Аз он рӯзе, ки инсон воқеияти пайдоиши худ ва олами атрофро дарк намуд, забон чун воситаи баёни матлаб арҷгузорӣ гардид ва ба воситаи он ганҷинаи шуури одамӣ дар олам густариш ёфт.
Ҳамвора забон чун пояи маърифат, ҳастӣ, таърих ва тамаддун дар олам шуҳрат пайдо кард. Зиёда аз ин, забон чун омили муҳими миллатҳо ва халқиятҳои гуногун шуҳрати беандоза дарёфт намуд.
Саъдии Шерозӣ, ки ҳунару истеъдоди инсонро аз ганҷинаи маънавии вай – забон мешуморад, гуфтааст:
Забон дар даҳон,
эй хирадманд, чист?
Калиди дари ганҷи
соҳибҳунар!
Имрӯз дар саросари дунё миқдори ками давлатҳое мавҷуданд, ки қавму миллатҳои гуногунро зери парчами як давлат муттаҳид намуда, ба онҳо бо забони худ имкони густариши маънавӣ фароҳам овардаанд. Аввалин таҷрибаи ҷаҳонӣ оид ба таълими миллатҳо бо забони модарӣ пас аз барпо гардидани Иттиҳоди Шӯравӣ ба миён омад. Ин таҷриба халқу миллатҳои гуногунро ба раванди таълими дунявӣ пешбарӣ намуда, ихтиёри бо забонҳои худ таълим гирифтани онҳоро фароҳам овард.
Соли 1918 дар натиҷаи ҷорӣ гардидани сиёсати таълимоти умумихалқӣ халқу миллатҳои гуногуни давлати тозабунёди Шӯравӣ ба забони модарии худ рӯ оварда, онро такмилу тарвиҷ доданд. Устод С. Айнӣ, ки соли 1918 муддате дар Тошканд истиқомат намуда, бо кори омӯзгорӣ машғул шудааст, барои толибилмони мактабҳои нав китобҳои дарсии худро такмил додааст. Аз ҷумла, он солҳо «Таҳзиб-ус-сибён», ки аз нигоҳи илмиву услубӣ, забону тарзи нигориш ва фарогирии маводи таълимиву тарбиявӣ гуногуну ҷолиб аст, ҳамчун нахустин китоби мукаммали синфҳои ибтидоии мактабҳои усули нав эътироф гардид. С. Айнӣ як қисми асарҳои худро ба забони ӯзбекӣ таълиф намуда, тарҷумаи онҳоро низ ба роҳ мондааст.
Бо ташаббуси як зумра зиёиёни давр, ки бо ду забон – тоҷикӣ ва ӯзбекӣ ҳарф мезаданд, таҳаввулоти муқтадире дар соҳаи маориф ба вуҷуд омад. Ду халқи бо ҳам бародар ду забонро ҳамвора мӯътабар гардониданд, ки натиҷаи он интишори китобҳои дарсӣ ва рӯзномаву маҷаллаҳои гуногун бо ду забон гардид. Дар ин кор пеш аз ҳама намояндагони усули ҷадиди таълим ва тарбия аз қабили Абдулло Авлонӣ, Мунавварқорӣ Абдурашидхонов, Аҳмади Дониш, Маҳмудхӯҷа Беҳбудӣ, Абдурауф Фитрат, Сиддиқии Аҷзӣ ва дигарон саҳми беназир гузоштанд.
Ҳамвора бо китобҳои дарсӣ дар Ӯзбекистон дар баробари маҷаллаҳо рӯзномаҳои ӯзбекӣ, тоҷикӣ ва русӣ, нахустин шумораи рӯзномаи «Овози тоҷик» моҳи августи соли 1924 ба табъ расид ва аз соли 1930 ба «Ҳақиқати Ӯзбекистон» табдили ном кард. Устод Садриддин Айнӣ бахшида ба таъсиси «Овози тоҷик» чунин гуфтааст:
Ба парда то ба чандин рози
тоҷик,
Биё, биншин, шунав овози
тоҷик...
Пас аз чанде ба хомӯшӣ
ғунудан,
Баромад оқибат «Овози тоҷик»
Имрӯз чун дигар давлатҳои собиқи Шӯравӣ Ҷумҳурии Ӯзбекистон чун давлати соҳибихтиёр шинохта шудааст. Аз нахустин рӯзҳои истиқлолият “Қонун дар бораи таълим” қабул шуд, ки мувофиқи моддаи 5-уми он ба халқу миллатҳои гуногун новобаста аз забон ва дину баромади иҷтимоиашон кафолат медиҳад.
Ҳамвора аз соли 1995 ин ҷониб дар назди Хонаи эҷодии табъу нашри «Ӯзбекистон» дар ҳамкорӣ бо Маркази таълими ҷумҳурӣ таълиф, тарҷума ва таҳрири китобҳои дарсӣ бо 7 забон густариш ёфт. Аввалин китоби «Алифбо» барои мактабҳои тоҷикӣ зери роҳбарии академик М. Лутфуллоев (Тоҷикистон) дар ҳамкорӣ бо муаллифони ӯзбекистонӣ З. Файзуллоева ва Ҷ. Эшонқулов ба табъ расид, ки муждаи аввалини давраи истиқлолият гардид. Дар муддати кӯтоҳ «Китоби хониш», «Забони модарӣ ва адабиёт» барои синфҳои 1-11 аз ҷониби олимони тоҷики Ӯзбекистон – Садрӣ Саъдиев, Р. Ғаффоров, М. Кабиров, А. Қамарзода, Т. Чориев, Х. Саъдуллоев, А. Воҳидов, Ғ. Маҳмудов, А. Зоҳидов, Ҷ. Ҳамроҳ, Ҷ. Эшонқулов, Ю. Имомназар ва дигарон таълиф гардида, дар мактабҳои тоҷикӣ дастрас гардиданд.
Мувофиқи Барномаи миллии тайёр кардани кадрҳо, ки соли 1997 дар Ӯзбекистон қабул шуда буд, дар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд, Донишгоҳи давлатии Тирмиз, Донишгоҳи давлатии Фарғона, Донишгоҳи давлатии педагогии Чирчиқ аз як то якчанд гурӯҳ ва шуъбаҳои тоҷикӣ донишҷӯёнро ҳамасола қабул мекунанд ва мактабҳои тоҷикиро бо кадрҳои педагогӣ таъмин менамоянд.
Дар конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ, ки дар шаҳри Душанбе дар мавзуи «Рушди забони давлатӣ дар партави гуфтугӯйи фарҳангҳо» баргузор шуд, созишномаи ҳамкории ду донишгоҳ, дар бораи ҳамкории олимон бо маҷаллаҳои КОА Донишгоҳи омӯзгории ба номи С. Айнии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии педагогии ба номи Низомии Тошканд ба имзо расид. Ҳамчунин суҳбати муфассал оид ба ҳамкорӣ байни кафедраҳои «Педагогикаи умумӣ»-и ду донишгоҳ шуда гузашт.
Тайи ду соли охир мувофиқи татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба Стратегияи тараққиёти Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026 дар назди Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии омӯзиши муаммо ва пешомадҳои таълими халқ ба номи А. Авлонӣ куллан тағйир додани барнома ва китобҳои дарсии тоҷикӣ ва тарҷумаи китобҳои дарсии тозанашрро низ ба назари эътибор гирифтааст.
Имрӯз низ равшангарон ва адибони маърифатпарвар, олимон ва муаллимон дар таълиф ва тарҷумаи китобҳои дарсӣ, нашри адабиёти бачагона, таълифи барнома ва дастурҳои методӣ ширкат варзида, дар бунёди Ӯзбекистони Нав саҳми худро мегузоранд. Дар ин ҷода суханони педагоги забардасти рус К. Д. Ушинский айни маврид аст, ки иқтибос орем: «Забони модарӣ устоди бузургтарини халқист, ки дар замоне, ки ҳоло китоб вуҷуд надошт, мактаб набуд халқро таълим дода тавонист ва кунун, ки тамаддун пайдо гардидааст, ҳоло ҳам аз пайи омӯзиши халқ аст».
Забон – асоси маънавии мавҷудияти халқ буда, арзиши миллии беназир аст. Муҳаббат нисбат ба забони модарӣ, муҳаббати инсонро нисбат ба Ватан муайян менамояд. Маънавиёти миллат, ҳурмати хотираи таърихӣ ва арзишҳои миллӣ, эҳтиром намудани забони худ ва халқҳои бародар вазифаи ҳар як шаҳрванд ба шумор рафта, сарчашмаи ҳаёт, пешравии давлат ва қудрату тавоноии он аст.
Зебунисо ТОҲИРИЁН.