ДИРӮЗ ВА ИМРӮЗИ ҶАНГНОМАҲОИ КИНОСОЗОН

То 75-солагии Пирӯзии бузург аз болои истилогарони фашизм моҳҳои башумор мондаанд.

Ҷанги ҷаҳонии хонумонсӯз чӣ офатҳое овард, умри чӣ қадар  одамонро хазон ва ба чӣ қадар кулфату вайронгариҳо сабаб гашт, ба  ҳамаи мо маълум. Риштаи ҳаёти бештар аз 50 миллион нафар одамони дунё ба таври фоҷиавӣ канда шуд. Аз байн солҳои зиёд гузаштанд, вале ҷароҳатҳои он ҳамзаминҳои мо, аз ҷумла, қалб ва мағзи устухони тоҷикону ӯзбеконро низ ҳанӯз месӯзонанд.
Бӯи хун, бӯи ҷон, бӯи дарду алам мекунанд саҳифаҳои китоби ҷанг. Филмҳои дар ин мавзӯъ офаридашударо бе ҳис ва ҳаяҷони гулӯгир тамошо кардан мумкин нест. Президентамон Шавкат Мирзиёев ба филмофарони мо супориш дод ба ин мавзӯъ бештар аҳамият диҳанд, ба саҳифаҳои торики зиндагӣ ва меҳнату муборизаи давраиҷангӣ равшанӣ андозанд. Дар асоси сенарияҳои адабии аҳли эҷод, инак, картинаҳои нав офарида ва он рӯзҳои таърихӣ бо ғаму ташвишу изтиробҳои худ дигарбора пеши назари мо зинда мешаванд. Сенарияҳо, зимнан, адабӣ бошанд ҳам, намоишҳо дар асоси воқеаҳое, ки рӯй додаанд, корбаст мегарданд.
Хотирнишон сохтан бамаврид аст, ки  ҳанӯз аз ибтидои ҷанг дар назди «Ӯзбекфилм» вазифаҳои зиёд гузошта шуданд. Қисме аз киносозони мо ба фронт раҳсипор шуда ва дар баробари ҷанг ба муқобили душман бисёр рӯйдодҳои ҷолибро ба наворҳо сабт карда бошанд, гурӯҳи калони киносозон, аз ҷумла, коргардонҳо, операторҳо, драматургҳои соҳибтаҷриба бо тақозои шароити таърихӣ ба Тошканд омаданд. Аз мутахассисони киностудияи марказӣ ва студияҳои Ленинград, Киев, Минск ва дигар шаҳрҳо, ки дар пойтахти ҷумҳурии мо фаъолиятро давом доданд, Н. Ғаниев, К. Ёрматов, Й. Аъзамов, З. Собитов барин режиссёрҳои «Ӯзбекфилм» бисёр чизҳоро омӯхтанд. Коргардонҳои кинои мо бо Я. Протазанов, М. Ромм, Е. Спешнев, Л. Свердлин барин киносозҳои машҳур дар як саф самаранок кор карданд. 
Ба «Ӯзбекфилм» аз майдонҳои ҷанг кадр ва лавҳаҳои бисёр қадрнок фиристода мешуданд, ки онҳо ба офарида шудани якчанд филмҳои ҳуҷҷатӣ асос гардиданд. Ҷанги воқеиро ба навор бардоштан кори осон нест. Чӣ қадар наворбардорҳои мо дар ин ҷабҳа ҷони худро қурбон намуданд. Операторҳо Раҳимов, Ковнат, Лейбов дар майдонҳои набард қаҳрамонона ҳалок шуданд, ки дастпарварони «Ӯзбекфилм» буданд.
Лаҳзаҳои воқеии ҳаёти фронтро хусусан ҳунарманди мардумӣ Малик Қайюмов тавассути филмҳои ҳуҷҷатии худ муассир ва хеле санъаткорона мунъакис сохт. Дар ҷанг мардона ба муқобили фашистон ҷангид, ярадор гашт, айни замон ҷаҳд намуд чизҳои ҷолибро ба навор бардошта ва ба Ӯзбекистон фиристода истад. Соли 1943 ӯ филми «Ӯзбекистони советӣ»-ро офарид ва корномаҳои ҷанговарони моро ба тамоми кишварҳои иттиҳод намоиш кард. Ҳамзамон яке аз асосгузорони кинои мо Комил Ёрматов, ки баъдтар «Ӯзбекфилм» ба номи ӯ гузошта шуд, бо офаридани картинаи «Мо ғалаба мекунем» ба ҷанговарони мо, ба миллионҳо сокинони диёрамон, ки поёнёбии ҷанг ва фарорасии ғалабаро нигарон буданд, рӯҳбаландӣ бахшид. 
Баробари ба сурат бардошта шудан он филмҳо нафақат дар ақибгоҳ, балки дар ҷанггоҳҳои хунин намоиш дода мешуданд. Филмҳо дар мавзӯъҳои ватанпарварона ба ҷанговаронамон шуҷоати нав мебахшид. Хусусан ду филми кӯтоҳметраж дар ин мавзӯъ, ки бо унвони «Чапаев» ва «Тешабой Одилов», ки маҳсулоти иттиҳодияи кинохроникаи марказӣ буданд, чӣ дар фронт ва чӣ дар ақибгоҳ таваҷҷӯҳи миллионҳо тамошобинонро ба худ кашиданд. 
Ҳамдиёри дигари мо Мамадалӣ Топиболдиев низ дар майдонҳои ҷанг намунаи олии мардонагӣ нишон дод. Ҳанӯз дар даврае, ки ҳаёт буд ва дар зодгоҳаш Риштон зиндагӣ мекард, номи яке аз деҳаҳо дар Белорусро «Топиволдиевка» гузошта буданд. Топиболдиев бо ҷангҳои партизанӣ дар Белорус ҳамаро қоил гузошта ва бо унвони олии қаҳрамонӣ сазовор шуда буд. Бахшида ба вай «Ӯзбекфилм» картинае офарид бо унвони «Писари Ватан». Нақши асосиро Рустам Саъдуллоев хеле табиӣ офарида ва корномаҳои ибратангези М. Топиболдиевро пеши назари тамошобин зинда гардондааст.
«Сиҳат рав ва саломат баргард» низ дар мавзӯи ҳарбӣ-ватанпарварист ва дар асоси воқеаҳои рӯйдода ба сурат бардошта шудааст. Қаҳрамони марказии филм Қудрат аз Самарқанд ихтиёрӣ ба фронт рафт ва дар яке аз набардҳо, ки қувваҳо нобаробар буданду душман бо тирпарронии муттасил ба ҷанговарони мо имкон сар бардоштан намедод, хазида-хазида пеш рафт ва палангвор ба болои пулемёти душман худро ҳаво дод.
Дар асоси романи «Уфуқ»-и Саид Аҳмад (1964), ки ҳаёти фарғонагиён дар солҳои ҷанг ва баъди ҷанг дар он тасвир ёфтааст, филмофарони мо «Моҷарои муҳаббат»-ро офариданд, ки воқеаҳо, ҳамчунин ҳаётианд. Вақте номи Шуҳрат Аббосовро ба забон гирифтем, беихтиёр, филми «Ту ятим нестӣ» ба хотир меояд.
Маҳкамота ва Фотимаая чаҳордаҳ писару духтари норасидаи дар кӯча монда ё ба хонаи бачагон афтодаро, ки мансуб ба миллатҳои гуногун буда, зори меҳр ва як бурда нон буданд, ба фарзандӣ гирифтанд. Онҳо боз сари як ятимписари немисро низ сила карданд. Лутфихонум Саримсоқова ва Обид Ҷалилов нақши падару модарро, ки воқеан тимсоли меҳр ва мурувват буданд, ба маром расонда бозиданд.
Дар бораи Ҷанги бузурги ватанӣ ва филмҳое, ки киносозони мо дар ин мавзӯъ офаридаанд, сухан ба миён оварда, филми машҳури «Генерал Раҳимов»-ро зикр накарда наметавонем. Қаҳрамони марказии он аввалин генерали ӯзбек Собир Раҳимов. 
Бо фармоишоти Оҷонсии миллии  «Ӯзбеккино» филмофарони мо таҳти роҳбарии  коргардон Ҷаҳонгир Аҳмедов алъон аз паи омода сохтани картинае мебошанд, бо унвони «Илҳақ», ки доир ба ҳаёти Зулфияая ва панҷ писари шаҳиди ӯ дар он ҳикоя карда мешавад.
Воқеаҳои филм бо рӯзҳои аввали канда шудани Канали калони Фарғона (1939)алоқаманд буда, то соли 1961 давом мекунанд. Картина дар ноҳияи Паркент, вилояти Фарғона ва ҷойҳои дигари кишвар ба сурат бардошта мешавад. 9 майи соли 2020, рӯзе ки 75-солагии Ғалабаи бузург тантананок ҷашн гирифта мешавад, баргузории нахустнамоиши «Илҳақ» ба нақша даромадааст.
Умед аст беҳтарин филмҳоямон, аз ҷумла, ҷангномаҳои киносозони мо ҷасорату мардонагӣ, муҳаббату кушодадилии халқамонро дар худ таҷассум сохта, экранҳои дунёро забт менамоянд.

М. ШОДИЕВ
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: