ДИРӮЗ ВА ИМРӮЗИ ДАРБАНД

Барои ҳар шахс муҳаббат ба Ватан, аввало муҳаббат ба зодгоҳи ӯст.

Мардуми Дарбанд аз он фахр мекунанд, ки дар байни кӯҳҳои cap ба фалаккашидаи ин деҳаи бостонӣ ба дунё омадаанд. Аз оби дарёи чун оби чашма зулоли он, ки аз санг ба санг зада боз ҳам ширинтар шуда, бо номҳои “Тургон” (Тиргон – Р.А), “Дарбанд”, “Шеробод” ёд мешавад, нӯшида ба воя расидаанд. Мардуми ин манзил табиатан сарбаланд, баору баномус мебошанд. 
Ёд дорам, солҳои даврони шӯравӣ роҳбарони ноҳия хостанд дар Дарбанд обанбор созанд. Банда дар мақолаи “Агар дарё забон медошт” нодуруст будани ин нақшаро баён кардам. Дар байни ҳамдеҳагон ҳамфикрҳо бисёр буданд. Аз қабили инсони хушзамир Полвон Шоимов (рӯҳашон шод бод). Он кас маҳз барои табрик кардани ман ба шаҳри Тирмиз омада, нобоварона: “Писар, мақоларо худат навиштӣ ё каси дигар?” (муаллим то ҳамон вақт маро намешинохтанд) гуфта пурсиданд ва баъди бовар ҳосил кардан дучанд хурсанд шуданд.
Дарбанд маконест, ки бо гузаштаи дури худ, фарзандони обрӯмандаш фахр мекунад. Таърихи шоёнашро Полвон Шоимов барин таърихдонҳояш борҳо ба қалам додаанд. Хостаанд, ҷойгоҳи онро дар масири таърих нишон диҳанд. 
Аммо саҳифаҳои нохондаи он то ҳанӯз зиёданд. Номи деҳа дар саҳифаҳои таърих зуд-зуд ба чашм мехӯрад. Агар ба навиштаҳои олими маъруфи бостоншинос, академик Эдвард Ртвеладзе, аз ҷумла дар мақолаи “Переправи и дорог Бактрии” (“Гузаргоҳ ва роҳҳои Бохтар”) назар андозем, маълум мешавад, ки Дарбанд ҳам дар гузашта ва ҳам имрӯз маскани муҳими стратегӣ будааст: “Дар гузаргоҳҳои Тирмиз, Чӯчқа-Гузар ва Шӯроб, ки роҳҳоро ба шимол ва шимолу шарқ мебурд ҳаёт хеле ривоҷ ёфта буд. Аз он ҷо бо роҳи Тирмиз – Дарбанд (Дарвозаи оҳанин), бо роҳи Ангор ва Шеробод манзилгоҳҳои давраи аҳамониҳо (Ҷондавлаттепа) маълум шудааст. Дарбанд дар қарнҳои гузашта ҳамчун маҳалли боҷгирон мавқеъ доштааст”... 
Боғу роғҳои деҳаи Дарбанд, чашмаҳои чун оби ҳаёт равонфизояш ва умуман ҳусни онро яке аз воқеанигорони давраи Шайбонихон шоир Муҳаммад Солеҳ (асри ХVI) дар “Шайбонинома”-аш ба тасвир кашидааст. Мо ин ҷо лозим донистем танҳо чанд байтро аз он баҳри таассуроти бештаре пайдо кардан намуна овардем:
Бор бу тоғнинг устида 
фалак,
Кӯринур том узра тӯн 
ёйғонтак.
Бир ёғоч бор бу ики тоғ
 ароси,
Қаболи боғ аро булоғ 
ароси.
Чашмалар суви равон ҳар 
ёндин,
Тозароқ оби ҳаёти жондин...
(Шайбонинома. 
саҳ. 149-150).
Аз манбаъҳо маълум мешавад, ки Дарбанд дар гузашта соҳиби корвонсаро будааст ва он аз нигоҳи ҷойгузинӣ қадимтарин корвонсарой ба шумор рафта дар Осиёи Марказӣ мавқеи хосса доштааст. Вале, мутаассифона, ҳоло аз ин манобеи таърихӣ танҳо хотира мондаасту халос.  
“Дарвозаи оҳанин” аз ёдгориҳои таърихии деҳаи Дарбанд буда, дар манбаъҳои таърихию археологӣ зуд-зуд қайд мегардад. Дар ин бора олимони маъруф Бартолд, Веало, Пославская,  Клашторний, Логофет ва ғайра дар асарҳои худ зикр кардаанд. 
Маълумоти куҳантаринро дар хусуси “Дарвозаи оҳанин” Сюан-Тсзян (наздик ба с. 630) ба таври зайл баён намудааст: “Гузаргоҳ аз ду тараф бо кӯҳ пӯшида шудааст. Кӯҳи мазкур ба таври ғайриоддӣ баланд буда, дар миёни он роҳи танг мавҷуд аст, ки бо номи “Дарвозаи оҳанин” ёд мешавад.  
Ҷойи аслии Дарвозаи оҳанин аввалин бор аз тарафи Н. А. Масвим соли 1875 маълум гашт. Баъдтар ин кор ба ҷуғрофидон О.Пославской муяссар гардид. 
Имрӯз деҳаи Дарбанд аз нигоҳи мавқеъ нуқтаи муҳиме дар ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Дар солҳои истиқлолият он гӯё боз мавқеи таърихиашро соҳиб шудааст. Роҳи оҳан, ки аз миёни ду кӯҳи азим гузаштааст, ҳайратангез аст. Мардуми деҳа алҳол ба ояндаи неку дурахшони он эътимод доранд.
Дарбанд ҷойи зебоманзар аст. Аксарияти мардуми он шоиртабъ буда, дар ин ҷо бисёр шоирон, олимон, инсонҳои обрӯманд ба воя расидаанд. Баёзи “Сарводаи Сурхон” ки дар он осори 14 нафар эҷодкорони зодаи деҳаи Дарбанд низ ҷой дода шудааст, ба дурустии ин гуфтаҳо далолат мекунад. 

Рамазон АБДУЛЛОЕВ,
устоди ДД Тирмиз.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: