ДИРӮЗ ВА ИМРӮЗИ «ОИНАИ НИЛГУН»

Яке аз кашфиётҳои бузург дар таърихи инсоният – кашф шудани оинаи нилгун бошад, “ватани телевизион” будани шаҳри Тошканд боиси ифтихори мост.

Яке аз кашфиётҳои бузург дар таърихи инсоният – кашф шудани оинаи нилгун бошад, “ватани телевизион” будани шаҳри Тошканд боиси ифтихори мост. Таҳти саъю ҳаракатҳои дурударози ихтироъкорони ӯзбекистонӣ Б.П. Грабовский ва И. Ф. Белянский, ки шогирдони олими намоён Борис Розин буданд, 26 июли соли 1928 дар бинои округи алоқаи Осиёи Миёна воқеъ дар Тошканд тавассути паҳншавии нурҳо тасвир ба ҳаракат дароварда ва дастгоҳи “радиотелефот” бори аввал бомуваффақият аз санҷиш гузаронида шуд.  

Ихтироъгарон ва аъзои комиссияи махсус ҷои худро иваз сохтанд ва якдигарро дар телевизион диданд. Ҳамин тавр, дар ҷаҳон телевизиони нахустин ба кор сар кард. Афсонаҳо дар бораи “оинаи ҷаҳоннамо” ба ҳақиқат табдил ёфтанд.
21 октябри соли 1965  бо фармони Шӯрои Олии ҶШСӮ ба Б.Грабовский ва И. Белянский унвони фахрии “Ихтироъчии хидматнишондодаи Ӯзбекистон” дода шуд. Ин ду ихтироъкори барҷаста бо кашфиёти нодири худ дар таърихи илми Ӯзбекистон саҳифаи нав кушода буданд.
Назар ба маълумотҳо, нахустин намоишҳои телевизионӣ дар Британияи Кабир (соли 1936) ва Олмон (1938),баъдтар дар Маскав ва Вашингтон ба тариқи таҷриба аз санҷиш гузаронида шудаанд.
Мутаассифона, дар “ватани телевизион” мунтазам ба кор андохта шудани  намоишҳои телевизионӣ хеле дертар, аз 5 ноябри соли 1956 оғоз ёфт.
Барпои бинои маркази телевизион дар Тошканд соли 1953 шурӯъ ёфт.
Аз соли 1957 намоишҳои мунтазами телевизионӣ ба роҳ гузошта шуданд.
Журналисти куҳансол Анбар Отамуродова дар китоби худ “Радио ва телевизион – гултоҷи тафаккур” қайд кардааст, ки “Бегоҳирӯзии 6 ноябр дар хотири мо, донишҷӯёни ҳамонвақта, чун санаи нурнок сабт ёфтааст – бори аввал чӣ будани телевизион ва намоишҳои онро бо чашми худ дидем”.
Бо гузашти солҳо телевизиони Ӯзбекистон низ давраҳои тараққиётро аз сар гузаронид. Тӯли 65 сол дар он мактаби калони эҷодӣ ташаккул ёфт. Мактаби устод-шогирд, айни замон, ҳанӯз аз охири солҳои панҷоҳум арзи вуҷуд сохт,  анъанаи «устод-шогирд» бардавомӣ касб намуд.
Вақте дар бораи аввалин чеҳраҳои намоёни ин даргоҳ сухан рафт, даҳҳо журналистон ва коргардонҳо пеши назар меоянд, ки ҳаёти худро ба телевизион бахшида, дар роҳи ташаккулу равнақи он заҳмати зиёд кашидаанд. 
Ин ҷо лозим мешуморем беҳтарин барандагон-наттоқони телевизиони Ӯзбекистонро низ зикр карда гузарем, ки байни аҳолӣ маҳбубият доштанду доранд: Иқбол Олимҷонова, Раъно Ҷӯраева, Ӯктам Ҷобиров, Мирзоҳид Раҳимов, Даврон Зуннунов, Раъно Мадраҳимова, Насиба Қамбарова,Насиба Иброҳимова, Насиба Мақсудова, Галина Мелникова... 
Дар солҳои аввале,ки телевизион ташкил гашт, имкон набуд тамоми қаламрави ҷумҳурӣ намоишҳои онро фаро гирад. Дар охири солҳои шастум даҳҳо ретрансляторҳои камқувват ва баландқувват сохтаю ба истифода супурда шуданд. Барои пахши барномаҳо дар ҳамаи ҳудудҳои ҷумҳурӣ шароит фароҳам омад. 
Дар давраҳои минбаъда рушди телевизиони ҷумҳурӣ, тележурналистика ба сифати соҳа ва фанни алоҳида дар ҷамъият мавқеи худро пайдо намуд. Ба тадриҷ жанрҳои нав арзи ҳастӣ карданд. Ҳамкории телевизион ва театр ташаккул ёфт. 
Телеозмунҳо аз қабили “Марҳабо, соҳибистеъдодҳо”, “Чашма”, “Офарин” ва ҳоказо машҳур шуданд, дар тарбияи истеъдодҳои ҷавон нақши муҳим бозиданд.
Баъди ба истиқлолият расидани Ӯзбекистон барномаҳои телевизионӣ мазмуну муҳтавои тоза касб намуданд. Ислоҳот дар телевизион низ самараи дилхоҳ бахшид. Эҷодкорони телевизион дар асоси асарҳои бадеие, ки ҳаёт ва фаъолияти бузургмардони олами хиради моро акс кунондаанд, силсилаи намоишҳое омода намуданд, ки ба рӯҳи ҳаёти имрӯза низ созгор.Бинандагон “Мирзо Улуғбек”, “Лайлӣ ва Маҷнун”, “Тири вопасин”, “Хоразмшоҳ”, “Юсуф ва Зулайхо”, “Амир Музаффар”, “Саҳифае аз мозӣ”, “Соҳибқирон”, “Каждум аз меҳроб” барин филмҳои тасвирии як ва якчандқисматаро бо шавқ тамошо карданд. Ин намоишҳо барои дар оянда офарида шудани телесериалҳо замина гузоштанд.
Дар таърихи даҳ соли охири телевизиони Ӯзбекистон беш аз даҳ шабакаи нав арзи ҳастӣ намуд.
Аз соли 2015 ҳаҷми эфири якрӯзаи тамоми шабакаҳо 24 соатӣ қарор гирифт.
Бо мақсади таъмини пурраи соҳа бо кадрҳо дар ҳузури телерадиокомпания омӯзишгоҳи махсусе ташкил карда шуд, ки дар ҳашт самт мутахассис тайёр менамояд.  
Чанд сол пештар Донишгоҳи журналистика ва коммунакатсияҳои оммавӣ таъсис ёфт ва он ҳамкориҳои ҳарҷонибаро бо телевизион ба роҳ гузошт.
Аз 2 майи соли 2017 ташкил карда шудани шабакаи таҳлилии “Ӯзбекистон-24”, айни замон, воқеаи муҳим дар таърихи телевизиони мамлакатамон қарор гирифт. 
Ҳамин тавр, дар сохтори Телерадиокомпанияи миллии Ӯзбекистон,ки таърихи 65-сола дорад, имрӯзҳо ҷамъ 26 шабакаи телевизионӣ ва 16 радиошабака бетанаффус фаъолияти худро ба роҳ гузоштаанд.
Корбаст шудани телевизиони рақамнок низ дар оинаи нилгун ҳодисаи муҳим ба шумор меравад. Тавассути радифи маснуъи замин  барномаҳои телевизион дар бештар аз сад мамлакати дунё намоиш дода мешаванд.
Ҷараёнҳои эҷодии имрӯза баҳри муайян сохтани тараққиёту пешравии ба худ хоси тележурналистикаи давр хидмат менамоянд.  
Оинаи нилгуни Ӯзбекистон дар навбати худ оинаи ҳаёти мардуми ин диёр аст. Ба мазраъи қалби миллионҳо, ки мансуб ба миллатҳои гуногунанд, тухми некӣ, садоқат, зебоию накӯкорӣ мекорад, халқҳоро ба халқҳо, дилҳоро ба дилҳо мепайвандад.

М. ШОДИЕВ. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: