дар ноҳияи Бахмал ин гуна биноҳо бештаранд. Бо вуҷуди ин баъзан аҳли дин иддао мекунанд, ки масҷид надоранд. Айни замон аз ҳамаи имом-хатибони масҷидҳои ҷомеаи ҳудуди вилоят танҳо 33 нафар мадрасаро хатм кардаанду халос. Пешгирии никоҳи шаръӣ (бе ақди никоҳи расмӣ), боздоштани ҷавонон аз роҳгумзанӣ, ба танзим даровардани маросимҳои динӣ аз масъалаҳои умдаи рӯз ба ҳисоб мераванд, – гуфт муовини ҳоким. – Мо бо шахсоне, ки аз маҳбас озод  гардидаанд, ба таври доимӣ суҳбат мегузаронем. Ба таълим гирифтани фарзандонашон мусоидат мекунем. Барои ба маҳфилҳо иштирок кардани онҳо чораҳо меандешем. Ҳомиён онҳоро бо сарулибоси гарм таъмин мекунанд.
Соли гузашта дар ноҳияи Пахтакор фаъолияти бародароне, ки шомили гурӯҳҳои манъшуда гардида, даст ба табаҳкориҳо задаанд, фош гардид. Ҳаёти ду нафари онҳо дар шаҳри Маскав ба таври фоҷиаомез анҷом ёфт.

Анорбой НАЗАРОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Ҷиззах.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: