ДИРӮЗ ВА ИМРӮЗИ САРЧАШМА

Мавқеи ҷуғрофии деҳа

Сарчашма аз деҳаҳои кӯҳистонии ноҳияи Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё аст. Сокинони таҳҷоии он тоҷиконанд. Деҳоти тоҷикнишини Ғелон, Кӯл, Тамшуш, Ҳисорак ва Яккахона ҳам дар ҳамин обрав ҷой гирифтаанд, ки то ба қарибӣ онҳоро як роҳи умумӣ ба ҳам васл мекард. Назар ба маълумот Сарчашма бинобар он ки дар мобайн ҷой гирифтааст, ҳамеша макони шаббоши муваққатии мардуми раҳгузар ба маркази ноҳия будааст. Аммо баъдан роҳи қадима аз Шаҳрисабз то Ҳисорак (ҳудуди 58 км) тахту ҳамвор карда мешавад, Ғелону чандин деҳаи дигар роҳи худро аз самти нисбатан мувофиқ мекашанд ва ба ин сабаб мавқеи таърихии Сарчашма (мизбонӣ) ҳам аз байн меравад.  
Деҳа дар муҳити кӯҳҳои сарбафалак ҷойгир шудааст ва манзараи дилфиребе дорад. Онро аз чор сӯ қуллаҳои осмонбӯси Сияҳкӯҳ, Чилдухтарон, кӯҳи Ҳачча ва Коза иҳота кардаанд. Дарёчаи шӯхобе ҳам, ки оби худро аз дараҳои сербарфи ин кӯҳпоя ва чашмасорони бешумори атроф мегирад, деҳаро ба ду тақсим мекунад. Оби он кишту кор ва шуғли кишоварзии мардуми ин қаламравро таъмин месозад.

Ислоҳот дар Сарчашма
 
Ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Сарчашма»-ро бо маркази маъмурии ноҳияи Шаҳрисабз роҳи 70 километрӣ васл мекунад. Раиси маҳалла марди чашмикордон Фазоил Чоршанбиев аст. Чоршанбиев зимни суҳбат гуфт, ки айни ҳол дар ҳудуди Сарчашма 4895 нафар аҳолӣ умр бар сар мебарад. 
Табиист, ки қарору фармонҳои ҳукумат дар ҷойҳо тавассути маҳалла татбиқ мегарданд. Дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Сарчашма» низ. Барои коҳиши нодорӣ дар доираи тарҳҳое, ки ҳукумат роҳандозӣ намудааст, чораҳои муассир андешида мешаванд. Муовини раис оид ба масъалаҳои занон Кучбикка Суянова гуфт, ки соли 2022 шумори бонувони шомили «Дафтари занон» 104 нафарро ташкил медоданд, ба 84 нафари онҳо 600 ҳазор сӯмӣ дар ду навбат кумак расонида шуд. Аз 20 нафар занҳои бекори маҳалла 6 нафар соҳиби сертификати касб шуда, бо таҷҳизоти пазандагӣ (духовка) таъмин гардиданд. 
Раиси ҷамоат Фазоил Чоршанбиев аз он изҳори хушнудӣ намуд, ки дар маҳалла солҳои охир шумори соҳибкорон меафзояд ва инфрасохтор низ беҳтар мешавад. 
– Ҳоло дар Сарчашма 35 адад дуконҳои тиҷоратӣ, 4 сартарошхона, 4 устохонаи оҳангарӣ ва осиёҳои обиву барқӣ амал мекунанд, – изҳор дошт раис. – Ҳамчунин як мактаби миёна, ду боғчаи бачагона, як масҷиди ҷомеъ ва як бунгоҳи тиббии замонавӣ дорем.

Мактаби деҳа

Дар маҳалла мактаби рақами 57-уми ноҳия ҳаст, ки бино ба маълумот 95 сол муқаддам ташкил шудааст. Таърихдони деҳа Баҳром Чоршанбиев гуфт, ки дар он солҳои ниҳоят ноором танҳо дар саросари Шаҳрисабз ду мактаби типи нав буд, ки яке дар Сарчашма қарор дошт. Аввал хонандагон дар меҳмонхонаҳои давлатмандони гузар мехонданд ва соли 1950 бо роҳи ҳашар бинои похсадевори мактаби нав бунёд мегардад. Панҷ сол пеш ҳамон бино вайрон ва ба ҷойи он иморати наве сохта шудааст.
Директори мактаб Абдуваҳҳоб Бердиев мегӯяд, ки имрӯз 70 омӯзгор ба 896 хонанда таълим медиҳанд. Таълим ғолибан ба забони тоҷикист. Мактаб аз ду ҳисса иборат аст. Бинои мактаби кӯҳна (филиал) дар як тарафи рӯдхонаи Сарчашма воқеъ буда, дар он хонандагони синфҳои ибтидоӣ таълим мегиранд. Дар самти муқобили рӯдхона соли 1998 мактаби замонавие сохта шуд. Дар ин таълимгоҳи дорои тамоми шароит хонандагон аз синфи 5 то 11 мехонанд. Дар мактаб ба сифати таълим ба таври бояду шояд эътибор медиҳанд. Барои хидматҳои шоиста ду омӯзгори он Абдусалом Чоршанбиев ва Илҳом Тошев сазовори унвони Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон гардидаанд. Шогирдони дар сабқатҳои фаннӣ ширкат варзида, дар вилоят ва ҷумҳурӣ сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.   
Ба гуфтаи Абдуваҳҳоб Бердиев, дар давоми 95 соли фаъолияташ ин маскани илмро садҳо ҷавонони Сарчашма ва атрофи он хатм кардаанд. Аҳли деҳа аз он ифтихор доранд, ки аз байни хатмкардагони мактаби мазкур 12 нафар олимони номдор баромадаанд. Шодравон Шокир Мухторов доктори улуми филологӣ, профессор (муҳаққиқи забони фаронсавӣ) аз фарзандони обрӯманди деҳа ба шумор меояд. Киром Остонов, Абдуҷаббор Элов, Маҳмадсаид Яхшиев, Суҳроб Мирзоев, Комил Дӯстов, Дилшод Элов, Қарор Нурқаев, Садриддин Чоршанбиев, Фазлиддин Намозов ва Юсуф Йӯлдошев номзадҳои улуми филологӣ, техникӣ, иқтисодӣ ва кишоварзӣ мебошанд. Аксари ин олимон дар риштаҳои гуногуни илми тоҷик дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ва шаҳрҳои Хуҷанду Қӯрғонтеппа кору зиндагӣ мекунанд. 

Сарчашма ва Тоҷикистон

Устод Баҳром Чоршанбиев, омӯзгори фанни таърих ва яке аз муҳаққиқони таърихи деҳа (муаллифи китоби «Таърихи деҳаи Сарчашма») гуфт, ки қаблан тамоми шогирдони мактаби рақами 57 пас аз хатми дабистон барои идомаи таҳсил ҳуҷҷатҳои худро ба макотиби олии Тоҷикистон, хоса донишгоҳу донишкадаҳои шаҳри Душанбе месупориданд. Ин аст, ки то соли  1990 тамоми омӯзгорони мактаби ягонаи деҳаро хатмкардагони донишгоҳҳои Тоҷикистон ташкил медоданд. 
Мардуми Сарчашма аз он шукр мекунанд, сиёсатҳо байни кишварҳои ҳамсоя нарм шуда, дӯстиву бародарии собиқа барқарор гашт. Дар натиҷаи сиёсати хирадмандонаи раҳбарони воломақоми ду ҷумҳурӣ — Ӯзбекистон ва Тоҷикистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон саддҳои сунъӣ бартараф ва муносибатҳои неки ҳамҷаворӣ роҳандозӣ шуданд. Инак зиёда аз шаш сол аст, ки аҳолии ду самти хатти марз ба кишвари ҳамдигар равуои озод доранд ва шарики шодиву нишоти ҳамдигар ҳастанд.
Фазоил Чоршанбиев гуфт, ки айни ҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 200 нафар фарзандони деҳа кору зиндагӣ мекунанд. Ҳоло сарчашмагиҳои муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон зуд-зуд ба зодгоҳи худ меоянд, аз рушди бесобиқаи Ӯзбекистони Нав мамнун мешаванд ва барҳақ таъкид мекунанд, ки қадами ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоии ҳукумат дар Сарчашма барин деҳаи дурдаст расидаву хушбахтона зиндагии мардумро куллан тағйир медиҳад. Директори мактаб аз он изҳори шодмонӣ намуд, ки аҳолии Сарчашма ҳамеша хостори нек шудани муносибатҳои иқтисодиву сиёсии кишвари мо бо Тоҷикистон ва дар ин замина беҳтару бештар шудани алоқаҳои дӯстиву бародарии мардуми ду давлат ҳастанд. 
                            
Муаммоҳои Сарчашма 

Назар ба маълумоти раиси ҷамоаи «Сарчашма» – Фазоил Чоршанбиев аҳолӣ дар ин мавзеъ бо чорводориву боғдорӣ ва кишти маҳсулоти полезӣ хосса картошкапарварӣ машғул аст. Зеро иқлими кӯҳистон ба парвариши он мусоидат мекунад. Аммо сол аз сол зиёд гардидани шумори аҳолӣ ва азхуд гаштани заминҳои нави дар собиқа лалмӣ ба он овардааст, ки оби дарёчаи ягонаи деҳа ба обёрӣ кифоят намекунад. Фаъолони деҳа дар он назар ҳастанд, ки ин муаммо бояд дар сатҳи ҳукумат ҳал шавад. 
Тавре зикр гардид, Сарчашма аз маркази маъмурии ноҳияи Шаҳрисабз дар масофаи 70 километр ҷойгир аст. Як қисмати аз ин роҳи хокӣ дар равуои мардум ба марказ мушкил эҷод месозад. Хоса дар фаслҳои зимистон ва баҳор одамон ин масирро бо душвориҳо тай мекунанд. То деҳаи Ҳисорак (58 км), ки низ дар шумори мавзеъҳои тоҷикнишин аст, роҳҳо тахту ҳамворанд, зеро дар гузаштаи дур мумфарш ва бетонпӯш шудаанд, аммо имрӯз онҳо низ таъмирталаб гаштаанд. Яъне мебояд, ки роҳи аз маркази ноҳия то деҳаи Ҳисорак ҳам ҳарчи зудтар таъмир кунад ва монеаҳои мавҷуда бартараф шаванд. Роҳи байни Сарчашма ва Ҳисорак, ки 12 километр масофа дораду тай кардани он дарди сар эҷод мекунад, ҳоло аз ҷониби мутахассисони роҳсоз омӯхта ва тарҳаш кашида шудааст. Сохтмони ин қисмати роҳ то охири моҳи май бояд оғоз гардад. Бо сохта шудани ин қисмати роҳ яке аз муаммоҳои асосии рӯзгори мардуми Сарчашма ҳаллу фасл хоҳад шуд.

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» 
дар вилояти Қашқадарё.        
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: