Хуҷанд – ҳозира маркази сиёсӣ-маъмурии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз шаҳрҳои зебо ва қадима дар Осиёи Марказист.
Дар даврае, ки баҳодиҳӣ ба шаҳрҳои асримиёнагӣ анъана гардида буд, Хуҷанди бостонро «Тирози ҷаҳон» (арабиаш «Арӯс-ал-мамолик») номидаанд, ки ин низ ишора ба зебоии он аст. Ибни Ҳайкал қайд намуда: «Байни вилоятҳо аз ҷиҳати ҳусну назокат Хуҷанд ягона мебошад».
Ал-Муқаддасӣ махсус таъкид сохта буд, ки «Хуҷанд шаҳри пурҳаловатест дар ин сӯ, аз он дида шаҳри дилкаштаре нест, аз байнаш наҳре ҷорист ва дар шафаташ кӯҳест, ки онро оқилону шоирон маҳду сано мегӯянд ва дар Шарқу Ғарб зеботар шаҳре аз он нест, вай мафтункунандаву дилрабост, касонро мабҳут месозад, ба форсӣ онро «дил бибурда» гӯянд».
Бинобар он ки роҳи корвонгузари тиҷоратии асримиёнагӣ – «Роҳи бузурги абрешим» аз Хуҷанд низ мегузашт ва байни Мовароуннаҳру Ҳиндустону Эрону Чин ва қисме аз мамолики Шарқи Наздик, ҳамчунин ҳавзаи баҳри Миёназамин равуоҳо устувор буданд, «Тирози ҷаҳон» ҳамчун яке аз марказҳои савдою тиҷорат ном бароварда буд. Дар солҳои ҳокимияти шӯравӣ Хуҷанд ба яке аз марказҳои иқтисодию мадании Тоҷикистон табдил ёфт. Дар ибтидои солҳои ҳаштодуми қарни сипаришуда дар шаҳр бештар аз 25 корхонаи саноатӣ вуҷуд дошт. Хусусан комбинатҳои равған, масолеҳи бинокорӣ, истеҳсоли зарфҳои сирдор, маснуоти оҳану бетон, фабрикаҳои пойафзордӯзӣ,мебелсозӣ, абрешимбофӣ самаранок фаъолият бурда, маҳсулоти саноати шаҳр ба Булғория, Куба, Руминия, Венгрия, Муғулистон, Афғонистон, Ҳиндустон ва кишварҳои дигари дунё экспорт карда мешуд.
Баъде иттиҳод пош хӯрд, бинобар канда шудани риштаи муносибатҳо ва сабабҳое, ки ба мо маълуманд, бӯҳрони иқтисодӣ дар корхонаҳои хурду бузурги Хуҷанд низ ҳис гашт, ҳатто корхонаи машҳури «Абрешими Хуҷанд» аз фаъолият бозмонд. Дар шароити гузариш ба иқтисодиёти бозаргонӣ коргоҳҳои хусусию саҳҳомӣ пайдо шуданд.
Зодгоҳи чандин бузургмардони олами илму фарҳанг, адабиёту ҳунар будани Хуҷанд ба ҳама маълум. Мунаҷҷим ва риёзидони номвари асримиёнагӣ Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ зодаи «Тирози ҷаҳон» аст.
Шоираи номвари форс-тоҷик Маҳастиро, айни замон, Хуҷанд ватани бобоист.
Яке аз чеҳраҳои намоён дар адабиёти классикиамон Хоҷа Камол низ зода ва парвардаи Хуҷанд аст, ҳарчанд бинобар шароити зиндагӣ ва душвориҳои давр ҷилои ватан кард, ба сарсониҳо дучор шуда, поёни умр дар Табрез гузаронд. Хуҷандиён хотираи ин фарзанди фарзонаи диёри худро ҳамеша пос дошта ва нисбаташ эҳтиром гузошта омадаанд. Соли 2015 боғи истироҳатӣ-фарҳангии ба номи Камоли Хуҷандӣ аз таъмир баромад ва куллан симои пештарааш дигар намуд. Пайкараи Камол, мақбара ва чорбоғи рамзии шоири ширинкаломи тоҷик диққати ҳар бинанда ва зиёратгари шаҳрро ба худ мекашад.
Истгоҳи роҳи оҳани Хуҷанд вилояти Суғдро ба қисми ҷанубии Тоҷикистон, инчунин бо дигар минтақаҳои давлатҳои хориҷи дуру наздик пайваст менамояд.
Қисми шимолӣ ва ҷанубии кишварро, айни замон, роҳи автомобилгарди Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ мепайвандад, ки 354 километрро ташкил менамояд. Шоҳроҳи мазкур соли 2021 аз нав таъмир гашт.
Дарозии умумии нақбҳо (роҳҳои дохиликӯҳӣ дар ағбаҳо) бештар аз 10 километрро ташкил менамояд. Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд дар масофаи 12 километр дуртар аз шаҳр воқеъ буда, дар он хатсайрҳои мустақими доимӣ ба як қатор давлатҳои ИДМ, Ҳиндустон, Чин, Амороти Араб ва ғайра амал менамоянд ва соле бештар аз 600 ҳазор нафар сафариён аз хидматҳои он баҳра мебардоранд.
Анъанаҳои ба худ хоси фарҳангии Хуҷанди бостон дар рӯзҳои мо идома ёфта ва ҳаёти маданӣ ба истироҳати бофароғат, вусъати ҷаҳонбинии маънавии мардум мусоидат менамояд. Дар шаҳри Хуҷанд театр ва марказҳои фарҳангӣ, толорҳои консертӣ, китобхонаҳои оммавию хусусӣ, осорхона ва ёдгориҳои таърихӣ таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмононро ба худ мекашанд.
Дар давраи шӯравӣ танҳо як мактаби олӣ – Донишкадаи омӯзгории Хуҷанд фаъолият мебурду халос. Алъон баробари Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров боз Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, айни замон Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ дар шаҳр фаъолият менамояд.
Дар «Тирози ҷаҳон» ёдгориҳои таърихӣ низ бисёр. Мақбараи шайх Муслиҳиддин аз асри XVI инҷониб яке аз зиёратгоҳҳои муқаддас. Сайёҳу зоирони ватанию хориҷӣ ба ёдгориҳои таърихию меъмории Ӯрда – боқимондаи қалъаи Хуҷанд таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд. Осорхонаи таърихии вилояти Суғд воқеъ дар Хуҷанд аз гузаштаи пуршаъни шаҳри соҳили Сир, ки Темурмалик барин фарзандони шуҷоъ дорад, ҳикоят мекунад. Доир ба корномаи Темурмалики хуҷандӣ, ки алайҳи чингизиён мардонавор размида, дар худ намунаи олии ватанпарастӣ таҷассум намудаст, китобҳои зиёд навишта шудаанд.
Дар соҳили рости дарёи Сир боз як ёдгории пуршукӯҳ ба чашм мерасад – муҷассамаи бунёдгузори аввалин давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ (дар сурат).
Шахсиятҳои номдор, аз қабили академикҳо Муҳаммад Осимӣ ва Юсуф Носиров, овозхонҳо Боймуҳаммад Ниёзов ва Маъруфхоҷа Баҳодуров, ки аз Хуҷанд баромадаанд, ифтихори Тоҷикистон низ мебошанд.
Шоирон Муҳиддин Аминзода, Розия Озод, Мавҷуда Ҳакимова, Озод Аминзода, Аскар Ҳаким, Норинисо Алимуҳаммадова, Нурмуҳаммад Ниёзӣ, нависандаи забардасти тоҷик Раҳим Ҷалил дастпарварони мактаби адабии Хуҷанд буда, шогирдони зиёд тарбият намудаанд, ки қисме аз онҳо алъон ба дараҷаи устодӣ расидаанд. Аз ҷумла, шоирони мардумии Тоҷикистон Фарзона, Озарахш ва Аҳмадҷони Раҳматзод дар Хуҷанди илму адабпарвар дар суханварию омӯзонидани дарсҳои маҳорат ба навниҳолони боғи адабиёт анъанаҳои деринро идома мебахшанд.
Дар Хуҷанд маҷмӯъи таърихию фарҳангӣ мавҷуд бо унвони «Истиқлол», ки чорабиниҳои маънавию маърифатӣ ба таври хотирмон дар он таҷлил мегарданд. Аз ҷумла, қайд шудани Рӯзи шаҳри Хуҷанд дар маҷмӯъ ба иштирокдорон таассуроти хуб мебахшад. Маҷлиси вакилони шаҳри Хуҷанд ҳашт сол қабл аз ин нишони шаҳрро тасдиқ намуд ва қарор кард 25 сентябр Рӯзи шаҳри Хуҷанд эълон карда шавад. Рӯз муборак, Хуҷанди бостон ва тозаҷавон!
М. ШОДИЕВ.