ДИРӮЗ ВА ИМРӮЗИ ҶӮЙ ВА КАНАЛҲОИ ТОШКАНД

Беҳуда «обу ободӣ» ё худ дар ҷое, ки об ҳаст, ободӣ ҳаст, нагуфтаанд.

Беҳуда «обу ободӣ» ё худ дар ҷое, ки об ҳаст, ободӣ ҳаст, нагуфтаанд. Мардум дар ҷойҳои барояшон қулай баробари манзил сохтан, сарҷамъ зиндагӣ ба сар бурда ба ободгарӣ рӯ овардан ҷӯй меканданд, об мебароварданд. Маҳалла ва ноҳияҳое мавҷуд, ки номашон бевосита ба «ҷӯй» алоқадор. Масалан, Ҷӯинав. Аз ҷумла, муаллифи ин сатрҳо дар деҳае ба дунё омадааст, ки Янгиариқ ном дорад. Яке аз ноҳияҳо дар вилояти Хоразм низ – Янгиариқ. Янгиариқ, ҳамчунин, аз калонтарин маҳаллаҳо дар ноҳияи Юнусободи шаҳри Тошканд мебошад. Бо баназаргирии адади ҷӯйҳо низ маконҳоро ном гузоштаанд, мисолан – Учариқ, Кӯкариқ... Яке аз шаҳрҳои Туркманистон – Чорҷӯй. Дар вилояти Фарғона ноҳияҳои Бешариқ ва Олтиариқ мавҷуд.
Хуллас, дар ҳама манзилу макон, ба маънои васеъ, ҷӯй ва каналҳо воситаи муҳим дар таъминоти обӣ.
Дар ҳамчун шаҳри азим ташаккулёбӣ ва тараққӣ сохтани Тошканд, айни замон, таъминоти обӣ аз заруртарин шартҳо қарор гирифтааст. Ҳанӯз нахустин сокинони он мувофиқи маълумотҳои дерин, аз оби дарёи Чирчиқ баҳраманд будаанд. Канали Бӯзсувро кофтанд, ба марзҳои дар собиқа дашту саҳро об бароварданд, нуқтаҳоеро, ки баъдтар аҳолинишин гаштанд, обод намуданд. Маълум, ки қисми шимолӣ-шарқии шаҳр нисбатан баландтар, ҷанубӣ-ғарбиаш пасттар мебошад. Рӯду ҷӯйборҳои баъдина асосан аз баландӣ ҷониби пастиҳо ҳаракат сохтаанд. Аммо дар баъзе нуқтаҳои табиии обӣ баробари пастӣ ё ҳамворӣ рӯ ҷониби ноҳамворӣ низ ҳаракати ҷӯйборҳоро мушоҳида намудан мумкин. Шохобҳо ба худ ном доштанд. Он номҳо (ё худ гидронимҳо) то андозае гоҳо ба таърихи шаҳри бостон низ вобастагӣ доранд.
Яке аз калонтарин каналҳои шаҳр – Бӯзсув дар самти рости дарёи Чирчиқ воқеъ буда, аз ду ҷои он – Бӯзсувзаҳ, дар баробари ин маҳаллаи Бӯзсувбошӣ воқеъ дар шаҳри Чирчиқ ибтидо мегирад. Бӯзсув баъди ҷорӣ шуда баромадан аз Тошканд ба шаҳри Чиноз мегузарад, ба дарёи Сир мерезад. Дарозии умумиаш 159 километр мебошад. Назар ба маълумоти манбаъҳо, Бӯзсув қисми шимолии шаҳрро пас гузошта, ҳанӯз дар охири асри XIX ва ибтидои ХХ дар қисми марказии шаҳр Анҳор, баъди баромадан аз шаҳр Бӯриҷар ном гирифта буд. Миқдори умумии шохобҳои Бӯзсув дар рӯзҳои мо, ки қисми муайяни пойтахтро бо об таъмин мекунанд, 25-то мебошад.
Кай канда шудани канали Бӯзсув маълум нест. Назар ба тахмини археологҳо, он дар ибтидои солшумории милодӣ кофта шудааст. Адиб ва таърихнигори асри XIX Муҳаммад Солеҳ дар асари худ «Таърихи ҷадиди Тошканд» қайд кардааст, ки Бӯзсув дар қадим Кайкобус ном дошт. Алҳол қисми болоии каналро Бӯзсув ном мебаранду халос. Он аз ду компонент – «бӯз» ва «сув» таркиб ёфтааст. «Бӯз» якчанд маъно дорад: ранг, нилобии равшан, сафед. Матои бо даст бофташуда низ – бӯз. Ҷуз ин бӯз маънои «нав»-ро низ ифода мекунад. Майдонҳои ҳанӯз азхуднашуда ё худ чарогоҳҳоро, айни замон, «бӯз» мегуфтанд. Тахмин меравад бинобар ба ҷойҳои холӣ бароварда шудани об бо мақсади обёрӣ канал «Бӯзсув» ном гирифтааст. Дар поёни қарни XIX ва ибтидои асри ХХ рӯди Бӯзсув аз ҳудудҳои Янгишаҳардарвоза, Ертешган, Янгишаҳар-Шаҳидонтепаи даҳаи Себзор гузашта то маҳаллаи Сирли масҷид ҷорӣ мегашт, дар таъминоти об аҳамияти калон касб менамуд. Дар обёрии саҳрову боғот ва таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ аз он истифода мебурданд.
Чанд сухан оиди ҷӯй ва наҳракҳое, ки дар қисмати шаҳри куҳани шаҳр ҷористанд. Канали Анҳор дар қисмати чапи Бӯзсув воқеъ буда, аз шимолӣ-шарқии шаҳр ба ҷанубӣ-ғарбии он ҷорӣ мегардад. Анҳор чун сарҳад қисматҳои Шаҳри куҳна ва Шаҳри нав дар Тошкандро ҷудо ҳам намуда омадааст. «Анҳор» шакли ҷамъи «наҳр», яъне дарёст. Аммо ин ҷо на якчанд дарё, балки канале ҷорӣ асту халос. Бо вуҷуди ҳамин канал дар манбаъҳои куҳна «Анҳор» зикр ёфта, гидроним гоҳо чун «Ангор» низ қайд шудааст.
Маълум, ки дар қисмати даҳаи Шайхонтаҳур баробари Лабзак, Ертешган, Минор, Қиёт ва ҳоказо Тоҷикмаҳалла низ мавҷуд. Сокинони Тоҷикмаҳалла ҳам аз дер аз оби Анҳор истифода менамоянд.
Давоми канали Бӯзсув будани Бӯриҷарро қайд карда гузаштем. Бӯриҷарро аҳолии маҳаллӣ Бӯрҷар низ ном мебаранд, ки алъон соҳилҳояш хеле шодоб гардидааст.
Дигар аз ҷӯйҳои калон Ҷарариқ буда, гидроними он ба релеф низ вобаста, яъне ҷӯест, ки дар ҷар ҳосил шуда. Ҷарариқ сӯи пастхамиҳо бошитоб, дар баъзе ҷойҳо оромона ҷорист.
Дар қисмати шаҳри куҳан боз канале мавҷуд бо номи Кайковус. Мегӯянд гидроними «Калковуз» бо топонимҳои «Кайковус» ва «Кайкобус» табдил ёфтааст. Кайковус, зимнан, номи яке аз қаҳрамонҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ низ аст, ки шоҳи Эрон ҳисоб меёфт. Аз даҳаи Кӯкча ҷӯйе мегузарад, ки ҳамноми даҳа аст (даҳа – шакли вайроншудаи деҳа). Тахмин мекунанд «Кӯкча» шакли тағйирёфтаи «Қалъача» аст. «Кӯкча» ба сифати номи шахс бошад, дар асари «Ҷомеъ-ут-таворих»-и Рашидаддин Фазлуллоҳ дучор меояд. Муҳаммад Солеҳ менависад «кӯкча» номи яке аз қабилаҳои туркнажод буд.
Ҷӯйи Кӯкча мавзеъҳои гирду атрофи даҳаи Кӯкчаро низ бо об таъмин месозад. Маънои луғавии Лабзакро мутахассисон чун «замини заҳ» шарҳ медиҳанд. Ҷӯи Лабзак бошад дар байни халқ бо номи «Ҷангоб» низ машҳур. Мегӯянд як вақтҳо барои об мардум ҷанҷол мекард, бинобар ҳамин ҷӯи Лабзак «Ҷангоб» низ ном гирифт.
Дар қисмати Шаҳри куҳна боз каналҳое ҷорианд бо номҳои Ҷӯйи Чиғатой, Ҷӯйи Чорсӯ, Ҷӯйи Човлӣ, Ҷӯйи Учкӯпрук, Ҷӯйи Шайхонтаҳур, Ҷӯйи шаҳр ва Ҷӯйи Бӯзсув.
Гидроними ду ҷӯйи дигари Шаҳри куҳна, ки Регистон ва Танишаҳр мебошанд, аз калимаҳои тоҷикӣ таркиб ёфтаанд. Чӣ будани маънои луғавии «Регистон» ба ҳамаамон маълум. Танишаҳрро мутахассисон чун «ҷои ба шаҳр тааллуқнок» шарҳ додаанд. Аз гидроними «Танишаҳр» низ пайдост ҷӯйи зикршуда дар маркази шаҳр ҷорист.
Дар қисмати Шаҳри нави пойтахт, баробари ҳамин, ҷӯй ва каналҳои зиёд кофта шудаанд, ки ҳар кадом ба худ хос номҳо доранд. Бо торафт шодоб шуда истодани соҳили ҷӯй, канал ва рӯдборҳо шаҳри азими Тошканд сабз ва хуррамтар мегардад.

М. ШОДИЕВ,
мухбири
 «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: